wrapper

Хабарҳо

Шахсони бузург

Хотираҳо ва ёдҳо аз забони шодравон Аълохон Афсаҳзод

         (тав. 10 октябри 1935 ваф. 15-уми июли 1999) 

         Дар ватани аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ

         (ба муносибати истиқболи таҷлилу бузургдошти шодравон Аълохон Афсаҳзод)

 

                            Хуш бод хотири онон, ки ёди мо кунанд,

                            Дар қалби хок шодмон арвоҳи мо кунанд.

                                                                                       (Аз китоби “Ту Панҷобию ман аз Панҷрӯдам”. С. Акрамзода)

 

Кишварҳо ва мамлакатҳои дунё бо тамаддуну фарҳанг, саноату захираҳои табиӣ, минтақаву шаҳрҳояшон ифтихор мекунанд, ки ба тавассути ҳамаи ин додаҳову неъматҳо шуҳрат пайдо карданд. Агар имрӯз кишвари Покистон аз он ифтихор менамояд, ки турбати шаҳри Лоҳур сероб аз уламову удабо ва шуарову урафост, ки аллома Муҳаммад Иқбол яке аз гули сари сабади онҳо мебошад, ки аҳли оламро ба сӯи худшиносӣ ва худошиносӣ даъват менамояд, Тоҷикистон аз он ифтихор мекунад, ки шаҳри Панҷрӯд (Панҷакенти имрӯза) турбати сардафтари назми адабиёти форсу тоҷик мебошад, ки тамоми оламро ба сӯи хирадмандӣ ва дӯстӣ роҳнамоӣ мекунад. Дар ҳақиқат ҳамин шахсиятҳо буданд, ки тавассути корнамоиҳи адабии онҳо номи ин маконҳову шаҳрҳо ҳанӯз вирди забони мост.

Воқеан шахсиятҳо меоянду мераванд, аммо осорашон ҳамеша зиндаву поянда мемонад ва хокашон чун турбати ҳосилхез боқӣ монда, фарзандҳоеро бавоя мерасонад, ки пайравӣ аз Рӯдакӣ, Саъдӣ, Бедил, Хайёму Иқбол  намоянд. Ҳамин орзу ва нияти нек ва турбати поки ҳамин бузургон буд, ки дар минтақаи Панҷрӯди бостонии Тоҷикистон, зодгоҳи пири хираду адаб - устод Рӯдакӣ фарзанде ба дунё омад, ки мояи ифтихори мо тоҷикон ва тамоми аҳли адаби дунё гардид.

Устоди равоншод Аълохон Афсаҳзод аз зумраи нафароне мебошанд, санаи 10-уми ноябри 1935 дар деҳаи Ворӯи Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон тавваллуд шуда, ифтихор аз ҳамшаҳрӣ будани устод Рӯдакӣ мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки Мирсаид Миршакар шоир ва нависандаи машҳури Тоҷикистон аввалин касе мебошад, ки Муҳаммад Иқболро ба Тоҷикистон шинос намуд ва устод Аълохон Афсаҳзод яке аз авваллинҳову авлоҳост, ки Абдурраҳмони Ҷомиро ба мо ва дигар дӯстдорони адаб муаррафӣ ва шинохти дуруст доду унвонии муваффақтарин ҷомишиносони ҷаҳонро дарёфт кард.

Шоёни зикр аст, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият дарвозаҳои фарҳангии худро боз намуд ва зиёиёни он бо донишмандони ҷаҳон равобити фарҳангиро оғоз намуданд. Кишварҳои зиёди ҷаҳон сафоратхонаҳои худро дар кишвар боз намуда, муносибатҳои диломатӣ ва фарҳангиву иқтисодии худро шуруъ намуданд.

Дар ин асно, Академияи Иқболи Покистон робитаҳои фарҳангияшро бо кишварамон шурӯъ намуд. Бояд қайд кард, ки Бинои Академияи Иқбол ҳаштошёна буда, ба шакле нодир ва камёб сохта шудааст, ки ҳамасола, рӯзи 9 ноябр ва 21 апрел дар он симпозиюму маҳфилҳо доир ба осору фаъолияти Иқбол бо ширкати меҳмонони дохиливу хориҷӣ баргузор мегардад, ки бо нерӯи сухану корнамоиҳои гаронбаҳояшон онро файз мебахшанд.

Боиси шараф аст, ки шодравон Аълохон Афсаҳзод низ аз зумраи беҳтаринҳо буданд, ки дар чунин бинои муҳташам ва маркази илму адаб дар рӯзҳои сеюмин конфронси байналмилалӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти Аллома Иқбол ҳамчун меҳмони олиқадр даъват шуда, дар мавзӯи “Иқбол ва бедории ҷавонони тоҷик” суханронӣ намоянд.

Устод оиди афкори инсондӯстии Аллома Иқбол суханҳои ҳакимонаву орифона намуда, робитаи адабӣ, исломӣ, ирфонӣ ва тамаддуну фарҳангии Тоҷикистону Покистонро мавриди тавсифу таҳсин қарор доданд.

Шодравон А. Афсаҳзод таассуроти сафарашро дар яке аз мақолаҳои худ зери унвони "Дар ватани Иқбол" дар китоби "Иқболшиносӣ" (Душанбе. “Дониш”-2016) тавонистанд чандин паҳлуҳои таърих, фарҳанг, ҳунар ва забону адабиёти Покистонро барои хонандаи тоҷик муаррифӣ кунанд, ки дӯст доштем дар ин поварақ ба чанде аз он андешаву назар андозем.

Ҳарфи аввал ё нуқтаи муҳим дар он аст, шодравон дар муқаддимаи мақола шаҳри Лоҳурро, ки бо Душанбе бародаршаҳр аст, аз марказҳои муҳимми илмиву адабӣ тавсиф карда, қайд кардаанд, ки он парварандаи Масъуди Саъди Салмон, Сайид Алии Ҳуҷверӣ (аз бунёдгузори фирқаи Чиштия), Муҳаммад Иқбол, Ҳафиз Ҷоландарӣ (халлоқи суруди миллии Покистон ва дӯсти Сотим Улуғзода) ва Файз Аҳмад Файз (аз дӯстони устод Турсунзода) мебошад, ки аз беҳтарин аҳли адаби шибҳи қора буданд.

Тибқи ишораҳои шодравон дар инҷо ҳоло адибони зиёде ба монанди Ваҳид Ахтар Ишрат, Рафиддуни Ҳошимӣ, Сайид Акрам Икром, Таҳсин Фироқӣ, Ҷаъфар Балуч, Оғо Муҳаммад Ямин (аз дӯстони Абдуғанӣ Мирзоев) Офтоб Асғар, Муҳаммад Суҳайли Умар ва Салим Мазҳар аз адибони муосир, иқболшиносон ва беҳтарин устодони забон ва адабиёти форсу тоҷик ҳастанд, ки бо мақолаву таснифоташон холигиҳои саҳифаҳои адабиро такомул бахшида, робитаи фарҳангию адабиро байни Тоҷикистону Покистон истеҳком мебахшанд.

Нуқтаи дувум инаст, ки устод А. Афсаҳзод нақш ва аҳамияти забони моро дар фаҳму дарки ашъори Иқбол муҳим шуморида, таъкид мекунад, ки тибқи санадҳои илмӣ ва таърихӣ форсӣ-тоҷикӣ дар ин сарзамин ҳазор сол ба унвони забони фарҳангӣ, идорӣ, дарборӣ ва сиёсӣ чун қалби мардум ва забони Покистон буда, тамоми уламои инҷо бо он менавиштанд ва ифтихор мекарданд. Он дар тамоми мероси динӣ ва ирфонӣ ва илмӣ мавриди истифода шуда, бидуни донистани он иқболшиносӣ ғайри мумкин аст. Ҳамин нуктаро муаллифи китоби "Иқбол дар роҳи Мавлавӣ", устоду мубаллиғи фурӯғи забон ва адаби форсӣ-тоҷикӣ Сайид Акрам Икром таъкид мекунанд, ки аллома Иқбол забони форсӣ-тоҷикиро дар Шибҳиқора ба қадре муҳкам кард, ки заволнопазир шудааст. То кунун шаш-ҳафт ҳазор ҷилд китоб бо забонҳои мухталиф дар бораи афкор ва ҳунарҳои Иқбол навишта шудаанд. Ҳоло ҳеҷ кас наметавонад афкори Иқболро баррасӣ кунад, ҷуз ин ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ ошно шавад ҳатто агар дар Шарқ ё Ғарб бошад. (маҷаллаи "Симои фарҳангии Лоҳур", 1998, шумораи 9, с. 5,6,7).

Устод А. Афсаҳзод коргузориҳои илмӣ ва нақши забони тоҷикиро муҳим арзёбӣ карда, таъкид кардааст, ки форсие, ки Иқбол мегӯяд ва дар Покистон мешиносанд, ин пеш аз ҳама забони тоҷикӣ ва урфу одатҳое, ки покистониҳо, хоса Лоҳуриҳо қабул кардаанд, урфу одати мардуми Бухорову Самарқанд аст. (Иқболшиносӣ, 2016, с.198)

Худи Иқбол ин васли забониро дар яке аз шеърҳояш мояи фурӯғи адаб дониста, чунин таъкид мекунад:

       Агарчи зодаи Ҳиндам, фурӯғи чашми ман аст,

       Зи хоки поки Бухорову Кобулу Табрез.

Нуқтаи дигаре, ки устод А. Афсаҳзод таъкид кардааст, ин симо ва намои биноҳои қадимаи шаҳри Лоҳур мебошанд, ки ҳар девор ва иморати он аз анъанаҳои меъмории Самарқанду, Бухорову Хуҷанду Истаравшану Ҳисору Ҳинд таркиб ёфта, ҳунармандии мардумони моро нишон медиҳад, ки аллома Иқбол онро кашшофона ташхис карда, кайҳо чунин мужда дода аст:

       Буд меъморе зи иқлими Хуҷанд,

       Аз фани таъмир меҳри ӯ буланд.

 Шакли меъмории биноҳои инҷо аз ҳунари халлоқияту косибгарии мардуми ҳунарманде шаҳодат медиҳад, ки мояи ифтихори мо тоҷикон мебошад, гӯзаштаҳои мо чунин ҳунарманду косибу кашшофкор буданд, ки сарзамини Покистон низ аз онҳо то имрӯз ифтихор менамояд. Ба қавли устод шодравон А. Афсаҳзод покистониҳо хеле боҳунар буда, дар кӯчаву бозор, фурӯшгоҳҳои назди музейҳо корхонаҳои ҳунармандӣ, экспонат ва намоишгоҳҳо дида мешавад, ки ҳунари кандакорӣ, кӯлолгарӣ, чинисозӣ, мисгарӣ, заргарӣ, қолибофӣ, гулдӯзӣ, муҷассамасозӣ, хушнависӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ хеле моҳир буда, бо асосҳои ҳиндӣ тобишҳои исломӣ ва тоҷикӣ хеле дилкашу дилрабо омезиш ёфта, бинандаро ба худ ҷазб мукунанд.

Дигар нуктае, ки тоҷикону покистониҳоро васл мекунад, ҳамномиҳои бисёре аз маконҳову боғҳо аз қабили Лаҳори Покистону дашти Лоҳури Тоҷикистон, Файзобод, Панҷобу Панҷрӯду Ҷоландар, "Иқбол Гулшан порк", "Боғи Ҷиноҳ" ва ғайра мебошанд, ки робитаи забонию адаб ва фарҳангиро байни ҳар ду халқҳо нигоҳ медоранд.

Метавон инҷо ишора кард, ки шодравон бо файзи чунин сафари илмии худ тавонистанд, чанд паҳлуҳои адабию забониро байни тоҷикону покистониҳо равшантар муаррифӣ кунанд, ки тамоми корнамоиҳои илмиву адабияшонро адибони покистонӣ хусусан устодони забон ва адабиёти форсу тоҷик мавриди ситоиш қарор дода, китоби “Камоли Хуҷандӣ - устоди ғазал”-ро чун аввалин сарчашмаи илмӣ дар шинохти ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ барои аҳли адаби шибҳи қораи Ҳинд эътироф намуданд.

Барои насли имрӯз ва худи ман мояи ифтихору шарафмандӣ аст, ки банда устод Аълохонро дар ватани Иқбол дар бинои яке аз қадимтарин марказҳои илму маърифати Осиё, Донишгоҳи Панҷоб (1870) дар арафаи баргӯзории конгреси сеюми байналмилалии аллома Муҳаммад Иқбол аз наздик мулоқот намуда, мушарраф ба дидорашон гаштам, ки чеҳраи нурониашон бо чунин хотирот муштоқона пеши назарам меояд,

       Дар пушти китоби ту навиштам,

       Ин қитъа барои ту навиштам.

       Шояд, ки ба ин баҳона рӯзе,

       Инро бубинию ба ёдам орӣ.

Устод бо як рӯҳия ва отифаи инсонӣ дар дафтарчаи хотироти банда бо дасти мубораки худ мушфиқона насиҳат карда, чунин дарҷ намуданд,

“Ҳувал Вадуд,

Бародари азиз Мирсаид! Рӯзи аввали ба Лоҳур омадан шуморо дидам, хело хушҳол шудам ва гӯё фарзанди падари худро дидам. Алҳақ устод Рӯдакӣ фармудаанд:

      Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

      Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Шуморо сарбаланд, саодатманд дидан мехоҳам дар Покистон. Дар Покистон Шумо намунаи беҳтарини халқи тоҷик бояд бошед. Инҷоиҳои бояд бидонанд, ки на Эрон, балки тоҷикон оини исломро ба шибҳи қора оварданд. Тоҷикии инҷо ҳоло онро форсӣ мегӯянд аслан форсии мовароннаҳрӣ мебошад. Худо ба шумо умри дароз арзонӣ дорад.

      Эй бор Худои аршу курсӣ,

      Шаш чиз ба мо ато фиристӣ.

      Имону амону тандурустӣ,

      Илму амалу фарохдастӣ.

      Тавфиқ рафиқ бод.

                        Имзо, Аълохон Афсаҳзод

                                   12.11.1998 Лоҳур, Донишгоҳи Панҷоб"

Хулоса, шодравон Аълохон Афсаҳзод аз соли 1963 то охири ҳаёт бештар ба осори Абдурраҳмони Ҷомӣ машғул шуда, соҳиби мактаби хоси худ гардид. Шодравон бо асарҳои беҳтаринаш тавонист холигиҳои саҳифаҳои адабиётро комил ва мукаммал гардонида, чун вассолу саҳҳоми адабии адибони Тоҷикистону Покистон нақши хотирмон боқӣ монад, ки ҳамаи онро метавон дар таҳқиқоту омӯзишҳои илмӣ бештар таҳлилу баррасӣ кард.

 

 

 Мирсаид Раҳмонов,

ходими илмии

Шуъбаи Осиёи Ҷанубию Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

 

Муфассал ...
Хондан 181 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Ёде аз халлоқу вассофи фалсафаи "Мубориза бидуни зӯроварӣ"  (ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии бидуни хушунат)

 
Навиштану хондани ин асар ё он асар, иштирок ва муваффақ шудан дар ин ё он мусобиқа, омадани ин ё он шоҳ ба инҷо ё онҷо, мушоҳидаи ин филм ё он филм, гуфтугӯ бо ин ё он шахси маъруфу машҳур, навиштани ин ё он мақолаи хубу диданбоб ва боздид аз ин ё он макони таърихӣ, хотироти хуб ё бад аз он чизе ва касе ва мисли ҳамин “ину онҳо” аз манобеъ ва масодири илмие мебошанд, ки дар хотироти инсонҳо нақши муассире мегузоранд. Зеро ҳамин ҳама лаҳзаҳову хотироти пурасроре мебошанд, ки барои башарият нерӯи тозае фароҳам меоваранд. Муфассал ...
Хондан 221 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Нахустин руси муҳаққиқи «Шоҳнома» аз нигоҳи муҳаққиқи рус

Китоби безаволи шоири форсу тоҷик «Шоҳнома» муддати қариб ду асри гузашта дар меҳвари таваҷчуҳи пажӯҳишгарони кишварҳои Аврупову Осиё будааст. Дар ин мақолаи адабиётшиноси намоёни ӯзбек Ҳ. Ҳомидӣ таърихи як чунин пажӯҳиш бозтоб мешавад, ки барои хонандаи мо ҳам ҷолиб хоҳад буд. Муфассал ...
Хондан 219 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Чеҳраи мондагори устоди бузургвор, арбоби шоистаи илму маърифат Муҳаммад Осимӣ

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Саъдии Шерозӣ

Устод Муҳаммад Осимӣ яке аз шахсиятҳои намоён ва чеҳраи мондагори таъриху фарҳанг дар ҷомеаи мо буданд ва абадан ҳастанд. Муфассал ...
Хондан 336 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/