wrapper

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 - уми октябри соли 2019 соати 10:00 таҳти унвони «Моҳияти ҳадафи чоруми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари илмӣ-амалӣ баргузор мегардад.
   Дар семинар, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Ёрмаҳмад Ниёзӣ, кормандони масъули Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон ширкат ва суханронӣ хоҳанд намуд.
   Семинар дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, иштирок дар он озод аст.
   Суроға: шаҳри Душанбе хиёбони Рӯдакӣ 33, бинои асосии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ.
Последнее изменение Чоршанбе, 30 Октябр 2019
 
http://www.zoofirma.ru/