wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Август 2020
Душанбе, 31 Август 2020 06:17

Сарвари муваффақ ва мардумӣ

Мардуми кишварамон нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳбубияти бепоён доранд. Ин гуна муносибати самимона пеш аз ҳама натиҷаи хизматҳои наҷиби анҷомдодаи Сарвари давлат дар ростои истиқрори сулҳу ваҳдат, таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ, ободкорӣ ва беҳтарсозии зиндагии мардум мебошад.
Аз оғози соли 2018 дар муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон марҳилаи нави некӣ, ҳамсоягӣ, меҳрубонӣ ва қадрдонӣ барқарор гардид. Дар ин раванд президентҳои ҳар ду давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев нақши муҳим бозиданд. Онҳо эҳсосоти бузурги қалбҳои ин ду халқи бародарро дарк намуда, ба кори хайр даст заданд, ки ҳамтои қаҳрамонӣ буд. Онҳо сарҳадҳои ду ҷумҳуриро монанди ду чашм, ду абрӯ ва як сар шинохтанд. Ҳоло постгоҳҳои гумрукии сарҳадии ин ду давлати ҳамсояро «Дарвозаҳои дӯстӣ» номидан мумкин аст.
Тоҷикистон бо таърих ва фарҳанги илму адаб ва меҳмоннавозиву инсондӯстиаш дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Кишвар бо минтақа ва шаҳрҳои зебову дилрабояш аз қабили Душанбеву Хуҷанд, Бадахшону Зарафшон, Бохтару Кӯлобу Кофарниҳон, Ҳисору Турсунзодаву Варзоб, Исфараву Истаравшану Искандаркӯл, Роҳативу Файзободу Кофарниҳон, Айниву Масчоҳу Панҷрӯд ва ғайраҳо ҳазорон сайёҳу гардишгаронро доимо пазироӣ мекунад. Шаҳри Душанбе имрӯз дар худ симое наверо гирифта, рӯз то рӯз зеботару хуррамтар шуда истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 19 то 22 августи соли равон бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дошт.
Саҳифа аз 1 то 5