wrapper

Ҳикматулло Хоҷаев, корманди Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ташкилию сиёсии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ҷомеа бо сипосномаи ҳизб сарфароз гардид.
Сипоснома аз ҷониби раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе Самӣ Шариф Ҳамид супорида шуд.
Бояд гуфт, ки Ҳикматулло Хоҷаев, собиқ корманди Маркази тадқиқоти  стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳоло корманди илмии Шуъбаи Осиёи Марказии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, саҳми худро дар таҳлилу баррасии илмҳои сиёсӣ мегузорад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Ҳикматулло Х.Х. рисолаи номзадии худро таҳти унвони “Тундгароии динӣ ва паҳншавии он дар шароити тағйирпазирии ҷомеа (таҷрибаи Тоҷикистон) ҳимоя намудаааст.
Последнее изменение Чоршанбе, 10 Феврал 2021
 
http://www.zoofirma.ru/