wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Октябр 2019
   Зиёда аз се даҳсола инҷониб таҳаввулоти дохилии Афғонистон дар меҳвари таваҷҷӯҳи натанҳо давлатҳои ҳамсоя, балки кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва минтақа қарор дорад. Вазъ дар атрофи Афғонистон пас аз ҳодисаҳои террористие, ки 11 – уми сентябри соли 2001 дар Амрико ба вуқӯъ омад, муташанниҷ гардид. Зеро амалиёти террористии дар Ню-Йорк содиршуда масъулияти ҷавоб гуфтан барои тарҳрезии онҳо ба дӯши гурӯҳҳое афтод, ки дар қаламрави Афғонистон паноҳ ёфта буданд. ИМА дар ташкил намудани ин ҷиноят Роҳбари ташкилоти терористии “Ал-қоида” Усома бин Лоданро, ки дар қаламрави таҳти назорати “Толибон” ба сар мебурд, муттаҳам намуд.
   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 - уми октябри соли 2019 соати 10:00 таҳти унвони «Моҳияти ҳадафи чоруми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари илмӣ-амалӣ баргузор мегардад.
   Дар семинар, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Ёрмаҳмад Ниёзӣ, кормандони масъули Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон ширкат ва суханронӣ хоҳанд намуд.
   Семинар дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, иштирок дар он озод аст.
   Суроға: шаҳри Душанбе хиёбони Рӯдакӣ 33, бинои асосии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ.
   Соҳаи сайёҳӣ аз сердаромадтарин соҳаҳои иқтисодиёт дар ҷаҳони имрӯза ба ҳисоб рафта, дар аксари кишварҳои олам ба даромади асосии аҳолӣ табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз ин соҳа дар Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ривоҷу равнақ ва вусъат бахшидан ба рушди сайёҳӣ, соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд.
   Дар байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо андози давлатии Шветсия яке аз пасттарин андоз арзёбӣ гардида, беқурбшавӣ мутавасситу ночиз ва системаи бонкӣ ба қадри кофӣ мустаҳкам мебошад. Муҳаққиқони соҳа ба он назарнад, ки дар асл ҳамеша чунин набудааст.
Саҳифа аз 1 то 3
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.