wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Ноябр 2019
   Чуноне маълум аст 8-уми ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии хеш ба Ҷумҳурии Фаронса ташриф оварданд. Ин сафар бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид.
   Пас аз истиқбол гирифтани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки ин музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар ҷараён гирифт.
   К началу 2000-х годов, в результате разрыва единой энергетической системы Средней Азии,  страна оказалась в условиях энергетического кризиса, сельское население и даже  некоторые города, невозможно было обеспечить электроэнергией даже в летнее время года. 
   Таджикистану трудно было выйти на международный рынок и вести торговые отношения с другими государствами. Единственным способом был железнодорожный вид сообщения через Узбекистан, которой страна пользовалась. Но, с момента ухудшения отношений с нашим соседом Таджикистан оказался в глубокой изоляции от внешнего мира. 
Ба истиқболи 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
   Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми кишвар мебошад. 6-уми ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, аз ҷониби мардуми тамаддунсоз бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ба ҷонибдории давлате раъй дод ва онро ҳамчун ояндаи худ интихоб кард, ки дар ин давлат волоияти қонун ҳукумрон буда, ҳамаи аркони давлатдорӣ аз ҳуқуқ сарчашма мегиранд.
   29-уми октябри соли равон дар Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Хитой ва Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамои ҳамкорӣ" конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар кори конфронс ноиби Президенти Академия илмҳои ҷумҳурӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон, директори Институти омӯзиш масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ, академик Акбар Турсон ва дигар профессорону номзадони илм иштирок ва суханронӣ намуданд.
   Зимни суханронии худ Муҳаммад Абдураҳмон гуфт кишваре, ки бо Хитой ҳамкорӣ мекунад, бо ҷаҳон ҳамкорӣ кардааст. Зеро Чин дар густариш додани иқтисодиёт дар арсаи ҷаҳонӣ нақши калидиро мебозад.
Саҳифа аз 3 то 3
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.