wrapper

Материалы отфильтрованы по дате: Ноябр 2021
Либия яке аз кишварҳои шимоли Африқо буда, низоми қабилавӣ дар он ҳукмфармост ва барои дубора барқарор кардани амну субот дар ҳолати бесарусомонӣ ва нооромӣ роҳбарони қабилаҳои либӣ нақши калидӣ мебозанд. Аҳолии Либия тақрибан 6 миллион нафар буда, масоҳати умумияш 1 757 000 км2 мебошад. Либия дар шимоли Африка дар соҳилҳои ҷанубии баҳри Миёназамин дар баробари Аврупо ҷойгир буда, дорои дарозтарин соҳили баҳрист, ки он ба 1800 км мерасад. Шаҳри Триполӣ пойтахти кишвари Либия дар ғарб ва яке аз шаҳрҳои бузургтарину зебои он ба шумор меравад ва дуюмин шаҳри он – Бинғозӣ - дар шарқ ҷойгир аст.
Рӯзи 26 ноябри соли 2021 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи “Неруи нарм ҳамчун воситаи бурдани ҷангҳои гибридӣ дар замони муосир” баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, марказҳои илмию таҳқиқотӣ, кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаид Раҳмонов ва Ҷаҳонгир Нарзиев ва дигар ҷомеашиносону коршиносон ширкат варзиданд.
Фардо (26.11.2021. соати 10:00), бо ташаббуси Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмии «Таҳқиқи масоили адабиёти дарӣ дар Тоҷикистон», ки  ба муносибати 80 солагии адабиётшиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Қодиров Ғиёсиддин дар маҷлисгоҳи Маркази мероси хаттии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мешавад. Хоҳишмандон метавонанд дар ин конфронс иштирок намоянд.
Имрӯз дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва ҳайати шахсии милитсияи пойтахт, ҳамзамон муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамони бозиҳои олимпии соли 2016 ва яке аз парчамбардорони миллати тоҷик Дилшод Назаров, Зиёев Субҳиддин Насриевич корманди Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд.
Саҳифа аз 1 то 10