wrapper

ИОМДОА

ИОМДОА

Омилҳои рушди иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Корея

Пас аз тақсимбандии Нимҷазираи Корея ба ду қисм, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дар соли 1953 нимҷазираи Корея вориди давраи нави таърихии худ шуд. Дар ин давра кишвар дар соҳаҳои сиёсат, амният, илму маориф, техникаю технология, тиҷорат, иқтисод, бонкдорӣ ва фарҳанг назаррас пешсаф шуд. Яке аз соҳаи муҳимтарин барои рушду пешрафти кишварҳо ин соҳаи иқтисод ва тиҷорат ба ҳисоб меравад. Омилҳои рушди иқтисоди Кореяи Ҷанубӣ ва раванди рушди он хусусияти махсуси таърихӣ дорад. Кореяи Ҷанубӣ ҳамчун бозингари сиёсӣ дар минтақа, ба гуруҳи кишварҳои даҳгонаи палангон, яъне “бабрҳои Осиё” шомил мебошад. Муфассал ...

Нигоҳе ба муносибатҳои Корея Ҷанубӣ бо кишварҳои Шарқи Наздик

Нимҷазираи Корея дар минтақаи Осиёи Шарқӣ ҷойгир буда, як кишвари пешрафтаи минтақа ба ҳисоб меравад, ки дорои аҳамиёти сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва амниятӣ мебошад. Нимҷазираи Корея баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар соли 1948 ба ду қисм, Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ, тақсим шуд. Баъд аз ин тақсимот ин ду кишвар низомҳои сиёсиву иқтисодии гуногунро интихоб карда, суръати рушди аз ҳам фарқкунанда доштанд. Кореяи Ҷанубӣ дар минтақа нақши хосса дорад, зеро ин кишвар дар давраи истиқлолият ба пешрафтҳои бузурге ноил гардидааст. Дар замони муосир аз ҷиҳати техникаю технология ва иқтисодиёт кишвари тараққиёфта ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Корея бо зиёда аз 189 кишвари дунё муносибатҳои сиёсиву дипломатии худро барқарор намудааст. Муфассал ...

Аҳамияти омӯзиши таҷрибаи иқтисодии кишварҳои муваффақ барои кишварҳои рӯ ба рушд

Омӯзиши таҷрибаи дигарон суръати ҳаракати моро баланд мебардорад. Дар пайраҳае, ки мо бояд пеш равем, дигарон пештар аз мо ҳаракат кардаанд ва ҳар хатое, ки дар ин ҷода доштанд, барои мо дарси ибрат буда метавонад. Яъне такрор накардани хатоҳои онҳо ва пешопеш огоҳ будан аз баъзе мушкилоти мавҷуда дар пайраҳаи мазкур имкон медиҳад, ки вақту маболиғи зиёде сарфа шавад. Ё дар мисоли кишварҳои номуваффақ мо метавонемдонем, ки сиёсати иқтисодии онҳо чӣ камбудиҳое дошта буд ва мо онро такрор накунем. Муфассал ...
 
http://www.zoofirma.ru/