wrapper

Материалы отфильтрованы по дате: Октябр 2022
  Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой аз ҷиҳати ҷуғрофӣ бо ҳамдигар ҳамсоя буда, дар тӯли асрҳои зиёд шарик буданд. Роҳи қадимаи Абрешим беш аз 2 ҳазор сол қабл ба халқҳои ду кишвар имкон дод, ки ҳамгироии таърихӣ ба даст оранд, робитаҳои дӯстонаи ба ҳам судбахшро аз насл ба насл мерос гузоранд. Ҳукумати Чин яке аз аввалинҳо шуда истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистонро эътироф намуд. Аз он вақте ки ду кишвар муносибатҳои дипломатиро барқарор карданд, таҳти роҳбарии роҳбарони Қазоқистон ва Чин дар тӯли ин солҳо муносибатҳои ду кишвар устуворона ба сатҳи нав баромад.
  Ҳудудҳои қитъавӣ ва ҷазиравии байни Ҳиндустон, Чин ва Австралияро минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ меноманд. Инчунин нимҷазираи Ҳиндухитой, галаҷазираҳои Малай ва қисми осиёгии ҳавзаи уқёнуси Оромро ҳамчун минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мешиносанд. Дар мафҳуми имрӯзаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ёздаҳ давлати мустақил Ветнам, Камбоҷа, Лаос, Мянма, Таиланд, Малайзия, Сингапур, Индонезия, Бруней, Тимори Шарқӣ ва Филипин шинохта мешаванд. Давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба ду гурӯҳ - қитъавӣ ва ҷазиравӣ ҷудо карда мешаванд ва 4,500,000 километри мураббаъ масоҳат дорад. Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бо Чини Ҷанубӣ, Ҳиндустони Шарқӣ, Гвинеяи Ғарбӣ ва Австралияи Шимолӣ ҳамсарҳад аст ва дастрасии комил ба роҳҳои баҳрии ҷаҳониро дорад. Дар ин минтақа зиёда аз 100 халқияту миллат ва зиёда аз 650 млн. одамон сукунат доранд, ки он 8,62 %-и аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад, пайравони дину мазҳабҳои мухталиф ҳастанд ва бо забонҳои гуногун муошират мекунанд.
  Ҷумҳурии Индонезия дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҷойгир гардидааст. Аз лиҳози ҳудуд бо масоҳати 1 919 440 км² яке аз кишвари калонтарин дар минтақа мебошад. Тибқи маълумоти соли 2020 аҳолии он 270 203 917 нафарро ташкил медиҳад [15]. Ҳамчун кишвари сераҳолитарин баъди Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷаҳон ҷойи 4-умро ишғол мекунад. Индонезия бузургтарин давлати ҷазиравӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст. Кишвар дар ҷазираҳои Архипелаги Маллак ва қисми ғарбии ҷазираи Гвинеяи Нав ҷойгир мебошад, ки онро обҳои уқёнусҳои Ором ва Ҳинд иҳота намудааст. Қисми зиёди ҷазираҳои он ба ҷазираҳои Зонд тааллуқ доранд, ки онҳо дар навбати худ ба Ҷазираҳои Зонди Бузург ва Зонди Хурд тақсим мешаванд. Кишвар бо Малайзия, Папуа Гвинеяи Нав ва Тимори Шарқӣ марзҳои хушкӣ дорад. Ҷумҳурии Индонезия ба 34 воҳиди маъмурӣ-ҳудудӣ тақсим мешавад, 32-тои он ба вилоят ва 2 тои он ноҳияи махсус буда, аз рӯи мақом ба вилоят баробар аст.
  Сиёсати иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар банди 2.6.-и Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баён ёфтааст: «Бо назардошти мавқеи геополитикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои табииву демографӣ ва сатҳи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии он, сиёсати хориҷии кишвар ба таври воқеъбинона ва амалгароёна ба роҳ монда мешавад. Он бо эҳтиёҷоти иқтисодии давлат робитаи узвӣ пайдо намуда, таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми робитаҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва дастгирии сиёсию дипломатии манфиатҳои иқтисодии онро ҳадафи худ қарор медиҳад».[1]
Саҳифа аз 1 то 4