Нусхаи чопи
Имрӯз (30.04.2021), 30-уми апрел соати 09:00 дар толорои Маҷлисгоҳи Раёсати АМИТ бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода ва кишварҳои Шарқ» баргузор гардид.
Дар конференсия масъалаҳои Мирзо Турсунзода ва масъалаҳои мубрами адабиёти муосири тоҷик, Шинохти Мирзо Турсунзода дар кишварҳои хориҷӣ, Нақши устод Мирзо Турсунзода дар ташаккули адабиёт ва фарҳанги муосири тоҷик, Мирзо Турсунзода - ходими барҷастаи сиёсию ҷамъиятӣ, Нақши устод Мирзо Турсунзода - мунодии сулҳ баррасӣ гардид.

                             

Дар чорабинӣ, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар, намояндаи Ҷамъияти  дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Шарипова Мушаррафа,  академик Каромаутлло Олимов, узви вобастаи АМИТ Мирзо Муллоаҳмад, ховаршинос Зафари Мирзоён, мудирони шуъбаҳои Институт аз ҷумла мудири шуъаби Осиёи Ҷанубу Шарқии ИОМДОА - Ҳабибулло Раҷабов, мудири Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик Зиёев С. мудири шуъбаи Аврупо ва Амрико - Санавбарбону Воҳидова, сарходи илмии Маркази мероси хаттии АМИТ – Олимҷон Хоҷамуродов,  дотсент Атоева Мамлакат, мудири Кафедраи филологияи Ҳинди ДМТ- Қурбонов Ҳайдар, профессори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат - Хоҷа Қурбон Тоҳирӣ, устодон ва магистрантону доктрантҳо иштирок намуда, суханрониҳо карданд.
Ҳамзамон дар конференсия аз ҷониби беш аз 40 нафар муҳаққиқону коршиносон аз донишгоҳҳои гуногуни кишвар  роҷеъ ба  устод Мирзо Турсунзода мақолаҳои илмиву оммавӣ ирсол гардид, ки дар шакли як маҷмуа ба чоп хоҳад расид.
Мавриди зикр аст, ки дар конфронси илмӣ доираи васеи олимон, муаррихон, коршиносон ва донишҷӯён иштирок намуда, оид ба ҳаёт ва фаъолияти устод Мирзо Турсунзода андешаронӣ намуданд.
Баъди баҳсу мулоҳизарониҳо аз ҷониби иштирокчиён зикр шуд, ки Мирзо Турсунзода на танҳо ҳамчун адиб, шоир, балки чун  арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, ба ҳайси раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо, Раиси кумити Сулҳ дар тамоми олами мутамаддин шуҳрат дошт. Устод Турсунзода  дар таҳкими пайванди дӯстӣ ва робитаҳои адабии мардумони ҷаҳон хусусан  ду қитъаи бузурги Сайёра — Осиё ва Африқо хизматҳои шоиста кардаанд, ки то  имрӯз макбати сулҳофариниаш боқӣ мондааст.
Достонҳои "Ҷони ширин", "Садои Осиё" ва " Қиссаи Ҳиндустон" аз асарҳои барҷастаи таърихии ӯ ба шумор мераванд, ки кишварҳои Ҳиндустону Покистон ва қораи Осиёро ба тасвир кашидааст.
Ашъори эҷодкардаи Турсунзода дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ-ахлоқӣ барои омӯхтани таърих, ҳаёти сиёсӣ, маданӣ ва адабии мардумони Осиёи Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Аврупо  аҳамияти арзишманд дорад, ки хуб бояд истифода кард.
Дар хатми конференсия музокира ва  суолу ҷавоб ва пешниҳодот ироа гардида, бо қироати баёнияи конференсия ва сухани хотимавии директори Институти Осиё ва Аврупо ҳусни анқом пазируфт.

Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институт
Последнее изменение Ҷумъа, 30 Апрел 2021