wrapper

ИОМДОА

ИОМДОА

Назари таҷлилие ба  нақши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар рушди илму маърифат

(Ба муносибати 70 солагии АМИТ ва нақши олимону ходимони он)
Дар Паёми солонаи Президенти кишвар, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои асосии муассисаҳои илмӣ аз ҷумла нақши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мавриди таъкид ва  баррасӣ қарор гирифта, чунин зикр шудааст: «Махсусан, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар маҳсуб меёбад... Олимони кишварро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти рақобати илмии ватанӣ корҳои таҳқиқотиву технологиро вусъат бахшанд». Муфассал ...

Сафари президент Байден ба Аврупо: паёмҳо ва паёмадҳо

 
Ҳамин чанд рӯз қабл, дар авохири моҳи октябр Президенти ИМА Ҷо Байден (Joe Biden) ба Аврупо сафари панҷрӯза анҷом дод. Ин сафар дар шароите сурат гирифт, ки авзои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои мухталиф дар асари оқибатҳои буҳрони маводи нафту газ ва сӯзишворӣ дар арсаи ҷаҳонӣ хеле тезу тунд гашта буд. Аз тарафи дигар, муносибатҳои байни ИМА ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар ҳамин замина ба андозаи назаррас коҳиш ёфта, муноқишаи байни ИМА ва Фаронса дар бобати қарордоди бисёрмиллиардаи марбут ба киштиҳои зериобии ҳаставии Австралия ба оташи ин ҳама ҳамдигарнофаҳмиҳо равған рехт. Ҳамчунон, Иттиҳоди Аврупо дар маҷмӯъ ва махсусан кишварҳое чун Лаҳистон ва Украина аз Ҳукумати Амрико сахт домангир буданд, ки ба иловаи иқдомҳои номақбули президенти собиқи кишвар Доналд Трамп (Donald Trump) дар бобати андози иловагӣ ба содироти оҳан ва алюминий аз Аврупо дар ҳаҷми 25%  ахиран Президент Байден чанде аз санксияҳои иқтисодии зидди Россияро перомуни лӯлаи газбари “Маҷрои Шимолӣ-2” (North Stream-2) бекор кардааст. Ва ниҳоят, мавқеи расмии ИМА дар бобати ҳифзи муҳити зист ва паст кардани шиддати иқлими саросари курраи Замин, ки бо эътироф накардани Тафоҳумномаи Париж ва хориҷ шудани ИМА аз ин қарордод ва дигар иттиҳодҳои фаромиллӣ дар даврони президент Трамп таҳти шиори “Аввал Америка” (America First) сурат гирифтанд, ба чунин фазои номусоид дар муносибатҳои ИМА ва Аврупо боис гаштанд. Муфассал ...

Конститутсия - баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ 

Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад. (Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон) Муфассал ...
 
http://www.zoofirma.ru/