wrapper

Материалы отфильтрованы по дате: Январ 2022
  Ҷумҳурии Корея дар минтақаи Осиёи Шарқӣ, нимҷазираи Шимолӣ-Шарқӣ ҷойгир буда, ҳамчун кишвари пешрафтаи минтақа ба ҳисоб меравад. Дар баробари рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ соҳаи фарҳангу сайёҳӣ ва туризм рушд ёфта, рӯз то рӯз тараққӣ намуда истодааст.  Кореяи Ҷанубӣ фарҳангу анъанаҳои таърихан бойю нотакрор дорад. То замони муосир ин фарҳангу анъанаҳои миллию таърихиро идома дода, дар ҷаҳон машҳур гардидаанд. Таърихи пайдоиши Фарҳанги Корея аз замони муттаҳидшавии Силла (дар асри VII-X) рушд ёфт. Дар тӯли ду аср кишвар ягон ҷанг ё дигар низоъҳои беруна таъсир нарасонд, ки  ба пешрафти фарҳанг имконият дод. Дар пойтахт қасрҳои шоҳӣ ва масҷидҳои буддоӣ пайдо шуданд. Баъзе ёддоштҳои машҳур (масалан, масҷиди Саккура ва Пулгукса) аз ҷониби устоҳое, ки эътиқоди динӣ доштанд, сохта шуда буд. Нақши Конфутсия пуршиддат буд. Кореягиҳо ақидаҳои миллӣ-фарҳангии ҷамъиятро нигоҳ доштанд, ки онро дар даҳсолаҳои асри X ҷорӣ намуданд ва дар натиҷа давлати Корё пайдо шуд. Аввалин бор кишвар ягона гардид ва барои  ситоиш кардани кишвар дар Шарқи дур истеҳсол намудани ашёҳоро шурӯъ намуданд. Корё бо маҳсулотҳои  фарфорӣ, оинаҳои биринҷӣ ва кӯзаҳо машҳур аст.  Сарфи назар аз вобастагӣ аз сулолаи муғул, кишвар анъанаҳои худро нигоҳ карда тавонист.

  ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

  Ҳангоми омӯзиши таҷрибаи иқтисодии кишварҳои пешрафта, ҷиҳати истифода аз он дар амалисозии ҳадафҳои рушди худ, нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии онҳо маълумоти зиёдеро дода метавонанд. Дар воқеъ, ҳама назару гипотезаҳо дар омӯзиши рушди иқтисоди як кишвар ба далелу рақамҳо ниёз доранд. Агар як кишварро пешрафта меномем, ҳатман нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳем, то барои иддаои худ далели рақамӣ дошта бошем.
  Дар Ҳиндустон дар сатҳи давлатӣ асосан се ҷашни миллӣ ҷашн гирифта мешаванд, ки инҳо Рӯзи истиқлолият (15-уми августи соли 1947), Рӯзи ҷумҳурӣ (26-уми январи соли 1950) ва Рӯзи таваллуди ходими барҷастаи сиёсӣ ва давлатии Ҳиндустон Маҳатма Ганди (2-юми октябри соли 1869) мебошанд.
Саҳифа аз 2 то 4
 
http://www.zoofirma.ru/