wrapper

18 майи соли 2021 дар толори маљлисгоҳи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бо  иштироки кормандони институт семинари илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар созмонҳои минтақавӣ: мушкилот ва дурнамо” баргузор гардид.
Гардонандаи  чорабинӣ мудири  шуъбаи  Осиёи  Марказӣ, н. и. с. Сангинов Н.Н.  дар суханронии ифтитоҳии худ ишора карданд, ки чорабинии  мазкур  тибқи  нақшаи  солонаи  шуъбаи  Осиёи  Марказӣ гузаронида  мешавад. Мавсуф қайд карданд, ки  имрӯз  дар  фазои  Осиёи  Марказӣ  якчанд  созмонҳои  байналмилаливу  минтақавӣ ба  монанди: Созмони Милили Муттаҳид (СММ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо  (САҲА)  ва ғайра  фаъолият  доранд ва кишварҳои  минтақа узви онҳо мебошанд.
“Дар семинари  мазкур мавзӯи  ҳамгироии  кишварҳои Осиёи  Марказӣ дар  Созмони  ҳамкории  Шанхай (СҲШ) ва  Созмони  Аҳдномаи амнияти  дастаҷамъӣ (СААД) мавриди баррасӣ  ва  муҳокимаронӣ  қарор  мегирад. Зеро, имсол  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  созмонҳои  номбурда  раёсат  дорад  ва ҳарду  созмон дар  арафаи  ҷашн  қарор  доранд. СҲШ  - 20  сола  мешавад,  СААД  бошад  30 – солагии  худро  соли  2022  қайд  мекунад.  Аз  ин  лиҳоз,  мо тасмим гирифтем, ки  роҷеъ  ба  ҳамгироии кишварҳои  минтақа  дар ин  ду  созмони  бонуфуз  таваҷҷуҳ  намоем. Ба диққати  ҳозирин  мо  ба  барномаи  семинар  суханронии ду  нафарро  ба  нақша  гирифтем” – қайд  намуд гардонанда. 
Сипас,  тибқи  барномаи  семинар  сухани  аввал ба  доктори илмҳои  таърих, профессор  Мирзоев  Н.М. дода  шуд. Эшон  дар  мавзӯи “Ҳамгироии кишварҳои  Осиёи  Марказӣ дар  Созмони ҳамкории  Шанхай”  суханронӣ  карданд. Аз  ҷумла,  зимни суханронӣ устод Мирзоев  Н.М.  ба нуктаҳои зерин  ишора  кардаанд.
   
 Ба  туфайли  сиёсати  хирадмандона ва созандаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат- Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар даврони 30  соли Истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист сулҳу субот, амният, рушди иқтисодӣ ва болоравии некуаҳволии  мардумро таъмин  намояд. Дар ҳамгироӣ ба чандин ниҳодҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки яке аз онҳо Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, ҳамкории пурсамари судмандро ба роҳ андохтааст.
Ба гуфтаи профессор  Н. М. Мирзоев “Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар заминаи паймони “Панҷгонаи Шанхай” таъсис ёфтааст. Соли 1996 дар ш. Шанхай Созишнома дар бораи таҳкими боварӣ дар манотиқи сарҳадӣ ва соли 1997 дар ш. Москва Созишнома дар бораи коҳиши неруҳои ҳарбӣ дар манотиқи сарҳадӣ байни ҶХХ, ҷамоҳири пасошӯравии Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия ба имзо расид. Ин санадҳо ба паймони “Панҷгонаи Шанхай” ибтидо гузоштанд.
Дар таҳаввул ва ташаккули ниҳоди “Панҷгонаи Шанхай” ҳамоиши  4-5 июли соли 2020 дар шаҳри Душанбе доиргардида, нақши  босазо дорад.     Дар форуми  мазкур, бо дарназардошти  ҷалби  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон ба он, аввалин маротиба аз ҷониби Пешвои  миллат – Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон пешниҳод  гардид, ки  минбаъд  “Панҷгонаи Шанхай” ба  “Форуми Шанхай” табдил дода шавад”.
Яъне  Ҷумҳурии  Тоҷикистон чун ташаббускори таъсисёбии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баромад  намуд ва дар нишаисти баъдина ин пешниҳод амалӣ гардид. Соли 2001 дар ҳамоиши навбатии кишварҳои аъзои “Панҷгонаи Шанхай”, ки дар Ҷумҳурии Халқии  Хитой  баргузор  гардид, дар бораи таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай қарор  қабул карда шуд. Соли 2004 Созмони Ҳамкории Шанхай дар назди Созмони Милали Муттаҳид номнавис гардид.
Ҳадафҳои асосии СҲШ инҳоянд: таҳкими боварии мутақобилан судманд ва ҳамсоягии неки кишварҳои аъзо; мусоидат ба ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ,  маориф, энергетика, нақлиёт, туризм, ҳифзи муҳити зист, таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақа ва ғайра. Аз таъсиси ин ниҳоди байналмилалӣ имсол бист сол сипарӣ мегардад.  Дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи сарони  кишварҳои  аъзо солҳои 2008,  2014  баргузор  гардид.  Моҳи сентябри  соли 2021 баргузории  ҷаласаи ҷашнии  СҲШ  дар  шаҳри  пойтахтамон,  ба  нақша гирифта  шудааст.
Дар  ҳамоиши  соли 2014, ки дар пойтахти кишварамон доир гардид, масъалаи тартиби  қабули кишварҳои нав ба ҳайати СҲШ  тасдиқ  карда  шуд. Дар марҳилаи  кунунӣ  ҳашт давлати қудратманди ҷаҳон - Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии  Хитой, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон  аъзои  он мебошанд. Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Белорус, Эрон, Муғулистон ҳамчун кишварҳои нозир ва шаш давлати дигар – Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия, Шри-Ланка мақоми шарикони мусоҳибавии СҲШ  мебошанд.  Дар  маҷмӯъ дар Созмони номбурда  18  кишвар  фаро гирифта  шудаанд.
Аз  рӯи  масъалаи  дуюми  барнома  Сардори  шуъбаи  парвоз-тактикии факултети ҳарбӣ - ҳавоии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳарбӣ, подполковник Тошматов Фирдвас Уктамович  дар мавзӯи “Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ  дар давраи раёсати Тоҷикистон дар он” суханронӣ намуд.
 
 
Зимни суханронии  худ  подполковник Тошматов Ф.У. қайд кард, ки имрӯз Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)  аз ҷиҳати сатҳ ва муҳтавои  ӯҳдадориҳое, ки иштирокчиёни  он дар соҳаи ҳамгироии ҳарбӣ-сиёсӣ ба зимма гирифтаанд, ба иттиҳодияи бесобиқа табдил ёфтааст.  Он  қодир  аст, ки  ба  тамоми таҳдиду  хатарҳои  замони  муосир  муқовимат  нищон  диҳад  ва  кишварҳои аъзои  онро аз онҳо  ҳифз  намояд.
Ҷузъи асосии низомии системаи амнияти дастаҷамъӣ гурӯҳҳои эътилофии нерӯҳо дар минтақаҳо мебошанд, ки барои боздоштан ё рафъ кардани таҷовуз алайҳи кишварҳои узв, инчунин амалиётҳои дигар таъсис  ёфтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвият дар СААД аҳамияти калон медиҳад. Ҳамкорӣ дар доираи ин Созмон ба манфиатҳои миллии кишварамон ҷавобгӯ мебошад ва имкон медиҳад, ки ба терроризми байналмилалӣ, экстремизми  динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ фаъолона муқобила карда, амният ва суботро дар фазои  АвруОсиё таъмин намоем.
Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари раисикунандаи СААД мебошад.  Самтҳои  афзалиятноки давраи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД  аз  инҳо иборатанд:
- рушди  ҳамкорӣ дар масъалаҳои муқовимати самарабахш ба тамоюлҳои паҳншавии идеологияи радикалӣ;
- мубориза бо киберҷиноятҳо ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ, ки бо истифодаи технологияҳои  иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ  сурат  мегиранд;
- таҳияи  рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористӣ дар формати  СААД  ва ғайра.
Маълум  аст, ки тамоми  таҳдиду   хатарҳои  замони  мо аз  ҳамсоякишварамон  Афғонистон  бармеоянд  Бинобар  ин,  СААД   мониторинги  доимии вазъияти  сиёсӣ – низомии  ин  кишварро анҷом  медиҳад. Зеро, баъд  аз  хуруҷи  неруҳо  эътилофии  зиддитеррористии  байналмилалӣ,  вазъияти ин  кишвар  боз  ҳам  мураккабтар  шуданаш  аз  эҳтимол  дур намебошад.
Баромадкунандагон ба  саволҳои аз тарафи  иштирокчиёни  семинар  ба  миён  гузошташуда  љавобҳои  қаноатбахш  доданд.
Чорабиниро  мудири  шуъбаи  Осиёи  Марказӣ  Сангинов  Н.Н.  ҷамъбаст  намуда,  чунин  қайд  карданд, ки  мавзӯҳои   мавриди  муҳокима  қарор  гирифта  хеле  васеъ, муҳим ва актуалӣ мебошанд. Дар  доираи  як  семинар  намешавад,  ки  тамоми  ҷанбаҳои ҳамгироии  кишварҳои  Осиёи  Марказӣ  дар СҲШ  ва  СААД   баррасӣ  карда  шаванд.  “Масалан, худи  проблемаи  муноқишаи  Афғонистон баргузории  семинар  ё  Конфронси  алоҳидаро  тақозо  мекунад. Доир  ба  ШОС  ва  СААД бошад ҳаминро  қайд  бояд  кард, ки проблемаҳои баҳсталаби  марзӣ, этникӣ  ва  ғайра  дар ҳарду  созмон  мушоҳида  карда  мешаванд. Умедворем, ки  дар оянда  барои  роҳи  ҳалли  онҳо аз  тарафи  сарони кишварҳои  узв  механизми  дахлдор  қабул  карда  мешавад.  Дар  маҷмӯъ, ҳам  СҲШ  ва  ҳам  СААД  дар  тӯли  таъсисёбиашон,  аз  ӯҳдаи  вазифаи  асосӣ -  пешгирӣ  аз  таҷовузи  беруна  ба  кишварҳои  узв  баромаданд” – таъкид  кард  гардонандаи  семинари  илмӣ – амалӣ.
Семинари  илмӣ  - амалӣ  дар  фазои  хуби  ҳамдигарфаҳмӣ гузашт. Ба  ақидаи  мо, гузаронидани  чунин  чорабиниҳо барои  баланд бардоштани  савияи  дониши  сиёсии  кормандони  ҷавон  аҳамият  доранд.   
 
Давлиёрова С. Т., ходими пешбари
шуъбаи Осиёи  Марказии ИОМДОА АМИТ
 
Последнее изменение Панҷшанбе, 20 Май 2021
 
http://www.zoofirma.ru/