Эълонҳо

ЭЪЛОН
Ба диққати ҳамаи кормандони Институт расонида мешавад, ки санаи 28-уми июни соли 2022 соати 8:30 дар кафедраи забонҳои хориҷӣ конфренсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ИДМ-30 СОЛИ ҲАМКОРӢ: ТАЪРИХ, ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО” баргузор мегардад.
Муфассал ...ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАҲОИ ХОЛӢ
ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
Муфассал ...
Робитаҳои адабии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар замони муосир
Пайдост, ки равобити адабии тоҷику араб ҳанӯз аз замони қадим вуҷуд дошта, ин муносибатҳо таърихи мадиди дуҳазорсоларо доро мебошанд. Баъди нуфузи дини ислом дар кишварҳои аз ҷониби мамолики Араб тасаллутшуда забони расмӣ забони арабӣ маҳсуб меёфт ва ходимони сиёсиро ҳатман мебоист, ки забони арабиро хуб бидонанд. Дар асрҳои миёна шоирони дузабона пайдо шуданд, ки таълифоти хешро бо ду забон менигоштанд. Асрҳои VIII-IX марҳилаи адабиёти арабизабони форсу тоҷик маҳсуб меёбад, зеро дар ин аҳд шоирони форснажод осори худро комилан бо забони арабӣ таълиф менамуданд. Пас аз асри Х аз устод Рӯдакӣ оғоз намуда, дигар шоирон ба навиштани шеърҳои форсӣ шурӯъ намуданд, вале забони арабӣ ба осори қариб ҳамаи суханварон таъсир намуд.

СЕМИНАР: МОҲИЯТИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН
Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 - уми октябри соли 2019 соати 10:00 таҳти унвони «Моҳияти ҳадафи чоруми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари илмӣ-амалӣ баргузор мегардад.
Дар семинар, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Ёрмаҳмад Ниёзӣ, кормандони масъули Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон ширкат ва суханронӣ хоҳанд намуд.
Семинар дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, иштирок дар он озод аст.
Суроға: шаҳри Душанбе хиёбони Рӯдакӣ 33, бинои асосии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ. Муфассал ...