wrapper

Хабарҳо

Канслери нави Олмон

Интихоботи парлумонӣ, ки дар Олмон 26 сентябри соли 2021 баргузор шуд, мувозинати қаблии нерӯҳои сиёсиро дарбундестаги 20-ум тағйир дод. Даровоздиҳӣ, кикариб 76 фоизи интихобкунандагон иштирок карданд, Ҳизби Сотсиал-Демократии Олмон бо 25,7 дарсади овозҳо ғолиб омада, иттиҳоди Баъд аз интихоботи соли 2021-и Бундестаг Ҳизби Озоди Демократи Олмон, «Сабзҳо»-ро ташкил дод. Ин се ҳизб қарор карданд ҳукуматро бо канслери федералӣ Олаф Шолтс дар чор соли оянда идора намоянд.  Муфассал ...
Хондан 244 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Ҳамоиш барои демократия: мақсад чӣ буд?

Ба таърихи 9-10 декабри соли равон бо ташаббуси маъмурияти Президент Байден дар Вашингтон ҳамоиш (саммит) барои демократия доир гардид. Дар кори он намояндагони 111 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Ҳамоиши мазкур аз тариқи онлайн (рамзӣ) сурат гирифт, чун дар шароити пандемия ва дар як муддати кӯтоҳ дар ИМА ҷамъ овардани ин миқдор кишварҳо ғайриимкон буд. Муфассал ...
Хондан 237 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Хушбинии эҳтиёткорона ё назаре ба мулоқоти рамзии Путин ва Байден

   Фазои сиёсии ҷаҳон таи чанд моҳи ахир, мутаассифона, хушбинона нест. Чунин ҳолат, ба иловаи оқибатҳои вазнини пандемия дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, мушкилиҳои муҳоҷирон, баланд рафтани нархи сӯзишвориҳо, поён омадани сатҳи зиндагии тӯдаҳои васеи мардумон дар саросари ҷаҳон ва ғайра,  ба тезутунд шудани муносибатҳои байн ду кишвари абарқудрат – Федератсияи Россия (ФР) ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) робитаи мустақим дорад. Дар маркази чунин ҳолати ғайриоддӣ, албатта, вазъи Украина ва ҳодисаҳои марбут ба ин кишвар, дар ҳамин замина истиқрори нерӯҳои НАТО дар ин минтақа ва наздикшавии бештари онҳо ба сарҳадҳои ФР қарор доранд. Кор то ҷое расида, ки ҳатто сафирони ФР ва ИМА ба кишварҳои худ бозхоста шуданд ва дараҷаи ҳамкориҳо аз тариқи муносибатҳои дипломатӣ ба андозаи нигаронкунанда поён рафт. Муфассал ...
Хондан 326 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)
 
http://www.zoofirma.ru/