wrapper

Материалы отфильтрованы по дате: Март 2021

    Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ибтидои асри XXI ифротгароӣ ва терроризм ба яке аз ҷиддитарин зуҳуроти таҳдидовар ва хатарноки  ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Аз ин лиҳоз, имрӯз тадбирҳои муҳими ҷомеаи башари дар мубориза бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ифротӣ ва пешгирии густариши фаъолияти онҳо равона гардидаанд. Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм (тундгароӣ),  ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ (терроризм) ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо  зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд. Ноамнӣ ва бесуботии Ховари Миёна боиси ташвиш ва нигарониҳои зиёди кишварҳои минтақа, аз ҷумла Осиёи Миёна гардидааст.

Вақтҳои охир якбора тезу тунд шудани вазъият дар Шарқи Наздик ва дар Аврупо вазъият дар Осиёи Шимолу Шарқӣ то андозае ташануҷ пайдо карда, дар он як қатор омилҳои дарозмуддат бо шиддат вазъиятро дар арсаи амнияти байналмилалӣ тезу тунд мекунанд. Яке аз ин омилҳо мушкилоти муносибатҳои Япония бо ҳар ду кишвари нимҷазираи Корея ба ҳисоб меравад. Як қатор мушкилот - мероси гузаштаи мустамликадории Япония ва таҷовузи он ба қитъа ва дигаре - ҷанги сард мебошад. Суботи ҳарбӣ ва дурнамои сиёсати минтақа аз ҳалли онҳо вобаста аст. Таърих то имрӯз дар муносибатҳои Япония  бо  Кореяи Ҷанубӣ бори гарон гузоштааст. Яке аз онҳо мушкилоти янфу “занон барои тасаллӣ” (даҳҳо ҳазор занони кареягӣ дар замони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ маҷбуран барои афсарони японӣ дар фоҳишахонаҳо нигоҳ дошта мешуданд) мебошад. Дигаре баҳси муайянкунии марзҳо дар баҳри Япония мебошад. Айни замон ҷазираҳои беодамро (Такешима бо японӣ, Токто бо кореягӣ) Кореяи Ҷанубӣ назорат мекунад ва ҳама гуна даъвоҳо аз ҷониби Японияро нисбат ба онҳо рад мекунад.
Бо ташаббуси Шуъбаи Аврупо ва Амрико вохӯрӣ бо намояндагони Хадамоти Академияи Олмон дар Тоҷикистон хонум - доктор Улрике Миттер ва ёрдамчии хадамоти мазкур, хонум Паулина Ҳейне бо роҳбарияти Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
       Зикр намудан ба маврид аст, ки  Наврӯз ин қадимтарин ҷашни аҷдодони дури мо буда, пирӯзии нур бар зулмот маҳсуб меёбад, ки бо тобишҳои ба худ хос аз насл ба насл гузашта, ҳам тариқи хаттӣ ва ҳам шифоӣ  ба мо мардуми шарафманду сарбаланди тоҷик ба мерос мондааст.
      Ифтихор аз он дорем, ки Наврӯз бо пешниҳод, иқдом ва саҳми бештари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 2010 ин ҷониб ба як иди умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Саҳифа аз 4 то 8