wrapper

Имрӯз (16.02.2021) дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Сарватҳои табии Афғонистон ва бархурди абарқудратҳо» баргузор гарид, ки дар ин семинар Одинаев Абдуҳалим, ходими пешбари илмии Институт суханронӣ намуд. Дар кори семинар устодону кормандон ва магистрантону докторантони Институт иштирок карда, фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.
Муҳтавои суханронии муҳаққиқ дар мавзуи масъалаи сулҳу субот ва амниятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон меравад, беш аз 40 соли сипаришуда ба сабаби рақобатҳои сиёсию геополитикии кишварҳои абарқудрат дар ин сарзамин, таблиғоти тарафҳои манфиатхоҳ нооромӣ ва ҷангро дар ин кишвар ба самти манфаъатҳои худ таблиғ менамоянд. Пас ин кишварро ба майдони рақобатҳои сиёсию геополитикии кишварҳои абарқудрат дар ин сарзамин гардонидааст.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар тӯли таърихаш бо кишварҳои абарқудрати гуногуни ҷаҳон машғули бархӯрд буда, фурсати дубора эҳёи ин кишварро наёфтааст. Бо вуҷуди доштани манобеъи табиии зери заминӣ ба монанди дигар кишварҳои Осиёӣ дорои бойгариҳои саршор мебошад.
Захираҳои зеризаминии Афғонистон то андозае дар арсаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб намудааст, ки  ҳатто бархе сарчашмаҳо менависанд, ки Афғонистон бо захираи бештари  моддаи «литий» зарфиятеро доро мебошад, ки ин моддаи хом дар сохтани батареяи телефонҳои ҳамроҳ (мобайлӣ) ва мошинҳои барқӣ ба кор бурда мешавад. Ба ин маъно, ҳамон андоза, ки Арабистони Саудӣ аз нафт ғанист, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ аз моддаи «литий» ғанӣ мебошад.
Дар таърихи муносибатҳои давлатҳо ба як нуқта бояд таваҷҷуҳ кард, ки омили бештари ҷангҳои гузашта ва имрӯзро ҳадафҳои иқтисодӣ таҳрик медиҳад. Ба монанди давраҳои истисмори Африко ва Осиё, ки ҷиҳати ба даст овардани сарватҳои кишоварзӣ, ва инчунин сарватҳои зери заминӣ, маъдан, тилло, оҳан, нуҳос, ангишти сангӣ, расос, занг, уран ва ғайра мебошад.
Албатта, омӯзиш ва кашф нашудани манбаъҳои табиии Афғонистон ба манфиати ин кишвар намебошад, агар тарафҳои низову даргир ба ҳамдигарфаҳмию ҳамгироӣ барои беҳбудии кишвар наандешанд, фосилаи ҷудоӣ васеъ гашта, дар оянда боиси афзоиши рақобати миёни кишварҳои абарқудрати ҷаҳон гардида, омили сар задани ноамнӣ ва ҷангҳои даҳсолаҳои нави дигар хоҳад шуд. Аммо дар ҳоли ҳозир ҳама талошҳои кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва минтақа барои сулҳ равона карда шуда аст.
 
 
Барои маълумоти бештар ба сомонаи Институт (https://www.osiyoavrupo.tj/index.php/mavodhoi-ilmi/maqolaho/item/923-sarvat-oi-tabiii-um-urii-islomii-af-oniston-va-barkh-rdi-abar-udrat-o) муроҷаат намоед.
 
 
 
 
Последнее изменение Чоршанбе, 17 Феврал 2021
 
http://www.zoofirma.ru/