wrapper

Хабарҳо

Мувофиқи қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 01.02.2021 таҳти рақами №08, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо 30-юми апрели соли 2021 бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 110-солагии зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалиро таҳти унвони «Мирзо Турсунзода ва кишварҳои Шарқ» баргузор менамояд.
 Мавзӯъҳои меҳварии Конференсия:
  1. Мирзо Турсунзода ва масъалаҳои мубрами адабиёти муосири тоҷик;
  2. Шинохти Мирзо Турсунзода дар кишварҳои хориҷӣ;
  3. Нақши устод Мирзо Турсунзода дар ташаккули адабиёт ва фарҳанги муосири тоҷик;
  4. Мирзо Турсунзода - ходими барҷастаи сиёсию ҷамъиятӣ;
  5. Нақши устод Мирзо Турсунзода - мунодии сулҳ.
 
Маводи ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботи техникии зерин     ҷавобгӯй бошанд:
- саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи рост 3 см, аз тарафи чап 1,5 см, боло ва поён 2см;
- ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Tj бо андозаи 14;
- сатри якум ҳарфи аввали ном ва номи падар, насаби муаллиф, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷойи кор;
- сатри дуюм номи маърӯза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн  дар мобайни саҳифа;
- сатри сеюм матни асосӣ, ки дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шудааст, фосилаи байнисатрӣ - 1,5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин аст;
- рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи “Адабиёт” оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда шавад;
- ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [намуна:3, саҳ.25] омода карда шавад, ки дар он ҷо рақами аввал рақами тартибии  сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он бояд бошад;
- ҳаҷми матни маърӯза бо расм, ҷадвал ва рӯйхати адабиёт набояд аз 6 саҳифа  зиёд бошад;
- забони кории конференсия: тоҷикӣ ва русӣ;
- хароҷоти сафар ва будубоши иштирокчиёни конференсия ба уҳдаи худи онҳо аст;
-ашхосе, ки имконияти омадан надоранд, метавонанд тибқи талаботҳои ироагашта мақолаҳояшонро пурра таҳрир, омода ва ирсол намоянд;
- маводи конференсия дар шакли маҷмўаи мақолаҳо ба табъ мерасад.
Интихоб ва қабули мақолаҳо ба уҳдаи ҳайати илмии конференсия аст;
- Нишонии электронӣ барои ирсол кардани мақолаҳо: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. ё мустақиман ба суроѓаи кумитаи  
тадорукот ирсол намоед;
- Охирин муҳлати қабули матни маърӯза 15-уми апрели соли 2021.
- Макони баргузории Конференсия: Маркази мероси хаттии Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон.
Суроғаи мо: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо.
Телефон барои тамос: (992 372) 221-03-31.  221-04-77. 919-29-31-05
Последнее изменение Шанбе, 06 Март 2021
 
http://www.zoofirma.ru/