
ИОМДОА

- Ҷумъа, 22 Апрел 2022
Мавзӯи муқовимат дар ашъори шоирони тоҷик
Пайдост, ки мушкилоти ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварҳои мамолики Араб аз қабили Фаластин ва Сурияву Ироқ ҳанӯз дар ашъори суханварони аҳди шуравии тоҷик инъикоси хешро ёфта буд. Масалан, қаҳрамони миллати тоҷик устод Мирзо Турсунзода нобасомониҳо ва дарду ормонҳои мамолики Арабро дар манзумаҳояш хеле ҳассос ва таъсирбахш тасвир намудааст.

- Панҷшанбе, 21 Апрел 2022
Ҳамгироии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аз нигоҳи коршиносони минтака
Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ё Ҷануби Осиё аз минтақаи муҳими стратегӣ маҳсуб мешавад, ки бо кишварҳои бо иқтидори минтақавӣ, ташаббускору созандаи худ ба мисли Ҳиндустону Покистон дар ҳалли масоили гуногуни минтақа ва ҷаҳон нақш мебозад. Минтақа бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити хубу ҳасана дошта, дар эҷод ва рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ муштаракона бо ҳам ҳамкорӣ доранд.

- Панҷшанбе, 21 Апрел 2022
Нақши хонадони Бармакӣ дар рушди давлатдории Хилофати Араб
Солҳои аввали ба сари ҳокимият омадани сулолаи Аббосиён вазъи давлат беҳтар нашуд, балки назар ба давраи Умавиҳо боз бадтар гардид. Вазъи иқтисодии давлат бисёр хароб буд. Даромади замини иҷора бештар ба шакли молӣ буд. Аз заминҳои лалмӣ нисфи ҳосил ва аз заминҳои обёришаванда аз чаҳоряк то сеяки он ба фоидаи давлат ситонида мешуд. Баъзан аз рост наомадани тақвими қамарии мусулмонон бо тақвими шамсии зироат истифода намуда, дар як сол ҳукуматдорон ду мартаба хироҷ мегирифтанд. [2, с. 368]