wrapper

Хабарҳо

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ санаи 29 октябри соли 2019 соати 10:00 конференсияи  илмӣ-амалиро таҳти унвони «Хитой ва Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамои ҳамкорӣ» баргузор менамояд. Дар доираи конференсия муҳокимаи маърӯзаҳо аз рӯйи самтҳои зерин пешбинӣ мегардад:

  1. Стратегияи ҳамкориҳои Тоҷикистону Хитой;
  2. Равобити фарҳангӣ, илмӣ ва технологии Тоҷикистону Хитой;
  3. Рушди муносибатҳои иқтисодии ду кишвар;
  4. Мушкилот ва дурнамои ҳамкориҳо.

Забони кории конференсия: тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ.

Талабот ба таҳияи мақолаҳо ва кори конференсия:

- риояи меъёрҳои нигориши мақолоти илмӣ ҳатмист;

- мақола қаблан дар ҳеҷ ҷой нашр ва ироа нашуда бошад;

- ҳаҷми мақола бо назардошти рӯйхати адабиёти истифодашуда то 5-8 саҳифаро тибқи формати А-4 дарбар гирад;

- ҳуруфи асосӣ Times New Roman Tj, андозаи ҳарф -14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 бошад;

- интихоб ва қабули мақолаҳо ба ӯҳдаи ҳайати илмии конференсия аст;

- охирин муҳлати қабули мавод - 17 октябри соли 2019.

 Маводи конференсия дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо ба чоп мерасад.

 

Нишонии электронӣ барои ирсол кардани мақолаҳо:  This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Кумитаи тадорукот: Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИҶТ

Телефон барои тамос: (+992) 2210572, 2210592. Моб. 933609494, 919293105

 
http://www.zoofirma.ru/