wrapper

Хабарҳо

«Дӯстӣ бошад мароми ҷовидон!»  — таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ва намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги ду давлат баргузор гардид.
Вазирони фарҳанги ду давлат ва ҳайатҳои расмӣ нахуст мулоқот намуда, меҳмонон ва китобхона дидан намуданд.
Дар оғози ҳамоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз намуд, ки раванди таҳкими ҳамкории неку судманд, дӯстиву бародарӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо саъю талош ва ташаббусҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарчашма гирифтаанд.
Ӯ зикрз намуд, ки таърихи миллати тоҷик ва ӯзбек то андозае ба ҳам наздик мебошанд. Ҳамасола аҳли эҷоди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар чорабинииҳои сатҳи фарҳангии ҳамдигар ширкат варзида, дар рушди фарҳанги ду мамлакат саҳм мегузоранд. Дар шароити душвори пандемия аҳолӣ пеш аз ҳама ба фарҳанг ниёз дорад, зеро фарҳанг ба онҳо имкон медиҳад бо рӯҳияи болида ва иродаи қавӣ ба вазъиятҳои бӯҳронӣ мубориза баранд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков иброз намуд: «Мо бори аввал нест, ки ба Тоҷикистон ташриф меорем. Ин давлатҳо бо санъат ва расму оин бо ҳам алоқамондии зич доранд. Сулҳу ваҳдат бевосита аз сиёсати пешгирифтаи президентони  ҳарду  давлат маншаъ мегирад. Тавсеаи равобити судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шароити ҷомеаи муосир саҳифаи наверо дар муносиботи гуногунсамтаи ду давлат  боз намуд».
Дар ҷараёни мизи мудавар намояндагони ҳар ду ҷониб доир ба рушди муносибатҳои илмию фарҳангӣ изҳори назар намуда, нақши сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ҳар ду давлатро дар тақвияти ин ҳамкориҳо муҳим шумориданд.
Ёдовар мешавем, 14 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод, ифтитоҳи саҳифаҳои нав дар муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон» Конференсияи илмию амалӣ доир гардид, ки дар он олимони ҳарду давлат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди равобити сиёсии байни Тоҷикистон ва Ӯзбкистон, рушди робитаҳои иқтисодӣ, равобити илмию технологӣ ва фарҳангиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар маҷмӯъ, таҳкими равобити самарабахши ду давлати ҳамсоя –Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар арсаҳои гуногун на танҳо ба манфиати ду мамлакат, балки барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ИДМ, хусусан рушди иқтисодиёт, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, таъмини амният ва суботи минтақа дар шароити ҷаҳони зудтағйирёбанда, таҳкими марзҳои давлатӣ, ки ҳамзамон сарҳади  тамоми кишварҳои  ИДМ маҳсуб меёбад, нақши калидӣ мебозад.

https://khovar.tj/2020/09/d-st-boshad-maromi-ovidon-dardushanbe-bo-ishtiroki-namoyandagoni-a-li-ilmu-adab-va-far-angi-to-ikistonu-zbekiston-mizi-mudavvar-barguzor-gardid/ 
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/