wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Январ 2021
 
Ҳамаи мо бо Баҳроми Гӯр, Деваштич ва Амир Ҳасанак, ки дар таърихи халқи тоҷик ҷойгоҳи вежа доранд, камобеш ошноӣ дорем. Ин се шахсияти номдор дар давраҳои гуногуни таърихӣ (байни ҳар яке аз онҳо ба тартиб тақрибан 300 сол фосилаи замонӣ вуҷуд дорад) ва маконҳои мухталифи ҷуғрофӣ (Эрони Ғарбӣ, Фарорӯд ва Хуросон) зистаанд ва муҳити забониашон (порсии миёна, суғдӣ ва форсӣ) низ бо ҳам фарқ мекард. Вале бо вуҷуди ин ҳама тафовутҳои замониву макониву луғавӣ, ангор риштае ҳаст, ки он се танро ба ҳам мепайвандад. Он ришта ҳамоно шаҷараи муштараки онҳост. Манбаъҳои таърихӣ ҳикоят аз он мекунанд, ки насаби вазири дарбори Ғазнавиён Амир Ҳасанак ба шоҳаншоҳи Эрону Анерон Баҳроми V (Гӯр) расида, ҳалқаи васл байни он ду номвар ихшиди Суғд Деваштич аст.
Бахши дувум
Фиристода пайғоми шоҳи ҷаҳон
Бад-эшон бигуфт ошкору ниҳон
                                           Фирдавсӣ
Шанбе, 30 Январ 2021 09:51

Мукотиботи дипломатӣ

Забони ҳар давлат равзанае ба ҷаҳон аст.
                                                       Ҷ.Стейнер, олими англис
Боадаб бошед, ба забони дипломатӣ нависед. Ҳатто дар эъломияи ҷанг назокатҳоро риоя кунед.
                                                                                          Отто фон Бисмарк, нахустин садраъзами империяи Олмон, дипломат
Амну субот воситаи ягонаи рушди Осиё  - қораи бузуртарини ҷаҳон мебошад. Устувории рушди минтақа ва равобити тиҷоратӣ ба суботи минтақавии он вобастагии комил дорад, яъне вазъи геополитикӣ, суботу амният ва ҳамкорӣ барои рушди иқтисодию тиҷоратии минтақаҳои қора, хусусан Осиёи Марказӣ, муҳим арзёбӣ мегардад. Мавриди зикр аст, ки арзишҳои Осиёро шоирон ва нависандагони бузург, ба мисли Муҳаммад Иқбол ва Мирзо Турсунзода низ хуб дарк намуда, аҳамияти стратегии минтақаро дар шеъру достонҳояшон равшану возеҳ баён кардаанд.
Саҳифа аз 1 то 8