wrapper

Материалы отфильтрованы по дате: Март 2021
Панҷшанбе, 18 Март 2021 10:36

Ситораи тобноки шеъри имрӯзи дарӣ

Шеъри муосири дарӣ тозатарин фасли китоби куҳансоли адабиёти Афғонистон мебошад, ки дар ибтидои асри ХХ оғоз гардидааст. Дар тӯли ин садсола ҳампои таърихи пасту баланди сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ҳаракат карда, марҳилаҳои гуногуни рушду инкишофро паймудааст.
Русия яке аз бозигарони асосии системасоз дар минтақа мебошад. Стратегияи ӯ чӣ гуна тағир меёбад? Гузариши Русия ба сиёсати G5 + 1 дар Осиёи Марказӣ чӣ маъно дорад? Русия дар эҷоди муносибот дар минтақа бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ мешавад?
(Бахшида ба 70-солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва таҷлили камоли умри адабии адабиётшисони бузурги тоҷик )
 Адабиёт ва мардони бузурги он ситораҳое ҳастанд, ки вуҷудашон саршор аз муҳаббат, меҳр, каромат, шарофат ва латофат буда, барои башарият чун чароғи роҳнамо роҳнамоӣ мекунанд. Ҳар ду дорои ҷазабаҳои адабӣ ва забонӣ  чун сармояҳое мебошанд, ки  инсониятро ба сӯи ҳаёти дурусту комил ҳидоят менамоянд. Ва чун дарахте ҳастанд, ки тамоми вуҷудаш барои башарият хуррамӣ меоварад.

 

Интихоботи ахири ИМА, ки моҳи ноябри соли гузашта сурат гирифт, пайомадҳои ғайричашмдоштро ба бор овард. Қабл аз ҳама, аз назари иддае аз коршиносон, интихоботи мазкур дар фазои озоду шаффоф доир нагардид. Дар натиҷа миёни тарафҳои даргир – ҳизбҳои ҷумҳурихоҳон ва демократҳо – тазоди назар ба амал омад. Ҳизби ҷумҳурихоҳон натиҷаҳои ин интихоботро натиҷаи фиребу найранг эълон кард ва онро напазируфт. Аз тарафи дигар, президент Доналд Трамп ба ҳамин асос нахост зимоми Кохи Сафедро тибқи анаъана бо риояи муқаррароти мавҷуда ба президенти тозаинтихоби ИМА Ҷон Байден супорад. Гузашта аз он, бино ба иттилооти расонаҳои хабарӣ маҳз бо ибтикори президент Трамп анбўҳи зиёди мардум рўзи 6 январи соли 2021 ба бинои Капитолий ҳуҷум карданд ва онро мавриди талаву тороҷ ва харобкориҳо қарор доданд. Дар ИМА барои нахустин бор ҳолати фавқулодда ногувори сиёсию иҷтимоиро ба бор оварданд. Ин ҳолат боиси он гардид, ки дар рўзи савганд ёд кардани президенти нав ба таърихи 20 январи соли равон худи Трамп иштирок накард.
Саҳифа аз 2 то 8