wrapper

Душанбе, 29 июни соли 2021
 
29 июни соли 2021 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони ватанӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон яке аз бунёдгузорони Созмони ҳамкории Шанхай» баргузор гардид.
Дар конференсия муҳаққиқони варзида аз донишгоҳҳои мухталифи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, намояндагони вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилӣ бо маърӯзаи пурмуҳтавои худ дар бораи нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси ин Созмони бонуфузи минтақавӣ дар назди ҳозирин баромад намуданд. Дар конференсия масъалаҳои мазкур аз ҷониби иштирокчиёни он мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд:
  • Формати анъанавӣ ва андозаи нави ҳамкорӣ дар минтақаи масъулияти СҲШ дар Осиёи Марказӣ;
  • Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъсис ва ташаккули СҲШ;
  • Сиёсати Штатҳои Муттаҳидаи Америка нисбати СҲШ;
  • Панҷгонаи Шанхай ҳамчун асоси ташаккули СҲШ;
  • Омили СҲШ дар тартиби муносибатҳои байналмилалии Осиёи Марказӣ;
  • Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай;
  • Нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар рушди илми ҳарбӣ дар замони соҳибистиқлолӣ;
  • Сиёсати шарқиёнаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: сохтор ва хусусияти хоси он;
  • Ҳамкориҳои СҲШ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти амну суботи минтақавӣ  ва ҷаҳонӣ;
  • Нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмини амният дар Осиёи Марказӣ;
  • Оид ба ҳамкории илмии ҶТ ва ҶХХ дар доираи СҲШ.
Тамоми маърӯзачиён нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди Созмони Ҳамкории Шанхай баланд баҳогузорӣ карданд. Қайд  гардид, ки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ  ба 20-умин солгарди Созмон рост омад.
Дар тӯли 20 соли фаъолияти худ Созмони Ҳамкории Шанхай тавонист, ки ба самти равандҳои муҳимтарини умумиҷаҳонӣ ҳаракат карда, ба ҳамгироии давлатҳо - аъзои Созмон дар фазои ҷаҳонии сиёсӣ ва иқтисодӣ мусоидат намуд.
Иштирокчиёни конференсия бар он ақидаанд, ки СҲШ дар шароити муосир тақозо ва аҳамияти худро ҳамчун майдони муассир ва ҳамаҷониба барои муҳокимаи проблемаҳои мубрам ва ҳамоҳангсозии манфиатҳои кишварҳо – аъзои Созмон пурра нигоҳ медорад.
Маърӯзачиён дар баромадҳои хеш махсусан қайд карданд, ки Тоҷикистон аз рӯзи аввали таъсисёбии  СҲШ тамоми саъю кушиши худро барои тақвият додани ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, равона кардааст.
Дар рафти чорабинӣ  аз  ҷониби  баромадкунандагон  як  қатор пешниҳодҳои  дахлдор  доир  ба  самти  фаъолияти  СҲШ  дода  шуд, ки  муҳимтаринашон  инҳоанд:
-дар назди  яке  аз сохторҳои  илмӣ – тадқиқотии Ҷумҳурии  Тоҷикистон маркази  омӯзиши  СҲШ таъсис  дода  шавад;
-ба  мақсади  муқовимат  нишон  додан ба ҷиноятҳои  киберӣ зарур  аст, ки  дар кишвар  Донишкадаи  махсус  оид  ба амнияти  иттилоотӣ  таъсис  дода  шавад  ва  ғайра.  
Ширкаткунандагони конференсия ҳамчунин пешниҳод намуданд, ки маводи ҳамоиш дар шакли маҷмуаи алоҳида ба табъ расонда шавад.
 
                       
                                                                                                                                                                   
                                                                                                                                                                                               ИОМДОА АМИТ
Последнее изменение Сешанбе, 29 Июн 2021
 
http://www.zoofirma.ru/