wrapper

Материалы отфильтрованы по дате: Июн 2021

Таҷрибаҳо собит намудаанд, ки танҳо муносибати неку самимӣ ва дӯстонаи байни кишварҳо дар арсаи сиёсат, фарҳанг ва ҳамкории доимии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои ҷаҳон метавонад самару манфиати зиёде ба бор оварад. Ҳамин аст, ки ҳамкорию таъовун миёни кишварҳо рӯз ба рӯз бештару беҳтар мегардад. Дар муносибатҳои байналмилалӣ бештари робитаҳо байни кишварҳои рӯ ба тараққиниҳода, дар ҳоли рушд қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо кишварҳои Шарқу Ғарб рӯз ба рӯз ҳамкории худро беҳтару хубтар ба роҳ монда истодааст.

Дар давраи шӯравӣ  робитаҳои ҳамаҷониба байни давлатҳои арабизабону Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гаштанд. Аз ҷумла, робитаҳои адабиву фарҳангии тоҷику араб дар ин даврон хеле вусъат ёфтанд. Далели ин гуфтаҳо иқтибосест, ки аз китоби “Равобити байналхалқии РСС Тоҷикистон” (Душанбе, 1965) оварда хоҳад шуд: “Моҳи феврали соли 1944 дар асоси қонуне, ки Совети Олии СССР қабул карда буд, ба Конститутсияи СССР моддаи 18 - а илова карда шуд, ки мувофиқи он республикаҳои иттифоқӣҳақ доранд ба таври мустақил ба арсаи байналхалқӣ бароянд, ба шарти он ки муқаррар намудани асосҳои умумии иҷрои функсияҳои сиёсати хориҷии республикаҳои иттифоқӣ дар ихтиёри СССР монад.” Худи ҳамин хел модда дар Конститутсияи РСС Тоҷикистон ҳам ҳаст:

 

Суҳбати навбатии мо бо Назар Холназаров, ходими калони Шуъбаи Шарқи Наздику Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, рӯзноманигор, дипломати ҳарбӣ, муаллифи чанд китоб ва полковники мустаъфӣ.

Чунонки дар боло ишора шуд, на ҳамаи фаъолиятҳои инсон ба воситаи шуури  ӯ  танзим мешаванд. Як идда аз фаъолиятҳои инсон ба таври ғайрииродӣ мустақиман тавассути зершуур, ки дар он барномаҳо ва дастурамалҳои фитрӣ аз тариқи генҳо сабт шудаанд, танзим мегарданд. Масалан, фаъолияти дастгоҳи нафаскашӣ, низоми ҳаракати хун, инстинктҳову рефлексҳо, ниёзмандӣ ба хоб ва амсоли инҳо аз қабили фаъолиятҳои доимиву хеле муҳими ҳаётии инсон мебошанд, ки бидуни дахолати ақлу иродаи мо ба таври фитрӣ ва табиӣ мунтазам ва хеле дақиқ танзим мегарданд. Ин қабил фаъолиятҳои ба таври табиӣ барномарезишуда мутлақан таҳти таъсири омилҳои фитрӣ қарор дошта, дахолат дар танзими онҳо ба воситаи ирода аслан таъсири ҷиддӣ ва бунёдӣ наметавонад дошта бошад.
Саҳифа аз 5 то 12