wrapper

Материалы отфильтрованы по дате: Декабр 2020
  Эҳтиром ба забони модарӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани ин забони ноб, бешубҳа сарчашмаи беназири худшиносӣ, худогоҳӣ ва пойдевори асили миллат мебошад. З-ин рӯ ба ифтихори гиромидошти забони модарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суханҳои ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи забони модарӣ”-ро пешкаши хонандагони гиромӣ менамоем.
  Дар таърихи адабиёти тоҷик шоирону мутафаккироне буданд, ки на фақат ба забони тоҷикӣ, балки ба забони арабӣ низ шеър эҷод менамуданд ва аз ашъори шоирони араб тазмин мекарданд ва асарпазирӣ менамуданд, ки аз ин қабил мо устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Масъуди Саъди Салмон, Мануҷеҳрии Домғонӣ, Фаррухии Сиистонӣ, Унсурии Балхӣ, Ҳоқонии Шарвонӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигаронро метавонем мисол оварем, ва ин асарпазирӣ дар эҷодиёти Мавлоно низ ба мушоҳида мерасад.
  Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста озмунҳои созанда, ба мисли “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” барпо мегардад, то ҷомеаро дар партави шиори “Илм-фурӯғи маърифат” аз бесаводӣ ба сӯи босаводӣ, аз бекорӣ ба сӯи корёбӣ, аз беҳунарӣ ба самти ҳунаромӯзӣ роҳнамоӣ намояд.
  Вусъати муносибатҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бори дигар дурустии сиёсати «дарҳои кушод»-и пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонро дар оғози солҳои 2000 бозгӯ менамояд. Дар давоми 30 сол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ҳамкориҳо барқарор шуда, ташаккул ёфтанд. Дипломатияи муосири тоҷик ба ҳалли вазифаҳои мубрами минтақавӣ ва сатҳи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст. 
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари саноатӣ-аграрии Покистон дорои аҳамияти муҳим мебошад. Зеро ин кишвар дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ дорои саноати пешрафта буда, ба блоки кишварҳои дорои яроқи ҳастаӣ шомил аст, омӯзиши таҷрибаи ин кишварҳо барои Тоҷикистони мустақил боарзиш мебошад.
Саҳифа аз 1 то 257