wrapper

ИОМДОА

ИОМДОА

«Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлолият, дастовард ва дурнамо»

Рӯзи 6 сентябри соли 2021 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмии «Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлолият, дастовард ва дурнамо» баргузор гардид. Муфассал ...

Истиқлолият: зарурат масъулият ва дарки он

Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи мантиқии талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоҳу тамаддунсоз ва бонангу шарафманди тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонии худ мебошад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дониш андар дил чароғи равшан аст...

 (Ба муносибати Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ )
Дониш, донишомӯзӣ ва доништалабӣ истилоҳҳое ҷаззобу кашшофе мебошанд, ки аз ҷониби шоирону адибон ва  донишмандон мавриди таърифу тавсиф қарор гирифтанд. Ҳаминтавр,  калимаи сулҳ низ чун  як неъмати бебаҳост, ки  дар китобҳои осмонӣ аз ҷумла  Қуръони карим   “хайр” номида шудааст. Ин нишонгарӣ онаст, ки ҳар қавм ё миллатеки дар зери партави дониш ва сояи сулҳу оштӣ зиндагӣ ба сар мебарад, далолат бар он мекунад, ки ин миллатро Худованд дўст медорад. Мо тоҷикон  низ хушбахтона аз он миллате ҳастем, ки  ба  чунин неъмати пурарзиш сарфароз гардидаем. Шукрона аз он мекунем, ки муддати 30-сол мешавад, ки рушди донишу донишомӯзи ва офтоби сулҳу салоҳу амонӣ дар осмони кишвари азизамон партарафшониву нурафшонӣ мекунад. Ҳамаи ин бо баракат ва саъю талоши шабонарўзии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ғамхори миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи бо нангу номуси кишварамон ба даст омадааст.
 
http://www.zoofirma.ru/