wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Декабр 2019
   26 - уми декабри соли 2019 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. 
   Дар Паёми солонаи Пешвои миллат тамоми дастовардҳои кишвар дар тўли 28 соли истиқлолият баён гашта, дар рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодию соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоришҳои мушаххас дода шуд. Бо дарназардошти рушди ҷомеа дар самти илму маориф ва ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Пешвои миллат солҳои 2020 -2040 -ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд.

 

26.12.2019, шаҳри Душанбе

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад.

Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.

   Ховари Миёна яке аз минтақаҳои муҳим аз нигоҳи қавмӣ, мазҳабӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, низомӣ ва тамаддунӣ ба ҳисоб рафта, аз аҳди бостон то ин замон пайвандгари Шарқу Ғарб дониста мешавад. Дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ ин минтақа мавзеи бархӯрди абарқудратҳои ҷаҳон будааст, ки ин бархӯрдҳо аслан ба хотири дастёбӣ ба манобеи муҳими табиӣ ба вуқуъ мепайвастанд.
  Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18уми декабри соли 2019 соати 14:00 дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами шарқшиносии муосир» семинари илмӣ баргузор мегардад.
   Дар семинари илмӣ, профессори Донишгоҳи Оксфорд Эдмун Ҳерзинг маъруза хоҳад кард.
  Семинар дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, иштирок дар он озод аст.
  Суро
ға: шаҳри Душанбе хиёбони Рӯдакӣ 33, бинои асосии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ.
Саҳифа аз 1 то 2
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.