wrapper

ИОМДОА

ИОМДОА

БАРГУЗОРИИ VII – УМИН КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛИИ “НАҚШИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ДАР РУШДИ ИЛМ, ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯ”

  VII – умин конференсияи байналмилалии илмию амалии “Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технология” бо ташаббуси Шӯрои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар санаи 7 – уми декабри соли 2022 бо иштироки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси Шӯрои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мамадюсуфова Мену, раисони Шӯрои олимони ҷавони Академияи илмҳои Ҷумҳуриҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла намояндагон аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва инчунин дигар олимону муҳаққиқонои ҷавони дохилию хориҷӣ, ки дар Институти Геологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок доштанд. Муфассал ...

ТСЗЯН ТСЗЕМИН - СЕЮМИН ПЕШВО ВА ЯКЕ АЗ БУЗУРГТАРИН РОҲБАРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

  Тибқи иттилои Ҳизби Комунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Агентии иттилоотии Синхуа, санаи 30 ноябри соли 2022 соати 12:30 собиқ раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзян Тсземин дар синни 96-солагӣ дар Шанхай аз олам даргузашт. Тсзян Тсземин соли 1993 раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб гардида соли 2003 ин мақомро тарк кард. Муфассал ...

ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАҲОИ ХОЛӢ

  ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
  ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАҲОИ ХОЛӢ
 
  Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
  1. Мудири шуъба – 1 ҷой;
  2. Сарходими илмӣ – 2 ҷой;
  3. Ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой;
  4. Ходими калони илмӣ – 1 ҷой;
  5. Ходими илмӣ – 1 ҷой;
 
  Шуъбаи Осиёи Марказӣ
  1. Мудири шуъба – 1 ҷой;
  2. Ходими калони илмӣ – 1 ҷой;
 
  Шуъбаи Аврупо ва Америка
  1. Мудири шуъба – 1 ҷой;
  2. Ходими калони илмӣ – 1 ҷой;
  3. Ходими илмӣ – 1 ҷой;
  4. Ходими хурди илмӣ – 2 ҷой;
 
  Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик
  1. Мудири шуъба – 1 ҷой;
  2. Ходими хурди илмӣ – 2 ҷой.
 
  Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
  Дар озмун барои ишғол намудани вазифаи холии сарходими илмӣ – шахсоне, ки дараҷаи илмии доктори илм ва доктор ҳабилитат доранд, иштирок карда метавонанд; ба вазифаи ходими пешбари илмӣ – шахсоне, ки дорои дараҷаи илмии доктори илм, доктор ҳабилитат, номзади илм ва доктор PhD – аз рӯи ихтисос, ки на камтар аз 5 (панҷ) сол собиқаи кории илмӣ доранд; ба вазифаи ходими калони илмӣ – шахсоне, ки дорои дараҷаи илмии доктори илм, доктор ҳабилитат, номзади илм ва доктор PhD – аз рӯи ихтисос ва ба таври истисно кормандоне, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон на кам аз даҳ сол собиқаи кории илмӣ доранд; ба вазифаи ходими илмӣ – шахсоне, ки номзади илм ва доктор PhD – аз рӯи ихтисос ва шахсоне, ки дорои маълумоти олии касбӣ ва ҳадди аққали собиқаи кории илмӣ на кам аз 3 (се) сол дошта бошад; ба вазифаи ходими хурди илмӣ – шахсоне, ки номзади илм ва доктор PhD – аз рӯи ихтисос ва шахсоне, ки маълумоти олии касбӣ (магистр ё мутахассис) ва лаёқати пеш бурдани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ доранд.
  Инчунин донистани яке аз забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла итолиёӣ, испанӣ, индонезӣ, даниягӣ, кореягӣ, ҷопонӣ ва хитоӣ ҳатмӣ мебошад.
 
  Барои озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба унвони роҳбари Институт;
  • варақаи шахсӣ (бо дасти худ пуркарда) бо 4 дона расми 3х4;
  • тарҷумаи ҳол;
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳо (диплом) дар бораи таҳсилот ва унвони илмӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038 УЕ);
  • дафтарчаи меҳнатӣ;
  • варақаи ҷои истиқомат;
  • маълумотнома дар бораи доғи судӣ;
  • папка-файл;
  • маълумотнома (CV);
  • СИН ва РМА
  Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо - 21 рӯз  баъди нашри эълон дар матбуоти даврӣ.
 
Телефон барои тамос:  221-03-40, 987-66-57-37.
Муфассал ...
 
http://www.zoofirma.ru/