wrapper

ИОМДОА

ИОМДОА

Хушбинии эҳтиёткорона ё назаре ба мулоқоти рамзии Путин ва Байден

   Фазои сиёсии ҷаҳон таи чанд моҳи ахир, мутаассифона, хушбинона нест. Чунин ҳолат, ба иловаи оқибатҳои вазнини пандемия дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, мушкилиҳои муҳоҷирон, баланд рафтани нархи сӯзишвориҳо, поён омадани сатҳи зиндагии тӯдаҳои васеи мардумон дар саросари ҷаҳон ва ғайра,  ба тезутунд шудани муносибатҳои байн ду кишвари абарқудрат – Федератсияи Россия (ФР) ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) робитаи мустақим дорад. Дар маркази чунин ҳолати ғайриоддӣ, албатта, вазъи Украина ва ҳодисаҳои марбут ба ин кишвар, дар ҳамин замина истиқрори нерӯҳои НАТО дар ин минтақа ва наздикшавии бештари онҳо ба сарҳадҳои ФР қарор доранд. Кор то ҷое расида, ки ҳатто сафирони ФР ва ИМА ба кишварҳои худ бозхоста шуданд ва дараҷаи ҳамкориҳо аз тариқи муносибатҳои дипломатӣ ба андозаи нигаронкунанда поён рафт. Муфассал ...

Нашру тарғиби забон ва  адабиёт омили дӯстиву ҳамгироӣ миёни халқиятҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ

Бешак, забону адабиёт воситаи муассири шинохти масоили  мухими ҳаётӣ  буда, метавонад хонандаву соҳибзавқ  барои донистан ва дарки мушкилот  водор месозад. Тибқи овардаи донишманди тоҷик  С. Ятимов адабиёти ҳақиқӣ чӣ тавр ва барои кадом ормонҳо зистан ва ҷонфидоӣ карданро амалан меомӯзад ва меомӯзонад. Он неруи бузургест, ки дар системаи ягонаи таъмини манфиатҳои миллӣ заҳмати зеҳнӣ кашида, дар пойдорӣ ва рушди тафаккури миллӣ хизмати босазо карда метавонад.[1]   Ҳамин тавр, метавон зикр кард, ки адабиёт чун неруи нарм дар рушд ва муносибатҳо миёни кишварҳо кӯмак намуда, дӯстиву ҳамбастагиро тавсеа мебахшад. Муфассал ...

Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ - ҳолат ва пешомади ҳамкориҳои геополитикӣ

Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои геополитикии Русия ва Осиёи Марказӣ аз нуқтаи назари Осиёи Бузурги Марказӣ баррасӣ мешавад. Лоиҳаи Осиёи Марказиро ба маънои васеъ метавон як матритсаи стратегӣ номид, ки Иёлоти Муттаҳида дар робита ба Осиёи Марказӣ, минтақаи Хазар ва Афғонистон барои идоракунии дурусти вазъи геополитикӣ, низомию сиёсӣ ва геоиқтисодӣ истифода мекунад [14].
 
http://www.zoofirma.ru/