Материалы отфильтрованы по дате: Октябр 2021
Панҷшанбе, 28 Октябр 2021 12:11
Омилҳои рушди иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Корея
Пас аз тақсимбандии Нимҷазираи Корея ба ду қисм, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дар соли 1953 нимҷазираи Корея вориди давраи нави таърихии худ шуд. Дар ин давра кишвар дар соҳаҳои сиёсат, амният, илму маориф, техникаю технология, тиҷорат, иқтисод, бонкдорӣ ва фарҳанг назаррас пешсаф шуд. Яке аз соҳаи муҳимтарин барои рушду пешрафти кишварҳо ин соҳаи иқтисод ва тиҷорат ба ҳисоб меравад. Омилҳои рушди иқтисоди Кореяи Ҷанубӣ ва раванди рушди он хусусияти махсуси таърихӣ дорад. Кореяи Ҷанубӣ ҳамчун бозингари сиёсӣ дар минтақа, ба гуруҳи кишварҳои даҳгонаи палангон, яъне “бабрҳои Осиё” шомил мебошад.
Панҷшанбе, 28 Октябр 2021 11:48
Нигоҳе ба муносибатҳои Корея Ҷанубӣ бо кишварҳои Шарқи Наздик
Нимҷазираи Корея дар минтақаи Осиёи Шарқӣ ҷойгир буда, як кишвари пешрафтаи минтақа ба ҳисоб меравад, ки дорои аҳамиёти сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва амниятӣ мебошад. Нимҷазираи Корея баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар соли 1948 ба ду қисм, Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ, тақсим шуд. Баъд аз ин тақсимот ин ду кишвар низомҳои сиёсиву иқтисодии гуногунро интихоб карда, суръати рушди аз ҳам фарқкунанда доштанд. Кореяи Ҷанубӣ дар минтақа нақши хосса дорад, зеро ин кишвар дар давраи истиқлолият ба пешрафтҳои бузурге ноил гардидааст. Дар замони муосир аз ҷиҳати техникаю технология ва иқтисодиёт кишвари тараққиёфта ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Корея бо зиёда аз 189 кишвари дунё муносибатҳои сиёсиву дипломатии худро барқарор намудааст.
Панҷшанбе, 28 Октябр 2021 11:05
Аҳамияти омӯзиши таҷрибаи иқтисодии кишварҳои муваффақ барои кишварҳои рӯ ба рушд
Омӯзиши таҷрибаи дигарон суръати ҳаракати моро баланд мебардорад. Дар пайраҳае, ки мо бояд пеш равем, дигарон пештар аз мо ҳаракат кардаанд ва ҳар хатое, ки дар ин ҷода доштанд, барои мо дарси ибрат буда метавонад. Яъне такрор накардани хатоҳои онҳо ва пешопеш огоҳ будан аз баъзе мушкилоти мавҷуда дар пайраҳаи мазкур имкон медиҳад, ки вақту маболиғи зиёде сарфа шавад. Ё дар мисоли кишварҳои номуваффақ мо метавонемдонем, ки сиёсати иқтисодии онҳо чӣ камбудиҳое дошта буд ва мо онро такрор накунем.
Панҷшанбе, 28 Октябр 2021 10:37
Осиёи Шарқӣ: мавқеи ҷуғрофӣ, аҳолӣ ва захираҳои табиӣ
Осиёи Шарқӣ ё Осиёи Шимолу Шарқӣ минтақаи муҳиме дар иқтисоди ҷаҳон буда, 2.3 дарсади масоҳати хушкии кӯраи Замин ва 20.9 дарсади аҳолии онро ташкил медиҳад. Ин минтақа дар шимолу шарқи Осиё ҷойгир буда, 5 кишварро дар бар мегирад, ки онҳо Муғулистон, Ҷумҳурии мардумӣ-демократии Корея, Ҷумҳури Корея, Ҷопон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Истиқлолияти ҷазираи Тайван дар ин минтақа аз сӯйи Чин эътироф нашудааст ва аз ҳамин сабаб на дар ҳама адабиётҳо ин ҷазира ҳамчун кишвари алоҳидаи минтақаи Осиёи Шарқӣ оварда мешавад. Аммо дар воқеият ин ҷазира, аз поёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон инҷониб мустақил буда, модели иқтисодии ба худ хосро дорад ва дар ин муддат ба натоиҷи хуби иқтисодиву сиёсӣ даст ёфтааст.Бо вуҷуди ин, дар пойгоҳи додаҳои Бонки Ҷаҳонӣ Тайван ҳамчун кишвари алоҳида оварда нашудааст.