wrapper

Эълонҳо

ИЗҲОРИ ТАСАЛЛИЯТ

   Раёсат ва кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовини директои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Мадумаров Яқубҷон бинобар даргузашти бародараш изҳори ҳамдардии амиқ менамоянд ва ба якояки хешовандону дӯстони ин хонадон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонанд.

 

Муфассал ...
Хондан 1053 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Семинари илмӣ: Афкори фалсафии Маҳатма Гандӣ

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон 23 - уми октябри соли 2018 соати 10:00 ба муносибати 25 соли равобити дӯстӣ, 14-умин семинари илмӣ таҳти унвони "Афкори фалсафии  Маҳатма Гандӣ" баргузор мегардад.

   Дар семинар директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо ва сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош ширкат ва суханронӣ хоҳанд намуд.

   Доктор Муҳаммадалии Музафарӣ оид ба факори фалсафии Маҳатма Гандӣ баромад хоҳад кард.

   Семинар дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, иштирок озод аст.

Муфассал ...
Хондан 894 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

«МАВЛОНО-ВАСЛГАРИ ХАЛҚҲО ВА ТАМАДДУНҲО». Дар Душанбе Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад

   19-20 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷаста Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мавлоно-васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» баргузор мегардад. Дар он олимону муҳаққиқон ва донишмандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Эрону Афғонистон ва Германия иштирок менамоянд.

   Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмаҳмад НИЁЗӢ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи омодагиҳо ба ҳамоиши дарпешистода маълумот дода, зикр кард, ки ҳамоиши илмӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон тайи ду рӯз идома меёбад.

Муфассал ...
Хондан 1874 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

ЭЪЛОН!

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки 15-уми августи соли 2018 соати 10:00 бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон ба муносибати рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҳиндустон зери унвони «71- солагии Ҳиндустон: дастовард ва дурнамо» семинари илмӣ  баргузор мегардад.

Муфассал ...
Хондан 1122 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)
 
http://www.zoofirma.ru/