wrapper

Имрӯз (02.02.2021) дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Муноқишот миёни Эрону Исроил дар марҳалаи кунунӣ ва таъсири онҳо ба минтақа, аз ҷумла ба Тоҷикистон. Омилҳои асосии муноқишот байни Эрон ва Исроил" баргузор гарид, ки дар ин семинар Холназаров Назар, ходими калони илмии Институт суханронӣ намуд. Дар кори семинар устодону кормандони Институт иштирок намуданд. Матни комили суханронии муҳаққиқро манзури хонандаи азиз мегардонем.

Муносиботи Эрону Исроил таи чанд соли охир муттасил бадтар ва шадидтар шуда истодааст. Аз моҳи майи соли 2018 сар карда, яъне баъд аз хориҷ шудани ИМА аз Барҷом, таҳдиду фишорҳо нисбати Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷониби Исроил, Амрико, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар ҳаммаромонашон бо қувва ва миқёси ҳар чӣ бештар шурӯъ гардиданд. Баъзан тӯҳматҳо ва фишору таҳдидҳо то ба ҷое мерасиданд, ки нафаси шуми ҷанг ва забонаҳои оташи он ба хубӣ эҳсос мегардид. Ҳамин тариқ, соли 2019 бо хавотирӣ, нигаронӣ ва парешонӣ паси сар шуда, соли 2020 фаро расид.
Аз ибтидои соли 2020 сар карда, чунин фишорҳо ва зӯргӯиҳо бар зидди ҶИЭ аз нав ва бо қувваи чанд баробар шурӯъ гардида, вазъияти сиёси-ҳарбӣ ва иқтисодии Эрон ва минтақаро аз пештара ҳам бештар муташанниҷ гардониданд. Ҳамин ҳолат солҳои қабл низ зуд-зуд мушоҳида мегардид.
Бо фармони Д.Трамп кушта шудани яке аз генералҳои соҳибнуфуз ва шахсияти наздик ба Раҳбари Олии ҶИЭ Алии Хоманаӣ, фармондеҳи ҷузъу томҳои махсуси «ал-Қудс»-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, генерал-лейтенант Қосим Сулаймонӣ дар шаби 2-м ба 3-ми январи соли 2020 дар Ироқ, мушакборони пойгоҳҳои Амрико дар Ироқ бо мақсади интиқом ба куштори Сулаймонӣ аз ҷониби Эрон ва иштибоҳан зада ғалтонидани ҳавопаймои мусофирбари Украина аз тарафи қувваҳои мудофиаи ҳавоии Сипоҳи посдорони ҶИЭ, марги наздик ба 200 мусофир аз кишварҳои гуногун ва хадамаи ҳавопаймо дар як муддати кӯтоҳ, вазъияти муташанниҷи мавҷудро боз ҳам печидатар, ҳассостар ва хатарноктар намуданд. Анҷоми амали террористӣ алайҳи олими машҳури соҳаи физикаву ҳастаии Эрон Муҳсин Фахризода 27 ноябри соли гузашта аз ҷониби хадамоти махсуси Исроил, як омили дигаре буд барои бадтар шудани авзоъ дар ин нуқтаи ноороми ҷаҳон.
Паҳншавии пандемияи Covid-19 дар тамоми ҷаҳон, ба хусус паҳншавии босуръати он дар Амрикову Эрон, гирифтории миллионҳо нафар ба ин беморӣ, ҳалокати садҳо ҳазор нафар шаҳрвандон дар ин кишварҳо, ғофилгир шудани роҳбарияти кишварҳои ҷаҳон, оҷиз мондани инсоният дар баробари ин вабои аср то андозае ва то муддати муайяне вазъияти сиёсӣ-ҳарбии ҷаҳон, аз ҷумла тафси вазъияти мавҷудро дар минтақаи Ховари Наздик ва Миёна паст намуд.   Интихоботҳои такрор ба такрор тайи соли 2019 дар Исроил барои интихоби Сарвазир ва интихоботи президентӣ дар Америка низ каме ҳам бошад, ба паст шудани шиддати авзоъ дар минтақа таъсир расониданд.
 Сарвазири такроран интихобшудаи Исроил Б.Нетаняху бо истифода аз тамоми имкониятҳо кӯшиш карда истодааст, ки Эронро дар тамоми ҳодисаҳои нохуши дар минтақа рӯйдиҳанда гунаҳкор дониста, нафрат ва ғазаби мардуми минтақа ва ҷаҳонро нисбати Эрон ба вуҷуд оварад. Исроил дар масъалаи дар назари оламиён бад кардани Эрон аз тамоми васоити душмансозӣ истифода карда, бо мақсади ташкили ҷабҳаи ягона бар зидди Эрон бо душманони собиқ ва ашаддии хеш: Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба тавофуқ расидааст. 13 августи соли гузашта (2020) миёни Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн ва Исроил бо миёнаравии Д.Трамп Тавофуқномаи амниятӣ ба имзо расид.То ин вақт бо Миср ва Иордания низ ҳамин гуна Тавофуқнома ба имзо расида буд. Ин амал ҳатман бе иҷозати бародари калонӣ-Арабистони Саудӣ ба вуқуъ наомадааст.
Имзои Тавофуқнома маънои онро дорад, ки ҷабҳаи арабие, ки барои дастгирӣ аз Фаластин ва муқобилият бо Исроил таъсис ёфта буд, пора гашта, Фаластинро ба ҳоли худ гузошта, душманони собиқ дӯст ва дӯстони собиқ душман гардиданд.
Эрон ҳам аз Исроил ақиб намонда, дар тамоми маъракаву анҷуманҳои дохили кишвар ва берун аз он, Исроил ва сионизмро гунаҳкори асосии тамоми бадбахтиҳо дар минтақа ва олам муаррифӣ намуда, ҳатто аз харитаи ҷаҳонӣ ҳамчун як ҷароҳати саратонӣ тарошидани Исроилро талаб менамояд. Шиорҳои «Марг бар Исроил» ва «Марг бар Амрико» шиорҳое мебошанд, ки дар тамоми маҷолис, гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳо, конфронсҳову симпозиумҳо ва ҳатто аз минбарҳои баландтари байналхалқӣ аз ҷониби намояндагони расмии Эрон садо медиҳанд. Яке аз ҳадафҳои аслии ин зиддиятҳо ҳам ҳамин душмантарошӣ ва машғул доштани аҳолии кишварҳои зикршуда аз дигар масъалаҳои зарурӣ ва ҳалталаби дохиливу хориҷӣ мебошад.
Акнун ба саҳифаҳои таърихи ин масъала назар мекунем, то ба сабабҳои аслии чунин бадбинӣ ва кинаву адоватҳо сарфаҳм равем ва бидонем, чаро кишварҳое, ки дар боло зикрашон рафт, байни худ чунин рафтор менамоянд ва чӣ розҳое ин ҷо нуҳуфта аст?
Муносиботи Исроил ва Эрони шоҳаншоҳӣ то пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон ва тағйири номи Эрон ба Ҷумҳурии Исломӣ хеле дӯстона ва хушбинона буд. Эрон дар ин солҳо майли ғарбгароӣ, ба хусус амрикоӣ дошт ва бештар ба Америка такя мекард.
Соли 1979 дар Эрон таҳти раҳбарии оятулло Хумайнӣ инқилоб ғалаба кард. Пеш аз шурӯи инқилоб Хумайнӣ тавонист тамоми қувваҳои мухолифи шоҳро муттаҳид намуда бар зидди ӯ равона созад. Муҳаммад Ризошоҳ аз қиёми мардум ҳаросида 18.01.1979 кишварро тарк гуфт. Хумайнӣ ва ҳамфикронаш медонистанд, ки Муҳаммад Ризошоҳро амрикоиҳову англисиҳо ба сари қудрат оварда буданд ва ӯ маҳз бо дастуру нишондоди онҳо ба амалҳое даст задааст, ки хилофи манфиатҳои миллии мардуми Эрон, хилофи дину оину мазҳаби Эрониён будааст. Аз ин рӯ, инқилобчиён, ба хусус, ҷавонони бетачрубаи кофии зиндагӣ ва аз ҷониби охундҳо идорашаванда, бар хилофи тамоми қонуну қоидаҳои маъруфи байналхалқӣ оид ба дахлнопазхирии сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ даст ба ҳамла ва талаву тороҷи сафорати Америка дар Теҳрон зада, моҳи ноябри соли 1979 кормандони сафоратро гаравгон гирифтанд.
Амрикову Исроил чандин бор кӯшиши озод кардани гаравгонхоро карданд, вале на бо роҳи дипломатӣ ва на бо роҳи истифода аз қувва ба ин кор муваффак нашуданд. Гаравгонҳо танҳо баъд аз як солу ду моҳ, моҳи январи 1981озод шуданд.
Ногуфта намонад, ки ҳамла ба сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои кишварҳои хориҷии муқими Эрон аз ҷониби исломгароёни мутаассиб ва гурӯҳҳои тундрави исломӣ, ки тавассути муллоҳову охундҳо ҳидоят ва раҳбарӣ мешуданд ва мешаванд, бори нахуст набуда, таърих борҳо шоҳиди чунин ҳодисаҳои нангин дар ин кишвар будааст.(Аввалин бор 11 феврал, бо солшумории кӯхна 30 январи соли 1829 ҳамла ба миссияи дипломатии Россия, кушта шудани сафир Александр Сергеевич Грибоедов. Тайи солҳои 1979-2012 8 маротиба ҳамла ба сафоратҳои кишварҳои гуногун сурат гирифтааст)
Соли 1978, дар арафаи инқилоб Исроил вазъи мавҷударо таҳлил ва аз оқибатҳои он огоҳ гардида, аксари кормандони сафораташро то охири сол ба Исроил интиқол дод ва имзои қарордодҳои дарозмуддат қатъ гардиданд.
Охири соли 1978 намояндагони маъмурияти Шоҳ ба исроилиҳо оид ба «ягон коре кардан бо Хуманӣ» муроҷиат намуданд. Исроилиҳо бо назокат ба онҳо фаҳмониданд, ки «Моссад»-ин корхонаи қотилони кироя нест.
 Охирин дипломатҳои исроилӣ 18 феврали соли 1979 бо кӯмаки амрикоиҳо Эронро тарк гуфтанд ва бо ҳамин даврони дӯстонаи Эрон-Исроил ба охир расида дарҳои сафорати Исроил дар Теҳрон баста шуданд.
Дар ҳамин ҳолат Раиси созмони озодихоҳи Фаластин Ёсир Арафот ба Эрон ташриф овард. Раҳбарияти онрӯзаи Эрон ӯро бо шукӯҳу шаҳомати зиёд пешвоз гирифта, ба таври намоишкорона бинои холимондаи сафорати Исроилро ба ихтиёри созмони озодихоҳи Фаластин вогузор кард.
Дере аз пирӯзии инқилоб нагузашта, Исроил, Амрико ва дигар кишварҳое, ки аз режими нави Эрон таҳти раҳбарии оятулло Хумайнӣ норозӣ буданду нисбати ин режим кина доштанд, Ироқро саропо мусаллаҳу муҷаҳҳаз гардонида ба ҷанги Эрону Ироқ фотеҳа доданд. Ногуфта намонад, ки худи Ироқ низ таҳти сарварии Саддом Ҳусейн нисбати Эрон кина мепарварид. (Баҳси марзӣ дар дарёи Шаттулараб, кӯмакҳои Исроилу Эрон ба курдҳои Ироқ дар муборизаашон до давлати марказӣ, тайи 10 сол аз соли 1965 то соли 1975 бо яроқу аслиҳаи исроиливу эронӣ таъмин намудани ин курдҳо ва халал ворид кардан ба раванди сулҳ миёни давлати марказии Ироқ ва курдҳо, бо кӯмаки Исроилу Эрон ташкил намудани хадамоти махсуси курдҳои Ироқ бо номи Парастин ва ғ…).
Ҷанг 20 сентябри 1980 оғоз гардида баъд аз 8 сол 20 августи 1988 ба охир расид ва аз ҳарду ҷониб тақрибан 700 000 нафар куштаву бенишон (тибқи баъзе омори дигар 1 150 000 нафар) ва аз ҳарду тараф 1,5 миллион нафар захмӣ ва наздик ба 120 000 нафар асир афтоданд.
Тавре маълум аст, дар Эрон ба қарибӣ инқилоби исломӣ ба пирӯзӣ расида буду артиши миллии Эрон пароканда шуда, аз нисф зиёди фармондеҳон, афсарон ва сарбозон, ки ҷонибдори шоҳ буданд, дар ҷараёни задухӯрдҳои инқилобӣ қисман кушта шуда, қисме ба дохилу хориҷи кишвар фарор карда ва як теъдод аз онҳо равонаи зиндон гардида буданд. Хулоса, артиш тақрибан қобилият ва қудрати дифоъ аз кишварро аз даст дода, ҳанӯз ташкили артиши нав ба охир нарасида буд. Ироқиҳо вазъи мавҷуд дар Эрон, арабнишин будани остони аз нуқтаи назари захираҳои нафту газ бойи Хузистони ҳаммарз бо Ироқро ба назар гирифта, фикр карда буданд, ки хузистониҳо онҳоро бо оғӯши боз ва нону намак пешвоз мегиранд. Аммо ин тавр нашуд.
Эрон дар ҷараёни ҷанг ҳам аз нарасидани яроқу аслиҳа ва ҳам аз нарасидани афсарону фармондеҳони ботаҷруба танқисӣ мекашид.
Ҳамин ҳолатро ба ҳисоб гирифта, Исроил ва Амрико бо мақсади пурра озод кардани гаравгонон ва наздик шудан бо Эрон омода шуданд, ки ба Эрон яроқ фурӯшанд, вале ба таври расмӣ иҷро кардани чунин амалиёт ғайриимкон буд. Биноан, ин корро бо мақсади ширин кардан ва наздик шудан ҳам бо Америка ва ҳам бо Эрони исломӣ Исроил ба ӯҳда гирифт. Тибқи маслиҳат пинҳонӣ аз мардум ва аз Сенат ва бо дарназардошти эҳтиёҷи эрониҳо ба яроқу аслиҳа, Президенти ҳамонвақтаи Америка Рейган бо ду-се нафари дигар аз вазорати дифоъ ба хулосае расиданд, ки яроқро, яъне ракетаҳои зиддитонкии ТОУ ва системаи зиддиҳавоии «Хаук»-ро Исроил ба Эрон мефурӯшад. Америка бошад, ӯҳдадор шуд, ки ҷойи яроқҳои аз тарафи Исроил фурӯхташударо пур мекунад. Ба ҳамин минвол, дар тӯли се соли аввали ҷанг Исроилиҳо дар се навбат ба Эрон ба маблағи 500 миллион доллар яроқ фурӯхтаанд. 4 навбати баъдиро америкоиҳо бе миёнаравии Исроил худашон мустақиман ба Эрон ворид намуданд. Дар маҷмӯъ, дар чаҳорчӯби доду гирифти «Эронгейт» дар 7 навбат ба Эрон беш аз 2 ҳазор дона ракетаи зиддитонкии ТОУ, 18 комплекс ракетаи зиддиҳавоии «Хаук» ва бештар аз 300 комплект қисмҳои такмилкунандаи онҳо ворид карда шуд. Тибқи таҳлилҳои Институти таҳқиқоти амнияти миллии Тел-Авив ва ҳисобҳои профессори коллеҷи Беннингтон Мансур Фарҳанг дар соли 1989, дар тамоми муддати ҷанг, яроқҳои ба Эрон фурӯхташуда бештар аз 3 миллиард долларро ташкил менамояд.
 Исроилиҳо на танҳо яроқу аслиҳа ба Эрон фурӯхтанд, балки намояндагони салоҳиятдор ва мутахассисони Исроилӣ борҳо ба ҷабҳаҳои ҷанг аз ҷониби Эрон рафта, вазъият ва эҳтиёҷоти ба анвои яроқу аслиҳа доштаи эрониҳоро омӯхта, баъдан ба онҳо яроқу аслиҳа фурӯхтаанд.
Саволе ба миён меояд, ки Амрикову Исроил ба чӣ мақсад ин корро анҷом додаанд? Гап дар сари он аст, ки ҳам Эрон ва ҳам Ироқ кайҳо боз ҳамчун давлатҳои барои амният ва манофеи миллии Америка ва Исроил хатарнок шинохта шуда, дар поварақи ташреҳотии харитаи фаъолиятҳои низомии Амрико дар хориҷ аз кишвар дохил шуда буданд ва дар ин рӯйхат Эрон дар сафи аввал қарор дошт.
Махсусан, Исроил бо расонидани кӯмакҳои низомӣ ба ҳарду кишвари ҷангкунанда мехост, ки ҷанг ҳар чӣ тӯлонитар гардад ва ҳар ду кишвар аз ҳама тараф хароб, заиф, вайрону валангор гашта, қудрати мудофиавии хешро ҳар чӣ бештар аз даст дода, хатарҳое, ки аз ин кишварҳо ба Исроил таҳдид менамоянд камтару ночизтар гарданд, то ки дар сурати оғози муноқишоти мусаллаҳона бо Исроил онҳо қудрати муқовимат карданро надошта бошанд.
Дувум, Исроил бо ин роҳ мехост даромадҳои бештаре ба даст биёварад.
Ҳамин нақшаро онҳо дар мавриди Ироқ амалӣ карданд ва акнун навбати Эрон аст.
Д.Трамп соли 2016 ҳангоми омодагӣ ва гузаронидани интихоботи президентӣ, ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ дар мулоқоту баромадҳояш борҳо норозигии хешро аз Барҷом (Барномаи ҷомеи икдоми муштарак), ки ҳосили кору заҳмати қариб даҳсолаи гурӯҳи 5+1 буд, эълон карда ваъда дода буд, ки дар сурати интихоб гардиданаш ба мақоми президентӣ ин созишномаро ё бекор ва ё бознигарӣ менамояд. Ба гумон ва диди ӯ ҳамчун сармоядор, ин созишнома барои Америка бефоида будааст. Д.Трамп баъди як соли интихоб шуданаш ба мақоми президентӣ, октябри соли 2017 эълом дошт, ки дигар ӯ Конгрессро оиди ба манфиати Америка будани ин созишнома бовар кунониданӣ нест ва Америка аз ин созишнома хориҷ хоҳад шуд. Тасмими мазкурро ҳамақидаҳои Америка дар минтақа Арабистони Саудӣ, Исроил ва Амроти Муттаҳидаи Араб дастгирӣ намуданд. Ҳарчанд иқдоми мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ наёфта бошад ҳам, Америка 08.05.2018 аз ин созишнома баромаданашро расман эълон карда, ҳамзамон қабули таҳримҳои сиёсӣ ва иқтисодиро нисбати Эрон аз нав оғоз кард ва бо ҳамин ба давраи нави бадтар шудани муносибатҳо бо Эрон асос гузошт.
Аз ҳамин давра, Эрон бо эълони озод будан аз ҳама гуна уҳдадориҳо дар чорчӯбаи Барҷом, иҷрои барномаи ҳастаии худро аз нав шурӯъ кард. Ва чанде пеш эълон намуд, ки тасмим дорад, ғанисозии уранро то 20 дараҷа расонад.
Чи тавре, ки дар боло зикр кардем, дар давоми чанд соли охир фишорҳову таҳдидҳои дуҷонибаву сеҷониба миёни ин кишварҳо бо қувва ва миқёси бештар аз худ дарак дода истодаанд. Ҳарду кишвар (ИМА ва Эрон) бо ин мақсад дар халиҷи Форс ба афзудани қувваҳои ҳарбӣ-баҳрии хеш идома дода, барои муноқишаҳои яроқнок баҳонаҷуӣ карда истодаанд. Дар натиҷаи ҳамин муноқишот буд, ки соли 2019 аз ҳар ду ҷониб яктоӣ дастгоҳҳои кашфии бесарнишин зада ғалтонида шуданд ва ин сабаби боз ҳам зиёд шудани қаҳру ғазаби тарафҳо гардид. Дар алоқа бо масъалаи боло, Амрико тамоми давраи баҳору тобистони соли 2019 кӯшиш намуд, ки як эътилофи пурқувват, яъне коалитсияи халиҷи Форсро ба муқобили ҶИЭ ба вуҷуд оварад. Хушбахтона, то имрӯз ба Амрико ташкили чунин коалитсия муяссар нашудааст. Аврупоиҳо ба ин пайроҳаи пурхатари Трамп нарафтанд. Ягона кишваре, ки дар ин амал Амрикоро тарафдорӣ намуд, Кореяи Ҷанубӣ буд.
 Оид ба ин масъала, Эрон баръакси ИМА дар соли 2019 пешрафтҳои дипломатии бештаре дошт. ҶИЭ дар Саммити сеҷониба бо иштироки президентҳои Россия ва Туркия, ки рӯзҳои 15-16 сентябри соли 2019 дар Анқара баргузор гардид, таваҷҷуҳи Россия ва Туркияро ҷалб намуда, тавонист, ки аз дастгириҳои сиёсӣ ва иқтисодии Хитой бархурдор гардад.
         Тибқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо, дар тезу тунд сохтани муносибот миёни Эрону Арабистони Саудӣ ва чанд давлати дигари арабӣ давлатҳои манфиатдор ба мисли Исроилу Амрико нақши асосӣ доранд. Дар минтақа бо мақсади обро «лой» кардану моҳӣ доштан, тавассути Амрико ва Исроил як назарияи «Эронҳаросӣ» коркард ва пахш шудааст. Бо тарс додани кишварҳои атрофи халиҷи Форс ва дигар кишварҳои арабӣ, Амрикову Исроил ба ин кишварҳо яроқу аслиҳаи худро фурӯхта, соҳиби даромади зиёде гашта ва мегарданд. Баъзе маълумот аз он шаҳодат медиҳанд, ки 60 дар сади содироти яроқу аслиҳаи кишварҳои содиркунанда дар соли 2007 ба ин минтақа рост меояд. 
Ҳар ду ҷониб, ҳам Эрон ва ҳам ИМА оқибатҳои ҷангро ба хубӣ дарк мекунанд ва аслан тарафдори ҷанг нестанд.
Охири моҳи майи соли гузашта, вазъияти баамаломадаро баррасӣ намуда, собиқ ичрокунандаи вазифаи Вазири мудофиаи ИМА Патрик Шанахан изҳор дошта буд, ки Амрико бо Эрон вориди ҷанг нахоҳад шуд, вале аз ҳимояи манфиатҳояш низ даст намекашад.[1]
Ҳамчунин, дар ҳамин давра созмони генералҳои бознишастаи Амрико ба Д.Трамп бо номае муроҷиат намуда, аз ӯ хоҳиш намуд, ки бо Эрон вориди ҷанг нашавад. Дар номаи мазкур 90 нафар генерал имзо гузоштааст. Онҳо дар номаашон нигоштаанд, ки «ҷанг метавонад ба оқибатҳои ғайриинтизор дар Шарқи Наздики бе ин ҳам ноором оварда расонад ва ИМА-ро ба хароҷотҳои хеле зиёд ва хатарҳои геополитикӣ гирифтор намояд. Онҳо қайд менамоянд, ки набудани муколама бо роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбии Эрон танҳо хатарро меафзояд ва натиҷааш метавонад муноқиша бошад. Дар охир муаллифони нома қайд намудаанд, ки чораҳои дипломатӣ ба маротиб фоиданоктар аз муноқишоти низомиянд».[2]
Исроил бо ба бозӣ даровардани картаи Барномаи ҳастаии Эрон ва бо истифода аз лоббии яҳудиҳои дунё, пеш аз ҳама лоббии яҳудиҳои муқими Амрико, Амрико ва дигар ҷонибдоронашро ба он муътақид кунонидааст, ки барномаи ҳастаии Эрон барои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарзо буда, яке аз омилҳои асосии барҳам задани суботи минтақавӣ мебошад. Аз ин хотир, Исроил таи чанд соли охир, борҳо барои зарба задан ба объектҳои ҳастаии Эрон омодагиҳо дидааст. Имрӯзҳо барои зарба задан ба Эрон баҳона намерасад, баҳонае, ки дигар аз чорчӯби ҳамаи муросову мадороҳо берун бошад. Аз ҳама муҳимаш, дар масъалаи ҳамла ба Эрон, бародари калонӣ–Амрико то ҳол ризоят надодааст ва Эрониён ҳам бо дарназардошти ҳамин масъала аз хати «сурх» убур кардан намехоҳанд.
     Дар ҳолати сар задани муноқишоти низомӣ ё сар шудани амалиёти ҳарбӣ миёни Эрон ва Исроил, таъсири манфии ин амалиёт ва ё муноқишот ба тамоми минтақа ва ҳатто ҷаҳон басанда хоҳад буд. Дар сурати оғози амалиёти муҳорибавӣ миёни Эрону Исроил дар минтақа эҳтимоли ба вуҷуд омадани паёмадҳову таҳаввулоти зер бештар мегардад:
-аввал, мувозинати ҷаҳонии қувваҳо, сулҳу субот ва амният на танҳо дар минтақаи фаъолиятҳои муҳорибавӣ, балки дар тамоми ҷаҳон вайрон хохад шуд;
-дувум, дар сурати шурӯъ кардани ҷанг аз ҷониби Исроил ва ҳаммаромонаш бо Эрон, тамоми давлатҳои ҳамсарҳади Эрон: Афғонистон, Ироқ, Покистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Россия ва ҳатто Қазоқистон ба давлатҳои наздиҷабҳавӣ табдил меёбанд;
-севум, дар ҳолати сар задании ҷанг ва Худое нахоста роҳ ёфтани амрикоиҳо ба минтақаи Каспий тавассути Озарбойҷон, муносиботи Эрону Озарбойҷон ба куллӣ бад гардида, ин ду кишвар дар ҳолати ҷанг қарор хоҳанд гирифт. Аз тарафи дигар, масъалаи Каспий-ин масъалаи миёни 5 давлат аст ва 4 давлати дигар ба ҳеҷ ваҷҳ тарафдори дар ин минтақа роҳ ёфтани кишвари дигар ё бегона, аз ҷумла амрикоиҳо нестанд. Аз ин хотир, эҳтимоли ба муноқишот ҳамроҳ гардидани кишварҳои соҳили Каспий низ вуҷуд дошта метавонад;
-чаҳорум, ҳамаи кишварҳои атрофи Каспий, аз ҷумла Қазоқистон ҳамчун Раиси амалкунандаи Созмони ҳамкориҳои исломӣ, аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва ташкилкунандаи СВМДА, Россия ҳамчун узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва СВМДА бо мақсади кам кардани паёмадҳои ҷанги Эрону Исроил ва тарафдоронаш: ИМА, Англия, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар давлатҳо маҷбуранд, ки ҳаматарафа чораандешӣ намоянд;
-панҷум, аксари кишварҳои минтақа, ғайр аз мухолифин ва муқобилини Эрон, бо мақсади тақвият бахшидани мавқеи бисёрқутбӣ ва баъдан табдил шудан ба «буфер»-и лоилоҷона байни тарафҳои даргир баромад хоҳанд кард;
-шашум, беназмӣ дар тамоми минтақа, аз ҷумла дар минтақаи Каспий, истихроҷ ва интиқоли маводи углеводородӣ ва дигар маҳсулотро ғайриимкон месозад ва хоҳ-нохоҳ ба иқтисоди кишварҳои минтақа таъсири манфӣ хоҳад расонид;
-ҳафтум, зарбаҳои ҳарбӣ ба объектҳои ҳастаии Эрон боиси баланд гардидани олудагиҳои радиоактивӣ мешавад, ки сабаби фалокати экологии тамоми минтақа мегардад;
- ҳаштум, эҳтимоли рехтани мавҷи гурезагон ба кишварҳои ҳамсояи ҳам наздик ва ҳам дурро ба вуҷуд меорад, ки сабаби мушкилоти ҳам моддӣ ва ҳам молӣ мегардад;[3]
- нуҳум, теъдоди созмону гурӯҳҳои террористӣ хеле зиёд ва фаъолияташон бештар мегардад;
- даҳум, дар сурати аз ҷониб ва ё бо кӯмаки Озарбойҷон роҳ ёфтани қувваҳои амрикоӣ (исроилӣ) ва ҷонибдоронашон ба минтақаи Каспий, эҳтимоли васеъшавии майдони ҷанг ва ҷалби кишварҳои дигари минтақа ба ҷанг меафзояд;
-ёздаҳум, сар задан ҷанг ва давомнокии он сабаби боз ҳам бадтар шудани муносиботи Арманистону Озарбойҷон мегардад;
- дувоздаҳум, истихроҷ ва ба бозори ҷаҳонӣ баровардани нефт ва маводи нефтӣ кам гашта, сабаби боло рафтани нархи сӯзишворӣ ва дар алоқамандӣ ба ин омил баланд шудани нархи тамоми мавод ва маҳсулот ба амал меояд;
- сездаҳум, ҷанг ба як ҷанги тӯлонимуддат табдил ёфта, талафоти ҷонии зиёд ва хароҷоти бузурги моддиву молиро ҳам барои тарафҳои даргир ва ҳам барои ҳамсоякишварҳо ба бор хоҳад овард;
- чордаҳум, хатари паҳншавии яроқи ҳастаӣ дар кишварҳо- хоҳишмандоне, ки мехоҳанд соҳиби яроқи ҳастаӣ бошанд, меафзояд;
- понздаҳум, дар натиҷа Толибон, намояндагони ДИИШ ва зодагони Осиёи Миёна (Марказӣ), ки дар сафҳои ин ташкилоту созмонҳо меҷанганд ва дар  Афғонистон гирд омадаанд, ба фаъолиятҳои бештар ва миқёсан бузургтари фаъолиятҳои ҷангӣ пардохта, хатари ба даст даровардани қудрати сиёсиро ба вуҷуд меоранд ва ин боиси ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Покистон ва дигар кишварҳо рӯ овардани оворагон ва гурезагони бисёре хоҳад шуд, ки сабаби ба ин ҷумҳуриҳо роҳ ёфтани ҷинояткорону террористон ва тундравони диниву мазхабӣ гардида, дар ҳамкорӣ бо мухолифини дохилӣ эҳтимоли ба вуҷуд омадани вазъияти номусоид дар минтақаро, аз ҷумла дар Тоҷикистонро ба амал хоҳанд овард. Ҳамзамон воридоту содироти молу амвол ва гардиши мол миёни ин давлатҳо ба маротиб коҳиш ёфта сабаби камшавии молу амвол дар бозорҳо, боло рафтани нархи онҳо ва дар маҷмӯъ, омили норозигии мардум дар дохили ҷумҳуриҳо хоҳад гашт.
         Кашонидани борҳо аз Дубай тавассути бандарҳои обии Эрон ва аз он ҷо ба воситаи Туркманистон ва Афғонистон ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба мушкилот рӯ ба рӯ гардида, эҳтимоли қатъ гардидани ҳаракати нақлиёти боркаш ва баста гардидани роҳҳоро ба вуҷуд оварад.
- шонздаҳум, назорати Амрико ва тарафдоронаш аз ҷараёни ҷанги миёни афғонҳо, ҷанги Ироқу ДИИШ, Сурияву ДИИШ, муноқишоти низомӣ дар Яман ва дигар кишварҳое, ки даргири муноқишоти ҳарбӣ ҳастанд, заиф гардида, барои худи амрикоиҳо дарди сари зиёдеро ба бор оварда, имкони ба вуҷуд омадани ҳараҷу мараҷ дар минтақа бештар мегардад;
- ҳабдаҳум, барои тарафҳои ҷанганда: Исроил, Эрон, Амрико ва ҳампаймонҳояш талафоти ҷонии зиёд ва хароҷоти зиёдеро ба вуҷуд оварда, эҳтимоли дар дохили кишварҳои даргир ба амал овардани мавҷи норозигиҳоро бештар мегардонад;
- ҳаждаҳум, дар ИМА миллионҳо нафар эронӣ ва намояндагони миллатҳои дигаре, ки бо Эрон ва эрониҳо муносибати дӯстӣ ва хайрхоҳона доранд умр ба сар мебаранд. Онҳо ҳарчанд аз низоми имрӯзаи Эрон нафрат дошта бошанд ҳам, аз ватан ва хешу ақрабои худ даст накашидаанд. Инҳо низ ҳангоми ҳамла ба Эрон ва тӯлонӣ шудани ҷанг, ба як қувваи бузурги дохилии зидди амрикоӣ табдил хоҳанд ёфт;
 - нуздаҳум, дар назди сафоратхонаҳои дар кишварҳои қитъаҳои Осиё, Аврупо ва Африқо будаи Амрико, Исроил, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳои ҳаммаром бо Амрико митингу гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳои зиёди зидди ин кишварҳо ба вуқуъ хоҳад омад. Чи тавре, ки моҳи октябри соли 2017 эрониҳои муқими Афинаи Рум дар рӯбарӯи сафорати ИМА гирдиҳамоӣ доир карданд. Омили аслии ин гирдиҳамоӣ суханронии тезу тунд ва дағалонаи Д.Трамп нисбати эрониҳо ва халиҷи Форс буд. Гирдиҳамомадагон аз ИМА қотеона талаб карданд, ки аз дахолат ба корҳои дохилии дигар давлатҳо даст бикашад. Онҳо бо шиорҳои «халиҷи Форс ҳамеша халиҷи Форс мемонад», «Ҳаёти худро барои Эрон медиҳем», «Амрикои таҷовузгар аз ғорати боигарии халқҳои ҷаҳон даст бикаш» ва ғайра муҷаҳҳаз буданд. Изҳороти Д.Трамп аксуламали кишварҳои ҷаҳон, алалхусус Аврупоиҳо ва ҳамчунин сиёсатмадорон ва конгрессменҳои амрикоиро ба вуҷуд овард;
 - бистум, садҳо нафар эронӣ имрӯз дар вазифаҳои калидии давлатӣ дар ИМА кор карда истодаанд ва аз обрӯву эътибори кофӣ бархурдоранд. Ҳазорҳо нафар эронии дигар бо сиёсатмадорони бузурги амрикоӣ, ки шомили доираҳои ҳукмрон мебошанд, риштаҳои хешутаборӣ барқарор намудаанд ва то андозае имконияти таъсиргузорӣ ба сиёсати Амрикоро доро мебошанд.
 Исроил ба хубӣ дарк кардааст, ки ба танҳоӣ дар ин ҷанг ба пирӯзӣ намерасад, зеро бо сар задани ҷанг, «Ҳамос»-и Фаластин, «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнон, дастаҳои мусаллаҳи шиа дар Ироқ, дар Яман, дар кишварҳои дигари ҳошияи халиҷи Форс, ки аз 20 то 60 дар сади аҳолияшон пайрави мазҳаби шиа мебошад ва дастаҳои маргталаб даст ба кор шуда, вазъияти Исроилро хеле вазнин мегардонанд. Ин ҷо боз набояд фаромӯш кард, ки Исроил худи ба худ, ба танҳоӣ ва бе ризояти «бародари калонияш»- ИМА ҳеҷ гоҳ ба оғози ҷанг иқдом нахоҳад кард.
Мо ҳам бар он умед ҳастем ва итминон дорем, ки дар ин гирудорҳо ақли солим ғалаба хоҳад кард ва ҳамаи мушкилот бо роҳи осону арзон-дипломатӣ ҳаллу фасл мегардад ва қитъаҳои оламро аз ин сарсониву даҳшат эмин хоҳад дошт.
Омилҳои аслии ин муноқишот. Ҳанӯз солҳои охири 40-ум мӯътабарон-уламои динии шиа нисбати сионизм ва идеяи он «Хонаи яҳудӣ дар Фаластин» мавқеи оштинопазиреро ишғол карда буданд. Бар замми ин, соли 1963, дар замони авҷи дустиву ҳамкориҳои Эрону Исроил, имом Хумайнӣ эълон карда буд, ки Исроил қасд дорад Эронро забт намояд ва ӯ мехоҳад тиҷорат ва хоҷагии қишлоқи Эронро хароб намуда, боигарии онро соҳиб шавад.
 Ғайр аз ин, Хумайнӣ талаву тороҷи мадрасааш дар шаҳри Қумро кори дасти «ҷосусони бадкори Исроил» медонист ва соли 1972 дар яке аз хутбаҳояш Исроилро «душманони дар тамоми ҷаҳон шинохташудаи ислом ва мусалмонҳо» номид. Гӯё Исроил ба сиёсати Эрон дохил шуда, ин кишварро ба базаи ҳарбии худ табдил додаст.
Мавқеи душманонаи ҳар ду ҷонибро тайи солҳои баъдӣ баромадҳои ашхоси расмии ин кишварҳо ва маводҳои дар ВАО ба чоп расонидаи тарафҳо, ки иборат аз як теъдод масъалаҳои ба ҳамдигар монанд мебошанд, равшантар менамояд. Ин даъвоҳо аз ҷониби Эрон бар пояи он мебошанд, ки гӯё Исроил давлати ғайрирасмӣ (нелигитымный) буда, яҳудиҳо ҳуқуқи давлатдорӣ надоранд, зеро онҳо то ҳанӯз ҳамчун халқ ташаккул наёфта, фақат як конфессияи мазҳабӣ – динӣ мебошанд.
Тарафи Эрон масъалаи ватани исроилиҳо будани Фаластинро, ки бар пояи идеологияи сионистӣ асос ёфтааст, куллан рад менамояд.
Эрон аз ҳамон аввал муқобили ташкили давлати Исроил дар хоки Фаластин ва қарори СММ оид ба расмият шинохтани Исроил ҳамчун давлат буд.
 Эрон тарафдори аз ҷониби Исроил иҷро намудани Резолютсияи 242 СММ оид ба ғайри қонунӣ будани ҳамроҳ кардани ҳамагуна ҳудуд бо роҳи ҷанг буд ва ҳаст.
  Эрон соли 1975 дар СММ ба чонибдории Резолютсияи СММ, ки сионизмро ба нажодпарастӣ баробар дониста буд, овоз дод ва то имрӯз мавқеашро дигар накардааст
 Аз рӯи баъзе фарзияҳо, яҳудиҳои ҳозир дар муқобил бо арабҳо аз авлоди Авраам намебошанд. Тибқи фарзияҳои дигар онҳо дар муддати кӯтоҳ аз сарзамини муқаддас дар даврони Давид ва Соломон ба вучуд омадаанд. Ҳол он ки арабҳо дар ин сарзамин бе танаффус таи 2500 сол боз вуҷуд доранд. Ташкили давлати Исроилро метавон ҳамчун нишонгари сиёсати Ғарб нисбати Шарқи мусалмонӣ аз назар гузаронида, онро давоми сиёсати юришҳои Салибӣ ва ё ҳамчун натиҷаи «сохтакори»-и Холокост баррасӣ намуд.
Ашхоси расмии Эрон ва матбуоти он ба таври бардавом Исроилро барои аз байн бурдан ва тавҳини муқаддасоти мусалмонҳо гунаҳкор меҳисобанд. Эрон кайҳост, ки «сионист»-ҳоро барои дар соли 1969 ба коми оташ андохтани масҷиди ал-Ақсо муттаҳам медонад.    (Дар асл ин масҷид аз ҷониби як нафар христианини Австролиёӣ Майкл Денис Роган, ки аз ҷониби суд дорои маризии рӯҳӣ эътироф гардидааст, ба оташ кашида шуда буд).
Баромадҳои мутааддиди Президенти собики Ҷумҳурии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод таи 2 давраи президентияш оид ба аз харитаи ҷаҳон тарошидан ва аз байн бурдани давлати Исроил на танҳо бовари Исроилиҳоро оид ба аз байн рафтанашон барангехт, балки исроилиҳо бо ташкили маъракаҳои мухталиф Амрико ва ҳампаймонҳояшро низ ба ин боварҳо ва хатарҳо мутақоид намуданд.
 Масъалаи навбатие, ки сабаби муноқишот миёни ин ду давлат ва ҳатто чанд давлати дигар гардидааст, ин масъалаи барномаи ҳастаии Эрон мебошад. Исроилиҳо ба сулҳомез будани ин барнома эътимод ва бовар надоранд ва аз ин ҷиҳат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳанд дод, то ки пеши роҳи иҷрошавии ин барномаро гиранд ва ҳамин андешаро дар зеҳни амрикоиҳо низ ҷо додаанд.
 Дар муддати чанд соли охир бо тарзу усулҳои гуногун чанд нафар олимони барҷастаи соҳаи ядроии Эрон, бештар онҳое, ки дар барномаи ҳастаии Эрон фаъолият доштанд, террор шуданд. Ин кушторҳоро эрониён кори дасти исроилиҳо медонанд. Ҳатто президенти собиқи Амрико Барак Обама оид ба ин масъала ба роҳбарияти Исроил занг зада, таъкид намуд, ки олимкуширо бас намоянд.
Мушкили дигаре, ки дар чанд соли охир миёни ин ду кишвар ба вуҷуд омадааст, ин ҷанг дар хоки Сурия ва кӯмакҳои ҳамаҷонибаи ҶИЭ ба Башор Асад ва бо ҳамин баҳона ба хоки Сурия ворид намудан ва мустақар кардани қувваҳои ҳарбӣ, ба хусус, қувваҳои таъйиноти мухсуси Эрон мебошад. Исроил аз он нигарон аст, ки Эрон бо истифода аз ин фурсат қувваҳояшро дар қарибиҳои марзи Исроил ҷо ба ҷо карда, барои амнияти Исроил хатарҳои фаровоне ба амал меоварад.
Исроилиҳо бошанд, аз ҷониби хеш эроиниҳоро бо тавсеаталабӣ, пуштибонӣ ва дастгирии созмонҳои террористӣ ва хатари ядроӣ аз ҷониби Эрон гунаҳкор медонанд. Ин ҷо пуштибонӣ ва кӯмакҳои ҳамаҷонибаи Эрон ба «Ҳизбуллоҳ», «Ҳамос» ва дастаҳои шиамазхаби яроқнок дар кишвархои минтақа, маргталабҳо ва ғайра дар назар аст.
Ғайр аз ин, исроилиҳо бештар аз он нигарон мебошанд, ки бо сохта шудани яроқи ядроии эронӣ, кишварҳои дигар низ барои сохтани ин яроқ талош мекунанд ва Худое накарда ин яроқ ба дасти кишварҳо, гурӯҳҳо ва ё созмонҳое афтад, ки бо Исроил хусумат ва душманӣ доранд. Мушкили дигар ва хавфи исроилиҳо дар инкор кардани Холокост аз ҷониби мақомот ва роҳбарияти Эрон мебошад.
Бо ба сари қудрат омадани Ҳасан Рӯҳонӣ ва аз ҷониби ӯ маҳкум кардани ҷиноёти миллатгароён ба муқобили инсоният, сарфи назар аз он ки ин ҷиноёт ба муқобили яҳудиҳо ва ё ғайрияҳудиҳо бошад,то дараҷае инъикоси фавқулодда мусбатеро ба миён овард. Аммо агентии хабарии Эрон изҳор дошт, ки CNN суханронии президентро ба англисӣ нодуруст тарҷима кардааст.
Омили дигари тезонандаи ин муноқишот дастгирӣ ва кӯмаки Исроил ба «Созмони муҷоҳидони халқи Эрон» ва созмони сунниҳои ин кишвар «Ҷундуллоҳ» мебошад.
Ҳар кадоме аз ин кишварҳо барои пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷии хеш, ҷалб кардани таваҷчуҳи аҳолии мамлакат ба як душмани воҳид ва сохтаи хатарнок, дур кардани мардум аз баҳсу баррасии норасоиҳо ва камбудиҳо дар сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ғ., дар зеҳни шаҳрвандон ҷо кардани симои душмане, ки гӯё сабабгори тамоми ин норасоиву камбудиҳо гаштааст саъю кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода, дар ин ҷода хеле муваффақ ҳам гаштаанд. Ва чӣ тавре, ки мебинем, Исроил Эронро ва Эрон Исроилро ба ҳайси як душмани ҷонӣ пазируфта, ҳам барои мардуми хеш ва ҳам барои ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд.
Чи тавре ки маълум шуд дар муноқишоти рӯ ба афзоиши миёни Эрону Исроил омили диниву мазҳабӣ хеле камранг буда, қариб, ки аз ҳеҷ мақому мавқее бархурдор нест.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз омилҳои асосии муноқишот миёни Эрону Исроил, ин барномаи ҳастаии Эрон, тарси исроилиҳо аз соҳиби яроқи ядроӣ гаштани Ҷумҳурии Исломии Эрон ва хатарҳои аз он бархезанда иборат мебошад.
 
Холназаров Назар,
ходими калони илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
 
[1] .Њафтаномаи «Дунё»№22 (790)29 май-4 июни соли 2019.
[2] .WWW.rbc/polities/ 25 мая 2019г. Группа американских генералов попросила Трампа не воевать с Ираном.
[3] .Кулбаев А.К. htpps//articlKz.com/artikle/11198
Последнее изменение Сешанбе, 02 Феврал 2021
 
http://www.zoofirma.ru/