wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Ноябр 2020
Ҳамасола дар сартосарии кишвар 24-уми ноябр рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иди миллӣ бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта мешавад, зеро ки маҳз рӯзи 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами миллии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Дар илми сиёсатшиносӣ мафҳуме истифода мешавад, ки дар ҷаҳони сиёсат он бо номи “сиёсати сабз” ё ба истилоҳи дигар “энергияи сабз” шинохта мешавад ва чун яке аз тамоюлҳои сиёсати ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки ба ҷанбаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ такяи бештар карда, ҳамаи барномаҳоро тавассути рушди устувор таъкид карда, амалӣ месозад. Инҷо мо назарсанҷиеро аз партави баррасиҳои Ҳамна Ғиёс Шайх донишомӯз ва коршинос дар бахши илмҳои сиёсатшиносии Коллеҷи Кинерди шаҳри Лоҳур Покистон иқтибос меоварем, то оиди мавзӯъ маълумоте пайдо намуда, аз масоили кившарҳои Осиёи Ҷанубӣ огаҳӣ ҳосил намоем.
В действительности, огромный вклад Основателя мира и национального единства, Президента Республики Таджикистан именно в построение и укрепление современной таджикской государственности уникален.
Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои  Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва  меоянд.
Саҳифа аз 1 то 4