wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Ноябр 2019
   Терроризми экологӣ, асосан, дар нимаи аввали асри ХХ пайдо шуда, ба муқовимат бо нигарониҳои васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳити зист таъсир расонид. Бештари кишварҳо бо истифода аз он кӯшиш менамоянд, масъалаҳои сиёсиро ҳал кунанд Мушкили «терроризми экологӣ» яке аз омили ҷангҳои сиёсати дохилии кишварҳои пешрафта мебошад.
   Сафари расмии сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар раъси ҳайати ҳукуматӣ ба давлати Кувайт санаи 11 ноябри 2019 шурӯъ гардидааст. Дар ин сафари худ сарвазири кишвар бо ҳайати расмӣ марҳалаи нави ҳамкориҳои дуҷонибаи байни кишварҳои Тоҷикистон ва Кувайтро ба роҳ монд.
   Тибқи иттилои манбаъ пас аз маросими истиқболи расмӣ мулоқоти Сарвазири кишвар бо валиаҳди давлати Кувайт Шайх Нувоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саёҳат, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарактро баррасӣ намуданд.
   (Суханронӣ дар Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ - назариявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва эҳёи тамаддуни тоҷикон» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон)
   Истиқлолият калимаест, ки бо зикри он тасвири кишвари озоду мустақил пайдо мешавад. Моҳи декабри соли 1991 баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ қадами аввали мустақилият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон оғоз гашт. Замоне буд, ки кишвар аз як тараф ба шинохти ҳуввият майлон дошт ва аз тарафи дигар ба кашмакашҳои таҳмилӣ таҳрик мешуд.
   Дар марҳилаҳои тақдирсоз, даврае ки халқу миллат ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гашта, ҳаёти онро бенизомӣ фаро мегирад, заруриати пайдоиши шахсият ва ё шахсиятҳои ин ҳолатро тағйирдиҳанда ба миён меояд. Муаррихон бар ақидаанд, ки яке аз ҷанбаҳои асосии таърихи инсониятро роҳбарони кишварҳо муайян менамоянд. Албатта, аксари давраҳои таърихии рушди давлатҳои қадим ва муосир бо номи сарварон алоқаманд мебошад, ки рифоҳи мардум, авҷи қудрати кишвар, густариши илму фарҳанг ва тиҷорат бо ному фаъолияти онҳо вобастагӣ доранд.
Саҳифа аз 1 то 3
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.