wrapper

Эълонҳо

Семинар: Баррасии санъати таркиббандии лафзӣ дар осори Амир Хусрави Деҳлавӣ

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон 1 - уми марти соли 2019 соати 10:00 таҳти унвони «Санъати таркиббандии лафзӣ дар осори Амир Хусрави Деҳлавӣ» семинари илмӣ баргузор мегардад.
   Дар семинар, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Ёрмаҳмад Ниёзӣ, сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош, раиси Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон Ҳабибулло Раҷабов ва дигар меҳмонон ширкат ва суханронӣ хоҳанд намуд.
   Интизор меравад, ки дар он устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор, Мисбоҳиддин Нарзиқул дар мавзўи «Санъати таркиббандии лафзӣ дар осори Амир Хусрави Деҳлавӣ» баромад намояд.
   Семинар дар толори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, иштирок дар он озод аст. Муфассал ...
Хондан 1495 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

ЭЪЛОН!

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи кории худ ҷиҳати омӯзишу баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ, хосатан кишвраҳои Осиёи Марказӣ тасмим гирифтааст, дар мавзӯи “Вазъи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дурнамои рушди он” мизи мудаввари илмиро баргузор намояд. Муфассал ...
Хондан 904 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Доду ситади адабии Ҳиндустону Тоҷикистон (қарни ХХ – XXI) мавриди баррасӣ қарор мегирад

    Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон 18 - уми декабри соли 2018 соати 14:00 таҳти унвони «Доду ситадҳои адабии Ҳиндустону Тоҷикистон (қарни ХХ – XXI)» семинари имлӣ баргузор мегардад.

 Дар семинар директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шодимаҳмад Суфизода, сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош ва дигар меҳмонон ширкат ва суханронӣ хоҳанд намуд.

   Корманди Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, номзади имлҳои филологӣ Абдуҷалили Амон дар мавзўи «Доду ситадҳои адабии Ҳиндустону Тоҷикистон (қарни ХХ – XXI)» баромад хоҳад кард.

   Семинар дар толори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, иштирок дар он озод аст.

Муфассал ...
Хондан 1197 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Маҳфил: Зиёиёне, ки Осиёро аз нав сохтанд

   Ба диққати донишмандон, пажӯҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар мавзўи “Зиёиёне, ки Осиёро аз нав сохтанд” маҳфили илмӣ- оммавӣ баргузор менамояд.

  Он 30-юми ноябри соли 2018, соати 1400 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он авестошинос Бобоназари Ғаффор баромад хоҳад кард.

   Иштирок дар маҳфил озод аст.

Муфассал ...
Хондан 1139 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)
 
http://www.zoofirma.ru/