wrapper

ИОМДОА

ИОМДОА

Пасманзар ё натиҷагирӣ аз филми Гулобӣ ё Pink-и Ҳиндустон (Ба муносибати 30-юмин солгарди равобити диломатии Тоҷикистону Ҳиндустон)

  Давлатҳои ҷаҳон бо рушд ва эҷоди роҳҳои гуногун, аз ҷумла истифодаи неруи нарм муносибатҳои дипломатии худро тавсеа ва таҳким мебахшанд. Дар ин зимн метавон нақши эҷодкорон хусусан филмсозону нақшофаринҳои онҳоро хело муҳим арзёбӣ кард. Ин ҷо мехоҳем нигоҳе ба фестивали филмҳои Ҳиндустон дар Тоҷикистон (3-юм то 5-уми майи 2022 кинотеари Ватан)дошта, бошем. Зеро филму театрҳо ва коргардонону нақшофаринҳои онҳо дар баёни масоили мубрами иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти он хело нақши муҳим мебозанд. Аз чаҳор филми намоишӣ яке бо номи “Гулобӣ” ё Pink мебошад, ки таърихча ва хулосаи онро дӯст доштем то ба хонандаи тоҷик пешкаш намоем.

Аввалин тарҷумаҳо ва тарҷумонҳои асарҳои адибони Ҳинду Покистон ба забони тоҷикӣ

  Санаи 22.04.2022. дар маҷлисгоҳи Кафедраи забонҳои хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти Осиё ва Аврупо ва сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон семинари илмӣ тахти унвони «Роҷеъ ба тарҷумаҳо ва тарҷумонҳои асарҳои адибони Ҳинд дар Тоҷикистон» доир гардид.

Натиҷагирӣ аз сафарҳои расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса (солҳои 2019-2021)

  Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати “Дарҳои кушод”-ро пеш гирифт. Дар ин давра кишварро зарур буд, ки бо кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла бо Фаронса, Олмон, Австрия, Италия, Шоҳигарии Белгия, Эстония ва ғайра ҳамкориҳои дуҷониба барқарор намояд. Зеро Фаронса барои Тоҷикистон яке аз шарикони калидӣ ва боэътимод дар Аврупо ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷумҳурии Фаронса яке аз кишварҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро дар марҳилаи аввал эътироф кард ва 3 марти соли 1992 бо нахуст дипломати фаронсавӣ Пиер Андриё муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар барқарор гардид.
 
http://www.zoofirma.ru/