wrapper

Материалы отфильтрованы по дате: Март 2021

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия 27 августи соли 1994 барқарор шудаанд. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Индонезия (соли 2003)  оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи маориф имзо гардида, танзимдарории он дар барномаҳои гуногуни таълимию омӯзишӣ амалӣ мегарданд [1]. Аз ин лиҳоз, ҳамасола аз ҷониби Ҷумҳурии Индонезия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилӣ дар доираи Барномаи яксолаи омӯзиши забон, санъат ва фарҳанги Индонезия “Дармасисва” ҷудо мегардад. Соли 2016 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 нафар ҷихати иштирок дар Барномаи яксолаи омӯзиши забон, санъат ва фарҳанги Индонезия “Дармасисва” пешниҳод гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991 пас аз соҳибистиқлол шудан ба марҳилаи сифатан нави таърихи давлатдории худ гом гузошт, имконияти воқеии рушд ва таҳкими истиқлоли давлатӣ ба даст овард ва фаъолона ба раванди муносибатҳои сиёсию иқтисодии системаи ҷаҳонӣ ҳамроҳ шуд. Ба даст овардани истиқлоли комили сиёсӣ ба Тоҷикистон шароит фароҳам овард то сиёсати хориҷии худро мустақилона пеш барад ва ҳамзамон самтҳои афзалиятноки равобити байнидавлатиро муайян намояд.

Дар мулоқот бо рӯзноманигорон, ки дар сафорати Афғонистон дар ш. Душанбе ороста шуда буд, сухангуи (спикери) маҷлиси намояндагони (Вулуси Ҷирга) Шӯрои Миллии Афғонистон ҷаноби Мир Раҳмон Раҳмонӣ аз сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷаноби Ашраф Ғанӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Маҳкумияти ҷаҳонӣ ба кудатои артиш ба хотири бозгашт ба қудрат дар кишвари Миянмар (собиқ Бирма) идома дорад, ки ин бозгашти дубораи артиш ба идораи кишвар мебошад. Сарфи назар аз он, ки артиш беш аз 50 сол қудратро дар Миянмар дар даст дошту кишварро назорат мекард. Иқдоми пешгирифтаи артиши Миянмар барои гузаштан ба марҳилаи демократия дар ин давлат монеъа эҷод намуд. Аммо артиш шурӯъи марҳилаи демократиякунониро дар асоси Конститутсияи кишвар ҳанӯз соли 2008 оғоз карда буд. Аз ин рӯ, ба артиш муяссар гардид, ки 25% курсиҳоро дар парлумон нигоҳ дорад. Аммо татбиқи тағйироти конститутсионӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, ки метавонанд таъсири артишро коҳиш диҳанд, манъ шудааст.
Саҳифа аз 5 то 8