wrapper

Хабарҳо

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исса мулоқот намуд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ва муносибатҳо  миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин дар ҳоли рушд қарор доранд ва Тоҷикистон ба густариши ин ҳамкориҳо  таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. 
Раиси Маҷлиси намояндагон аз таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парламенти Давлати Фаластин ёдовар шуда, хостори бештари ҳамкориҳо шуд.
Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Фаластин ҷаноби Луай Исса аз раванди ободонию шукуфоиҳои кишвари Тоҷикистон ёдовар шуда, махсус таъкид намуд, ки мо воқеан ҳам бояд аз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон сабақ гирем. 
Ҷонибҳо ҳамчунин аз омода гаштани лоиҳаи 20 санади ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Давлати Фаластин изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ин маҷмӯи  санадҳо Созишномаҳое мебошанд, ки 7 тои он дар арафаи тасвиб буда, 6 санади дигар мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дорад.  
Боварӣ дорам - гуфт Маҳмадтоир Зокирзода - ташрифи Шумо дар густариши муносибатҳои оянда, таъмини шарикии судманди байни кишварҳоямон, хулоса дар ҳамаи самтҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаластин саҳми арзанда мегузорад. Мо аз ҷониби худ омода ҳастем, ки дар таҳкими муносиботи байнипарлумонии кишварҳоямон ба хотири густариш ва равнақу шукуфоии ду миллати дӯсту бародар мусоидат намоем.

Манбаъ: https://parlament.tj/news/589-mulo-oti-ma-madtoir-zokirzoda-bo-safiri-falastin  
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/