wrapper

Материалы отфильтрованы по дате: Феврал 2021
                               
                                          Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат,
                                          таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори
                                          мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
                                                                                        Моддаи 43. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
Чу зар дурахшанда бар лоҷвард...
 
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Миср ҳамагӣ 28 сол умр доранд (1 апрели 1993 барқарор шуданд). Вале, бо вуҷуди ҷавонии муносибатҳои дипломатӣ байни Душанбе ва Қоҳира, таърихи робитаҳо байни тоҷикону мисриён ба ҳазорон сол пеш бармегардад ва будани санги лоҷварди бадахшӣ дар зеваролоти фиръавнӣ, аз ҷумла дар оромгоҳи фиръавни ҷавон Тутъанхомун (1342-1325 пеш аз мелод) далели ин гуфтаҳост. Ҳоло ганҷинаи Тутъанхомун, ки шомили беш аз 3500 шайъ аст, дар Осорхонаи миллии Миср воқеъ дар майдони Таҳрири Қоҳира қарор дорад ва чанде пас ба Осорхонаи нави бузурги Миср, ки сохтмони он дар наздикии Аҳромоти бузург дар Ҷиза ба итмом мерасад, интиқол хоҳад ёфт.  Зимнан бояд гуфт, ки Осорхонаи нав, ки ба сохтмони он тақрибан 1 млрд доллари америкоӣ сарф шудааст, бузургтарин осорхона дар ҷаҳон хоҳад буд, ки танҳо ба як тамаддун ихтисос дорад. Пажӯҳишгарон бар онанд, ки лоҷварде, ки дар зеваролоти фиръавнҳо истифода шудааст, ба Мисри Бостон аз Бадахшон омадааст. Чунон ки маълум аст, истихроҷи лоҷвард дар Бадахшон таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва аз қадим ин санги кабудранг дар атрофу акнофи олам шуҳрат дошт. Мояи масаррати роқими ин сатрҳост, ки дар давоми маъмурияти дипломатиаш дар Миср, ки аз июли 2014 то апрели 2019 идома дошт, тавонист ин пайвандҳои таърихиро ба чашми худ бинад.
Имрӯз (19.02.2021) дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши Мирзо Муллоаҳмад дар рушди адабиётшиносӣ” баргузор гардид, ки дар кори семинар ҳайати  ходимони илмӣ ва кормандони Институт суханронӣ намуда, доктори илмҳои филология, профессор, узви вобасти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устод Мирзо Муллоаҳмадро бо ҷашни фархундааш – 73-умин солгарди зодрӯзашон табрику таҳният намуда, ба ӯ комёбиҳои нав ба нави илмию эҷодӣ, саломатӣ ва рӯзгори пурсаодатро орзу намуданд.
 
Дар Ӯзбекистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонони бекор лоиҳаи "100 андеша (идея) барои Ӯзбекистон" рӯи кор гирифта шуд. Таҳти раёсати Президент конфронси видеоӣ баргузор гардид, ки дар он тадбирҳои таъмини шуғл ва ташкили истироҳати судманди ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласаи мазкур ҳолати ҷойҳои холии корӣ, ҳалли мушкилоти бекорӣ танқид гардид. Масалан, дар Тошканд 26 ҳазор нафар ҷавонон бо кор таъмин нестанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар пойтахт 77 ҳазор ҷойҳои кории холӣ мавҷуданд, ки 45 ҳазори он доштани маълумоти олиро талаб намекунанд. Сарвари давлат қайд кард, ки чунин ҷойҳои холии кориро бо роҳи омӯзонидани ҷавонон аз рӯи касбҳо ва додани категорияҳои тахассусӣ пур кардан мумкин аст.
Саҳифа аз 2 то 9