Нусхаи чопи
Донишгоҳи Карл Август Готтинген
 
Дирӯз (17.04.2021), бо ташаббуси Шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институт омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллиии илмҳои Тоҷикистон мулоқот бо хонуми  Ева Ортманн, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Директори Интитути эроншиносии Донишгоҳи Карл Август Готтинген тавассути онлайн баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот, Директори ИОМДОА АМИТ Ёрмаҳмад Ниёзӣ роҷеъ ба ҳамкориҳои тарафайн суханронӣ карда, таъкид карданд, ки ҳамкориҳои мо бо Донишгоҳи Ҳумболди Берлин ду сол аст,  ки давом дорад. Дар оянда мо омода ҳастем, ки бо Донишгоҳи Карл Август Готтинген ҳамкории зич дошта бошем.
Мудири шуъбаи Аврупо ва Амрико доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова ибрози ақида намуданд, ки дар Донишгоҳи Карл Август Готтинген соли 2007-ум тавассути Хадамоти академикии Олмон (DAAD) ба ин Донишгоҳи бонуфуз сафари илмӣ дошта барои “Лоиҳаи беҳтарин” ба гирифтани стипендияи ҳамин Донишгоҳ мушарраф шудаанд.
Ногуфта намонад, ки  Донишгоҳи Карл Август Готтинген яке аз Донишгоҳҳои қадимаи шӯҳратдошта дар Саксонияи поён ба ҳисоб меравад.
Шаҳри Готтингенро ҳамчун шаҳраки «Хурду бузург» шаҳраки «Донишҷӯён»  мешиносанд.  Ба назари ман, ин шаҳри «Пироҳани сабз» дар бар карда мебошад. Ба вазъи экологияи хеш шаҳрвандон хело боаҳамият буда, асосан бо дучарха роҳ мегарданд.
Шоҳ Георгиа Август ҳамонзамон сарвари Ҳанновер донишгоҳҳои Готтингенро дар соли 1837 бунёд намуд ва номи худ, яъне Георгиа Августро гузошт. Заминаи комёбӣ ва шарафу эътибори Донишгоҳи Готтинген ба мушовири махсус, сиёсатмадори хирадманд, сарвазир Герлах Адолф фон Мюнҳаузен мутааллиқ мебошад.
Бояд махсус зикр намуд, ки Донишгоҳҳои Готтинген ва Академияи Карл Август аз соли 1810 сар карда то соли 1933 шарафи дарёфти унвони «Маркази табиатшиносӣ – илмии ҷаҳон»  гардида аст.
Бояд махсус таъкид кард, ки ба саҳифаҳои мушкилтарини таърихи Донишгоҳ нигоҳ накарда, роҳи ҳаёти 40 барандагони ҷоизаи Нобелӣ бо Донишгоҳи Карл-Август Готтинген пайвандӣ дорад. Пас аз ҷанг дар соли 1945 Донишгоҳи Георгиа Август дубора Донишгоҳи нахустини олмоние мегардад, ки шумораи рекордии донишҷӯёнро қабул намудааст, яъне 5000 донишҷӯ дар он замон асосан танҳо дар 3 факулта таҳсил мекарданд.
Дар айни замон дар Институти эроншиносӣ донишҷӯён баъди он ки Тоҷикистон истиқлоли хешро ба даст овард ба мавзӯъҳои тоҷикшиносӣ машғул шуданд.
Ман шоҳиди он будам, ки донишҷӯёни Донишгоҳи Карл Август Готтинген аз сардафтари адабиёти тоҷику форс устод Абӯабдулло Рӯдакӣ сар карда то ашъори Турсунзодаву Лоиқу Бозор шеър мегӯянду таҳқиқ мекунанд.
Зимни мулоқот дар фарҷоми сухан бо хунуми профессори Донишгоҳи номбурда Ева Ортманн ибрози ақида намудем, ки мо омода ҳастем донишҷӯёни Донишгоҳи Карл Август Готтингенро ба “Курсҳои тобистона” даъват намоем.
 
д.и.т., профессор Санавбарбону Воҳидова
мудири Шуъбаи Аврупо ва Амрико