wrapper

Материалы отфильтрованы по дате: Декабр 2020
Таърих гувоҳ аст, ки дӯстиву робитаҳои адабию фарҳангии мардуми аҷам бо кишварҳои араб ҳанӯз аз давраҳои қадим вуҷуд доштанд. Ҳатто дар давраҳои тоисломӣ низ тарҷумаи китобҳои арабӣ ба паҳлавӣ ва паҳлавӣ ба арабӣ ба роҳ монда шуда буданд. Масалан, Абдулло ибни Муқаффаъ китобҳои “Калила ва Димна”, “Тоҷнома”, “Худойнома”, “Номаи Тансар” ва амсоли онро ба забони арабӣ тарҷума намудааст, ки дорои арзиши бузург аст.
Баъди таҳияи харитаи пурраи кураи Замин, ки аз ҷониби аврупоиҳо дар асрҳои XV-XVI сурат гирифт, сиёсати геополитикии муосир вориди амал шуд ва дар асри нуздаҳум ба авҷи аълои худ расид. Албатта, пеш аз ин давра низ манфиатҳои давлатҳои қудратманд дар сатҳи фаротар аз қаламрави худ бо ҳам дар бархурд буданд ва дар ин рақобатҳо нишонаҳое аз сиёсатҳои геополитикӣ дида мешуд. Аммо онҳо характери минтақавӣ дошта кулли ҷаҳонро дар бар намегирифтанд. Сиёсати геополитикии муосир бошад кулли ҷаҳонро дар бар гирифта, аз он давра оғоз шуд, ки сиёсатмадорони аврупоӣ ба қавли Ҷон Анню “нигоҳе аз нокуҷо” ба “ҷаҳон дар маҷмуъ” андохтанд.[1]
Саҳифа аз 4 то 4
 
http://www.zoofirma.ru/