wrapper

ИОМДОА

ИОМДОА

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - НАВИСАНДАИ САРНАВИШТИ ТОҶИКИСТОН

  Дар як лаҳзаи ҳассоси таърихие, ки чӣ интизор будани ояндаи Тоҷикистонро касе пешгӯӣ карда наметавонист ва ё касе аз гирифтани зимоми давлатдорӣ метарсид, ба корзори сиёсии давлатдории навини тоҷикон омадани Эмомалӣ Раҳмон фоли неке гардиду ДАВЛАТ, ВАТАН, МИЛЛАТ аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Дар шароити ногувори таърихӣ, ки тақдири миллати тоҷик баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ зери аломати савол қарор гирифта буд. Зеро дар пеши давлатҳои навтаъсиси пасошӯравӣ як қатор вазифаҳои душвор меистод. Аз ҷумла, муайян намудани роҳи давлатдорӣ, таъмини амният ва якпорчагӣ, мутобиқ намудани давлат ба фазои сиёсиву геополитикӣ олам ва ғайра. Барои Тоҷикистон низ ҳалли ин масъалаҳо дар мадди аввал қарор дошт. Ҳамзамон Тоҷикистони соҳибихтиёр ва навтаъсисро душманони дохилӣ ва хориҷӣ ба гирдоби бозиҳои сиёсӣ ва ноамниву бесомонӣ кашиданд. Зеро ҷанги таҳмилии шаҳрвандие, ки нисбати миллати тоҷик бори дигар ҳамон хиёнати таърихиро душманони мардуми тоҷик раво диданд ва мардуми осоиштаро ба майдонҳо кашида, балвои азимеро ба сари миллати мо оварданд. Ҳамзамон давлат бесоҳиб монда, асосҳои сохтори конститутсионӣ хароб гардиданд ва мақомоти давлатӣ салоҳиятҳои касбии худро иҷро карда наметавонистанд. Аҳли зиёи кишвар дар ин вазъияти нохуш ба сарнавишти Тоҷикистон бетараф набуданд ва барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсии кишвар чораҳои зиёде меандешиданд. Ва ин буд, ки барои боз гардонидани фазои сулҳу субот ва амнияту якпорчагии кишвар роҳ ба сӯи минтақаи нисбатан оромтар ба шаҳри Хуҷанд роҳ гирифтанд. Дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он 196 вакили мардумӣ ширкат варзиданд ва ин Иҷлосия аз 16 – уми ноябр то 2 – уми декабр идома ёфта, пеш аз ҳама роҳи давлатдории минбаъдаи Тоҷикистонро муайян кард, ки демократӣ эълон гардид; инчунин Эмомалӣ Раҳмон сарнавишти халқи тоҷикро ба даст гирифт. Муфассал ...

СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ГУСТАРИШИ ОН

  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шудааст. Муфассал ...

ЧАКИДАҲОИ МЕҲРБОРИ ҚАЛАМ

  Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муфассал ...
 
http://www.zoofirma.ru/