wrapper

Кишваршиносӣ

Геополитика ва манофеи геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ

Баъди таҳияи харитаи пурраи кураи Замин, ки аз ҷониби аврупоиҳо дар асрҳои XV-XVI сурат гирифт, сиёсати геополитикии муосир вориди амал шуд ва дар асри нуздаҳум ба авҷи аълои худ расид. Албатта, пеш аз ин давра низ манфиатҳои давлатҳои қудратманд дар сатҳи фаротар аз қаламрави худ бо ҳам дар бархурд буданд ва дар ин рақобатҳо нишонаҳое аз сиёсатҳои геополитикӣ дида мешуд. Аммо онҳо характери минтақавӣ дошта кулли ҷаҳонро дар бар намегирифтанд. Сиёсати геополитикии муосир бошад кулли ҷаҳонро дар бар гирифта, аз он давра оғоз шуд, ки сиёсатмадорони аврупоӣ ба қавли Ҷон Анню “нигоҳе аз нокуҷо” ба “ҷаҳон дар маҷмуъ” андохтанд.[1]
Муфассал ...
Хондан 2744 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Хроника|| Сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Аврупо

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ду кишвари Иттиҳоди Аврупо – Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Фаронса сафари расмӣ анҷом доданд. Муфассал ...
Хондан 4928 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Тоҷикистон Фаронса: марҳалаи нав дар саҳифаи ҳамкориҳои дуҷониба

   Чуноне маълум аст 8-уми ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии хеш ба Ҷумҳурии Фаронса ташриф оварданд. Ин сафар бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид.
   Пас аз истиқбол гирифтани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки ин музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар ҷараён гирифт. Муфассал ...
Хондан 5154 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Шветсия ва иқтисоди муввафақ дар Аврупо

   Дар байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо андози давлатии Шветсия яке аз пасттарин андоз арзёбӣ гардида, беқурбшавӣ мутавасситу ночиз ва системаи бонкӣ ба қадри кофӣ мустаҳкам мебошад. Муҳаққиқони соҳа ба он назарнад, ки дар асл ҳамеша чунин набудааст. Муфассал ...
Хондан 5132 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)