wrapper

ИОМДОА

ИОМДОА

Осиёи Шарқӣ: мавқеи ҷуғрофӣ, аҳолӣ ва захираҳои табиӣ

Осиёи Шарқӣ ё Осиёи Шимолу Шарқӣ минтақаи муҳиме дар иқтисоди ҷаҳон буда, 2.3 дарсади масоҳати хушкии кӯраи Замин ва 20.9 дарсади аҳолии  онро ташкил медиҳад. Ин минтақа дар шимолу шарқи Осиё ҷойгир буда, 5 кишварро дар бар мегирад, ки онҳо Муғулистон, Ҷумҳурии мардумӣ-демократии Корея, Ҷумҳури Корея, Ҷопон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Истиқлолияти ҷазираи Тайван дар ин минтақа аз сӯйи Чин эътироф нашудааст ва аз ҳамин сабаб на дар ҳама адабиётҳо ин ҷазира ҳамчун кишвари алоҳидаи минтақаи Осиёи Шарқӣ оварда мешавад. Аммо дар воқеият ин ҷазира, аз поёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон инҷониб мустақил буда, модели иқтисодии ба худ хосро дорад ва дар ин муддат ба натоиҷи хуби иқтисодиву сиёсӣ даст ёфтааст.Бо вуҷуди ин, дар пойгоҳи додаҳои Бонки Ҷаҳонӣ Тайван ҳамчун кишвари алоҳида оварда нашудааст. Муфассал ...

Гузориш аз конференсияи ҷумҳуриявии илмию – назариявиро дар мавзӯи «Омили минтақавӣ дар сиёсат ва робитаҳои байнидавлатӣ дар ибтидои асри XXI»

Санаи 6-уми октябри соли 2021 Кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Конференсияи ҷумҳуриявии илмию – назариявиро дар мавзӯи «Омили минтақавӣ дар сиёсат ва робитаҳои байнидавлатӣ дар ибтидои асри XXI» баргузор намуд. Ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани конфронси мазкур дар кори он олимон ва мутахассисон аз макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони идораву муассисаҳои давлатӣ даъват гардид. Муфассал ...

Тамҷиду таъсирпазирии донишмандони Ғарб аз дарки ишқу маърифат, худшиносӣ ва адабу забони тоҷикӣ-форсии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ  (ба муносибати бузургдошти Рӯзи Мавлоно ва  Рӯзи Иқбол-30-уми сентябр, 9-уми ноябр)

Ҷаҳонро бояд ба чашми хирад  нигарист, то аз ҳақиқату каромати он хубтар огаҳӣ пайдо кард. Ин буд, ки донишманд ва муфаккири аср Муҳаммад Иқбол авваллин маротиба дар замони таълимоташ дар  Англия ва Олмон аз чашмаи сафои забони фораму ширини тоҷикӣ-форсӣ  нуши ҷон карда, аз ҳақиқату воқеияти ҳаёти башар огаҳӣ паёдо  кард, ки  акнун метавонад андешаҳояшро озоду ободу ором ба шунавадагонаш расонад. Муфассал ...
 
http://www.zoofirma.ru/