wrapper

Материалы отфильтрованы по дате: Март 2022
  Шоҳроҳи  абрешим–як масири пайвасткунандаи Шарқ ва Ғарб буд, ки дар таърихи кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти махсусро касб намудааст. Ин роҳ сабаби пайдоиши бисёр шаҳрҳои беназир, ёдгориҳои таърихӣ, гумрук ва ҳатто давлатҳо шудааст. Шоҳроҳи  абрешим–аз асри II п.а.м. то асри XV мелодӣ арзи вуҷуд кардааст. Чунин ном гирифтани он рамзӣ аст. Вожаи «Шоҳроҳи абрешим» (Great silk road) танҳо дар охири асри XIX пас аз нашри китоби таърихшинос Фердинанд Рихтгофен таҳти унвони «Хитой» ба илм ворид карда шуд. Азбаски матоъҳои абрешимии Хитой, махсусан атлас, ё худ шоҳӣ, ки яке аз молҳои асосии тоҷирон ба ҳисоб мерафт, минбаъд аз тарафи тадқиқотчиён номи «Шоҳроҳи  абрешим» - ро гирифт.
  Пандемияи “COVID-19” ба ғайр аз гирифтани ҷони миллионҳо инсон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хисороти зиёди иқтисодӣ овард. Аз оғози вокунишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин вабои аср маълум буд, ки моро мушкилоти иқтисодӣ низ дар пеш аст. Чунки чораҳои иҷбории гирифташуда дар баробари паҳншавии босуръати бемории мазкур ба даромади мардум, истеҳсоли маҳсулот ва интиқоли молу коло таъсири манфӣ мерасонд. Илова бар ин, аз меъёр зиёд шудани талабот ба молу маҳсулот дар сатҳи ҷаҳонӣ дар соли 2021, боиси болоравии нархи аксари маҳсулот дар ҷаҳон гашт. Сар карда аз нархи нафт, ки нақши он дар арзиши аслии анқариб тамоми молу маҳсулот муассир аст. Халалдор шудани занҷираи интиқоли молу маҳсулот дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла ИМА ва Британия, ба пастшавии таклифот ва қимматшавии онҳо дар соли гузашта оварда расонд. Дар натиҷа қимматшавии молу маҳсулот дар соли 2021 дар 13 соли ахир аз ҳама зиёдтар буд.
  29 марти соли 2022 семинари маҷозӣ зери унвони “Мушкилот ва таҳдидҳо ба амнияти минтақа ва роҳҳои ҳалли он: назар аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” баргузор гардид.
Сешанбе, 29 Март 2022 04:57

МАҚОМИ ЗАН ДАР ШАРҚ ВА ҒАРБ

  Боиси зикр аст, ки дар тӯли таърих Шарқ ва Ғарб дорои тамаддуни хос аст. Ҳамчунин арзишҳои маънавии онҳо вижагиҳои воло дорад, ки аз ҳамдигар ба маротиб фарқ доранд. Яке аз масоили баҳсталаб, ки то ҳанӯз мутахассисон ва донишмандони дунёро ба худ ҷалб намудааст, мақом ва ҷойгоҳи зан дар ҷомеа мебошад.
Саҳифа аз 1 то 7