wrapper

Материалы отфильтрованы по дате: Июн 2021
11.06.2021, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
 

11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» ташриф оварда, бо таҷрибаи хоҷагидорон аз наздик шинос шуданд.

Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2008 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии боғҳои он 631 гектарро ташкил медиҳад.

Хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи пешрафта ва риояи пурраи маданияти истифодабарии замин дар майдони 402 гектар парвариши зардолу, 24 гектар шафтолу, 33 гектар себ, 6 гектар гелос, 12 гектар олу, 16 гектар ток ва дигар навъи дарахтони мевадиҳандаро ба роҳ мондаанд.

Кормандони муассиса дар парвариш ва нигоҳубини боғу токзор дорои таҷрибаи ғании корӣ буда, бо истифода аз шароити мусоид ҳамасола ба миқдори зарурӣ дар сардхона маҳсулот низ захира мекунанд.

Дар «Боғи миллии Ваҳдат» сардхона бо ғунҷоиши 300 тонна маҳсулот мавҷуд буда, 80 нафар ба таври доимӣ ва 60 каси дигар мавсимӣ ба кор ҷалб мегардад.

Бунёди боғҳои интенсивӣ барои хоҷагидорони муассиса имкон додааст, ки сол то сол истеҳсоли меваҳои хуштаъму лазизи ватаниро бештар намоянд.

Аҳли захмат ҳамасола ба миқдори зиёд меваҳои хуштамъ ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ мекунанд.

Дар боғи гелоси муассиса асосан навъи маҳаллии барвақтӣ, бурлат ва кордия парвариш мегардад, ки ба иқлими минтақа тобовар буда, барои содирот низ хеле мувофиқ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта боғдорон 7 тонна гелос истеҳсол кардаанд.

Ҳамчунин дар ин давра хоҷагидорон зиёда аз 585 тонна зардолу, 120 тонна себ, зиёда аз 15 тонна олу, наздики 5 тонна бодом ва дар маҷмӯъ 780 тонна мева истеҳсол намуда, ба бозори истеъмолӣ пешниҳод намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев таҷрибаи боғпарваронро дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» шоиста ҳисобида, дар вазъияти имрӯзаи ҷаҳон, ки норасоии маводи озуқа дар бархе аз давлатҳои ҷаҳон мушоҳида мегардад, ба манфиат шумориданд.

Пешниҳод карда шуд, ки оянда барои ривоҷу равнақи соҳаи боғдорӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими таъмини талаботи дохилии кишварҳо бо истеҳсолоти худӣ мебошад, семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки доираи васеи хоҷагидорони ду давлат дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» васеъ ба роҳ монда шавад.

Хоҷагидорони мамлакат тайи солҳои охир ҳамкориро бо боғдорони кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон густариш бахшида, аз ҳамдигар таҷриба мегиранд.

Сарони давлаҳо бо такя ба ин муносибот зикр доштанд, ки омӯзиши таҷрибаи ҳамдигарӣ бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ ба таври густурда амалӣ карда шавад.

Президентҳои ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев пас аз шиносоӣ бо таҷриба ва фаъолияти хоҷагидорони Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ҳамин ҷо аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, нонӣ ва қаннодии аҳли заҳмати шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ 14 шаҳру ноҳияи кишоварзии вилоят беҳтарин навъи маҳсулот, аз ҷумла анвои гуногуни мева, сабзавот, полезӣ ва ғалладонагиро ба меҳмонони олиқадр муаррифӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба ҳолати 1 июни соли равон ба зиёда аз 1 миллиарду 100 миллион сомонӣ расидааст, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 108 дарсад баробар аст.

Ҳамзамон хоҷагидорони вилояти Суғд соли равон дар ҳаҷми 31 миллиону 375 ҳазор доллар маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба кишварҳои хориҷи дуру наздик содир кардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 880 ҳазор доллар зиёд мебошад.

Роҳбарони ду кишвари дӯст аснои боздид аз гӯшаи намоиши меваҳои шаҳдбори боғпарварони ботаҷрибаи вилояти Суғд ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштараки коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ ба масъулони сохторҳои марбута дастуру маслиҳатҳо доданд.

Таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи кишоварзӣ ва фаъолгардонии ҳарчи бештари корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулот аз тадбирҳои муҳими дастгирии хоҷагидорон ва таъмини бозорҳои дохиливу минтақа бо истеҳсолоти худӣ мебошад.

Дар намоишгоҳ хоҷагидорони вилояти Суғд ҳамчунин анвои гуногуни гулу гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дастовардҳо дар соҳаи занбӯриасалпарвариро ба таври васеъ муаррифӣ карданд.

Дар вилояти Суғд теъдоди оилаи занбӯри асал ба 63 ҳазору 540 баробар буда, соли гузашта занбӯрпарварон 14 ҳазору 60 тонна асал истеҳсол ва пешниҳоди сокинону меҳмонон намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аснои суҳбату шиносоӣ бо кори кишоварзони вилояти Суғд, барои густариши фаъолияти минбаъда ва роҳандозии ҳамкориҳои нав бо хоҷагиҳои кишоварзии ҳамдигар ба масъулон дастуру тавсияҳои судманд доданд.

11.06.2021, шаҳри Гулистон
 

11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз мавзеи Баҳри Тоҷик, ки обанбори Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ба ҳисоб маравад, боздид ба амал оварданд.

Обанбори Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” яке аз калонтарин обанборҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки дарозии он то 65 километр, паҳноияш аз 8 то 20 километр ва масоҳати сатҳи меъёрии иншоот 512 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳаҷми обанбор 3 миллиарду 413 миллион  метри мукааб буда, он таъиноти истеҳсоли неруи барқ ва обёрии заминҳои кишоварзии давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистонро ба уҳда дорад.

Тазаккур дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳост дар раванди геополитикии истифода ва тақсими одилонаи захираҳои обӣ талоши амиқ ба харҷ медиҳад. Инчунин, давлати мо, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои созандаи худ дар роҳи расидагӣ ба мушкилоти марбут ба об дар ҷаҳон мақоми шоистаро соҳиб шуда, чорумин ибтикори глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об-Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли амалишавӣ қарор дорад. Ҷумҳурии мо аз оғози истиқлоли давлатии худ бо дарки нақши калидиаш дар захираҳои обӣ ва энергетикии минтақа дар раванди ҷаҳонӣ фаъолияти муассир дорад.

Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи муваффақонаи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар мамлакат ёдовар шуда, мавқеи кишвари моро дар иртибот ба муҳимияти амалишавии ин тарҳҳо, ки ҳамагӣ аз аҳамияти минтақавӣ бархӯрдор мебошанд, махсус таъкид карданд.

Меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳангоми боздид аз ин макони дилфиреб, бори дигар ҳавасмандии ҷониби Ӯзбекистонро бобати шарикӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки гидроэнергетикии Тоҷикистон баён намуданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 обанбор мавҷуд аст ва ҳар кадоме аз 0,028 то 10,5 миллиард метри мукааб обро ғунҷоиш медиҳанд. Обанборҳо захирагоҳҳое мебошанд, ки ҳам обро ҳифз мекунанд ва ҳам бо таҳшинии лойқа, об тозаву мусаффо мешавад. Захира шудани об дар обанбор имкон медиҳад, ки ҷараёни об ба таври шабонарӯзӣ ва солона танзим гардад, то ҳам заминҳои кишоварзӣ обёрӣ ва ҳам заминҳои нав аз худ шаванд. Обанборҳо дар шаклгирии ҷараёни об нақши муҳим доранд. Ба қавли коршиносони масоили глобалӣ, як роҳи асосии рафъи камбудии об дар минтақа, дар навсозии обанборҳои куҳна мебошад.

Таъкид гардид, ки дар умум меҳвари сиёсати обиву энергетикии давлати моро таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти истифодаи захираҳои обии фаровони кишварамон ташкил медиҳад.

Гуфтан ба маврид аст, ки қисми зиёди заминҳои кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҳисоби захираи оби обанбори Неругоҳи “Қайроққум” обёрӣ карда мешаванд, ки намунаи барҷастаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти истифодаи одилонаи захираҳои обии мамлакати мо мебошад.

Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи навсозии иншооти амалкунандаи гидроэнергетӣ, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» шурӯъ аз соли 2019 ҷараён дорад. Мувофиқи ҷадвал, санаи оғози татбиқи лоиҳаи таҷдиди НБО “Қайроққум” аз 23 августи соли 2019 муайян гардида, муҳлати ба анҷом расидани лоиҳа 57 моҳ пешбинӣ шудааст.

Тибқи қарордоди баимзорасида, маблағи пешбинишуда барои татбиқи лоиҳа 153,6 млн. доллари амрикоӣ буда, марҳила ба марҳила таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВ ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он, бо зиёд намудани иқтидори неругоҳ аз 126 МВт то ба 174 МВт пешбинӣ гардидааст.

То ба имрӯз дар доираи лоиҳаи таҷдиди НБО «Қайроққум» як қатор корҳои таҳқиқотии топографӣ, геофизикӣ, геотехникӣ, андозагирии қисми обгузар ва бетонии неругоҳ, таҳқиқоти кисми зериобӣ, озмоиши модели турбина, азназаргузаронии ҳолати зериобии таҷҳизоти гидромеханикӣ ва қисми бетонӣ, гирифтани намунаҳо барои гузаронидани озмоиши лабараторӣ, лоиҳакашии муфассал доир ба таҷҳизоти ёрирасон, корҳои омодасозӣ, тартиби нақшаҳои бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист, нақшаи таҳия ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ва нақшаи сифат иҷро гардидаанд.

11.06.2021, шаҳри Гулистон
 

11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиëев дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд аз Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Қолинҳои Қайроққум" дидан намуданд.

ҶСК "Қолинҳои Қайроққум " тӯли 60 сол боз фаъолият дошта, бо истеҳсоли қолинҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл дар бозори дохил ва хориҷ мавқеи хос дорад.

Нахуст Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиëев бо фаъолияти хатҳои истеҳсолии корхона шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2018 дар доираи «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» аз кишварҳои Белгия, Олмон ва Франсия таҷҳизоти истеҳсоли риштаи полипропилении пати қолин ворид гардида, васлу насб карда шудааст. Дар ин хати истеҳсолӣ 70 нафар, асосан занону духтарони маҳаллӣ фаъолият мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки қаблан ашёи хом барои истеҳсоли қолин ба корхона аз хориҷа ворид карда мешуд ва баъди ба кор андохтани таҷҳизоти нав имкон фароҳам омад, ки истеҳсоли 60 фоизи ашëи хом барои истеҳсоли қолин дар дохил ба роҳ монда шавад. Ин дастовард барои корхонаи "Қолинҳои Қайроққум" арзишманд аст. Иқтидори хати истеҳсоли ришта дар як моҳ 300 тоннаро ташкил медиҳад. Бо ин иқтидор ҷамъият имкон дорад корхонаҳои дигари истеҳсоли қолинро дар ҷумҳурӣ бо ашёи хом, аз ҷумла ришта таъмин намояд.

Роҳандозӣ намудани истеҳсоли ашёи хом, хоса ришта ба таъмин гардидани кори мунтазами истеҳсолот ва рақобатпазирии маҳсулот дар бозор, коҳиш ёфтани арзиши аслии он, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд. Дар доираи ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон қисман ашëи хом барои истеҳсоли ришта ба корхона аз ин кишвари ҳамсоя ворид карда мешавад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиëев иттилоъ дода шуд, ки дар ояндаи наздик содироти маҳсулоти тайëр, яъне қолин аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон роҳандозӣ мегардад. Дар ин самт замина фароҳам оварда шудааст.

Дар сехи бофандагӣ роҳбарони ду давлат бо таҷҳизоти истеҳсолот шинос шуданд. Таҷҳизоти бофандагӣ замонавӣ мебошад. Дар заминаи таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 ин ҷониб ба корхона дастгоҳи муосири тортании ширкати «Мир Макина»-и давлати Туркия, 7 дастгоҳи пешқадамтарини бофандагии ширкати «Ван-де-Вил»-и Белгия, хати экструзионӣ барои истеҳсоли риштаҳо ва дигар таҷҳизоти хатҳои технологии ширкатҳои бонуфузи давлатҳои Олмон, Белгия, Туркия, Франсия, Ҷопон ва Россия ворид карда шуданд.

Агар то даврони соҳибистиқлолӣ ҳосилнокии меҳнати як корманд дар корхона 1384 метри мураббаъро ташкил медод, пас ин нишондод дар ҳоли ҳозир ба зиёда аз 5960 метри мураббаъ баробар шудааст. Тафовут дар ин давра 4,3 маротиба зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсолот дар ҶСК "Қолинҳои Қайроққум" сол то сол зиëд мегардад. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар корхона 957,9 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти қолинӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020  347,4 ҳазор метри мураббаъ ё 56,9 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли ришта ба 730,21 тонна баробар гардидааст. Ин нишондод дар муқоиса ба соли гузашта 308 тонна  ё 72,9 фоиз зиёд мебошад.

Дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиëев тавассути монитор шароити мавҷудаи биноҳои маъмурию маишӣ барои кормандон муаррифӣ карда шуд. Тавре аëн гардид, биноҳои маъмурию маишӣ аз таъмири пурра бароварда шудаанд ва бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз гардида, беҳтарин шароит барои кор фароҳам оварда шудааст.

Зикр гардид, ки соли 2019 ду автобуси истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои хизматрасонии кормандон дастрас карда шуд ва ин омил дар пешбурди фаъолияти корхона заминаи мусоид гузошт.

Айни замон дар корхонаи "Қолинҳои Қайроққум" 500 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мебошанд, ки 47 дарсади онро занҳо ташкил мекунанд.

Иқтидори истеҳсолӣ ва технологияи имрӯзаи корхона имкон медиҳад, ки  ҳамаи дархости харидорон новобаста аз дизайн, коллексия ва ё ҳаҷм дар муддати кӯтоҳтарин иҷро карда шавад. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона дар ҳолати имруза 3 миллион метри мураббаъро ташкил медиҳад.

 Дар идомаи боздид аз ҶСК "Қолинҳои Қайроққум" Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиëев аз намоишгоҳи корхона, ки дар он номгӯи зиëди маҳсулоти тайëр ва ашëи хом барои истеҳсоли қолин ба маъраз гузошта шудааст, боздид ба амал оварда, ба сифати истеҳсолот ва рақобатпазирии он дар бозори дохил ва хориҷи кишвар баҳои баланд доданд. Дар намоишгоҳ номгӯи зиëди қолин бо ҳаҷм, шакл ва тарҳи гуногун ба намоиш гузошта шуд. Имрӯз дар ҶСК "Қолинҳои Қайроққум" зиёда аз 2000 намуд қолин бо нақш, андоза ва тасвирҳои гуногун истеҳсол карда мешавад. Дар қолинҳои нави корхона нақшу нигори миллӣ омехта бо санъати муосир, мавзеъҳои зебо ва ҳайвоноти нодири Тоҷикистон тасвир ëфтаанд. Дар гӯшаи алоҳида қолинҳое ба намоиш гузошта шуданд, ки дар онҳо мавзеъҳои таърихию сайëҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин расми шахсиятҳои барҷастаи ду миллати бо ҳам қарин-тоҷику ӯзбек, аз ҷумла Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ таҷассум ëфтаанд.

Дар ҳамин ҷо ба Сарони давлатҳои ба ҳам дӯсту бародар-Тоҷикистон ва Ӯзбекистон интернет-мағоза ва нуқтаҳои фурӯши қолинҳо намоиш дода шуд. Интернет-мағозаи корхона соли 2020 ташкил гардида, ҳадаф боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба харидорон мебошад. Тавассути интернет-мағоза харидорон имкон доранд, осон ва бо нархҳои дастрас қолин интихоб намуда, фармоиш диҳанд ва дар муҳлати кутоҳ дастрас намоянд. Нуқтаҳои фурӯши корхона низ новобаста аз мавзеи ҷойгиршавӣ дорои имконияти васеи интихоби маҳсулот мебошанд.

Сарони давлатҳо-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиëев ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, рушд бахшидани истеҳсолот, васеъ намудани ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла боз ҳам густурда намудани ҳамкориҳоро дар самти содироту воридоти маҳсулот байни Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳим шумориданд.

11.06.2021, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
 

Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Хуш келипсиз, азиз дӯстлар!
Дӯстон ва меҳмонони азиз!
Хуш омадед!

Шуморо бо камоли самимият дар Қасри «Арбоб» -и вилояти Суғд хайрамақдам мегӯям!

Имрӯз мо шоҳиди рӯйдоди таърихӣ ҳастем.

Бори нахуст дар таърихи муосири муносиботи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон роҳбари давлати ба мо ҳамсоя ва дӯсти Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ҳузур доранд.

Бисёр муҳим аст, ки сафари расмии  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишвари мо дар соли  30-юмин солгарди  соҳибистиқлолии давлатҳои  мо сурат мегирад.

Бо истифода аз имконият, дар шахси Шумо, Шавкат Миромоновичи  азиз, мехоҳам тамоми мардуми наҷиби Ӯзбекистони бародарро бо ин ҷашни таърихӣ самимона табрик намоям.

***

Истиқлолияти давлатӣ ба халқи Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст.

Халқи Тоҷикистон фоҷиаи муқовимати шаҳрвандиро, ки мамлакати мо дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ бо он мувоҷеҳ шуд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Он боиси харобиҳои азим ва маҳрумиятҳо гардид.

Тавре маълум аст, маҳз дар Қасри фарҳанги «Арбоб» воқеаҳое рух доданд, ки дар ташаккули Тоҷикистони нави соҳибистиқлол ва мустақил нақши таърихӣ доштанд.

Маҳз дар ҳамин ҷо қарорҳое қабул шуданд, ки пойдевори давлатдории навини тоҷиконро гузоштанд.

Дар дохили деворҳои ин қаср роҳи қатъ кардани ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози мусолиҳаи миллӣ интихоб шуд.

Басо рамзист, ки имрӯз дар ин бинои таърихӣ, ки таҷассуми сулҳ, ризоият ва созандагӣ мебошад, мо бо дӯст ва бародари азизам муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев бо фаъолон, намояндагони ҷомеа, аҳли илм ва зиёиёни эҷодкори вилояти Суғд мулоқот мекунем.

Боварӣ дорам, ки натиҷаҳои сафари расмии кунунии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пойдевори боэътимоди дӯстӣ ва шарикии  стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро мустаҳкамтар хоҳанд кард.

Байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муносиботи боэътимод вуҷуд доранд ва ба мо имкон медиҳанд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобила мутобиқи нақша инкишоф бидиҳем.

Ҷоиз аст, ки сатҳи баланди ҳамкории мутақобила ва тавсеаи робитаҳо байни минтақаҳо, инчунин минтақаҳои наздимарзии ду кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд ба таври хос  зикр карда шавад.

Дар ин замина, мехостам аз номи сокинони вилояти Суғд ба муҳтарам Шавкат Миромонович барои саҳми бузургашон дар фароҳам овардани шароит барои ҳамлу нақли озоди одамон ва молҳо дар байни кишварҳоямон миннатдорӣ баён намоям.

Таърихи муносиботи мутақобилаи халқҳои тоҷик ва ӯзбек аз анъанаҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ, дастгирии якдигар ва кумак ба  ҳамдигар ғанӣ аст.

Мо дар хотир дорем, ки дар лаҳзаҳои барои кишвари мо душвортарин халқи ӯзбек ҳамеша ба мо дасти ёрӣ дароз мекард.

Дӯстони азиз,

Дар саргаҳи анъанаҳои неки башардӯстона дар муносибот байни Тоҷикистон ва  Ӯзбекистон ниёгони маъруфи мо, чунин шахсиятҳои бомаърифати  даврони худ, ба мисли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ қарор доштанд.

Бинобар ин, вазифаи мо дар марҳилаи кунунӣ идома додани рисолатест, ки ниёгони бузургамон онро оғоз бахшида буданд.

Дар ҳама давру замон моликони дониш ва принсипҳои олии ахлоқӣ, ки намояндагони аҳли зиё мебошанд, дар рушди давлатҳо, ташаккул ва тарбияи ҷомеа дар рӯҳияи сулҳу ризоият ва таъмини фазои дӯстӣ ва муносиботи неки ҳамҷаворӣ байни халқҳо нақши калидӣ доштаанд.

Шоири бузурги мо Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» -и безаволи худ андешаҳояшро дар мавриди аҳамияти дониш чунин баён кардааст:

«Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад».

Ин суханони шоир ва мутафаккири бузург моро водор месозанд, ки тамоми қувва ва воситаҳоро барои таҳкими неруи зеҳнии ҷомеа ҳамчун заминаи асосии ташаккули давлати неруманд ва сифатан баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ сафарбар намоем.

Мо аз тамосҳои рӯзафзуни илмӣ ва фарҳангии байни кишварҳоямон дар солҳои охир самимона хурсандем.

Боварӣ дорам, ки дар солҳои оянда роҳи татбиқи амалии чорабиниҳои муштараки илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ идома хоҳад ёфт.

Ҳукуматҳои ду кишвар барои фароҳам овардани шароити зарурӣ кӯшиши зарурӣ ба харҷ хоҳанд дод.

Дӯстони азиз,

Дӯстии тоҷикон ва ӯзбекҳо — манбаи фанонопазири  қувва, неру ва илҳом барои халқҳои мо аст.

Дӯстии мо — калиди ҳалли ҳамаи масъалаҳо ва вазифаҳои ҳалнашаванда аст.

Мо муваззафем, ки дӯстии халқҳоямонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Дар кори наҷиби ҳифз ва таҳкими минбаъдаи он мо аз тамоми  қишрҳои фаъоли ҷомеаи кишварҳоямон, ба шумули зиёиён, умеди калон дорем.

Дар фарҷом, иҷозат фармоед бори дигар Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович ва тамоми бародарони ӯзбекамонро дар вилояти Суғд хайрамақдам бигӯям.

Поянда бод дӯстии халқҳои Тоҷикистони ва Ӯзбекистон!

Бигзор, сулҳу субот дар хонадони мо ҳамеша устувор бошад!

Бигзор, бахту саодат ҳамеша насиби мо бошад!

Саҳифа аз 7 то 12
 
http://www.zoofirma.ru/