wrapper

Материалы отфильтрованы по дате: Феврал 2021
Вазъи зиндагии инсонӣ дорои як қатор мушкилоти экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад. Аҳолӣ ва истеъмолот меафзояд ва ба ҳифзи муҳити атроф чандон аҳамият дода намешавад. Ин ба афзоиши истеҳсолот, партовгоҳҳои нав ва паст шудани сифати зиндагӣ оварда мерасонад. Ва барои аз байн бурдани чунин  хатарҳо,  СММ дар солҳои 70-80-уми асри гузашта, консепсияи рушди устувор - бидуни зарар ба наслҳои ояндаро ба тавсиб расонидааст.
Олимон дар Шветсия як таҳқиқоти байнисоҳавӣ оид ба генетика ва бостоншиносиро анҷом доданд, ки асрори таъсири байни фарҳангҳоро дар қабрҳои асри санг ёфтшуда, муайян мекунад. Шветсия таърихи худро аз обшавии пиряхҳои шимолӣ тақрибан 12000 пеш аз милод мешуморад, вақте гурӯҳҳои шикорчиён маскуни ин маҳал гардиданд. Дар тӯли асри санг (аз 8000 то 6000 пеш аз милод), сокинони аввалини он асбобҳои рӯзгор ва дигар лавозимоту силоҳҳоро барои шикор ва моҳидорӣ аз санг сохтаанд.
 
Дар ҷаҳони муосир ва ҷомеаи иттилоотӣ яке аз масъалаҳои мубрам - масъалаи баланд бардоштани сифати таълим ба миён омадааст, ки ба таври назаррас рӯз ба рӯз инкишоф меёбад. Дар ин ҷабҳа имрӯз ворид шудан ба фазои ҷадиди таълими ҷаҳонӣ оѓози худро пайдо кард ва идома дорад.
Имрӯз (02.02.2021) дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Муноқишот миёни Эрону Исроил дар марҳалаи кунунӣ ва таъсири онҳо ба минтақа, аз ҷумла ба Тоҷикистон. Омилҳои асосии муноқишот байни Эрон ва Исроил" баргузор гарид, ки дар ин семинар Холназаров Назар, ходими калони илмии Институт суханронӣ намуд. Дар кори семинар устодону кормандони Институт иштирок намуданд. Матни комили суханронии муҳаққиқро манзури хонандаи азиз мегардонем.
Саҳифа аз 8 то 9