wrapper

Рӯзи 6 сентябри соли 2021 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмии «Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлолият, дастовард ва дурнамо» баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши илмӣ олимону коршиносони варзида аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамолики Русия, Олмон, Бритониёи Кабир, Канада, Миср, ӯзбекистон, Афғонистон, Ҳоланд, Эрон, Покистон ва дигар кишварҳо ба таври ҳузурию маҷозӣ ширкат намуданд. Симпозиум дар доираи ҷаласаи пленарӣ бо ширкати шахсони расмии даъватшуда ва меҳмонони хориҷӣ ва 11 бахши алоҳида сурат гирифт. Дар ҷаласаи пленарӣ ва ёздаҳ бахши Симпозиум 111 маърӯзаи илмӣ ироа гардид, онҳо асосан ба таърихи ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва дурнамои рушди ҷумҳурӣ бахшида шудаанд. Маводи Симпозиуми байналмилалӣ дар ду китоб чоп ва дастраси хонандагон гардид. 
Дар бахшҳои Симпозиуми байналмилалии илмии «Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлолият, дастовард ва дурнамо» масъалаҳои Истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таъриху тамаддуни халқи тоҷик,  ташаккул ва такмили заминаҳои ҳуқуқии таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории миллӣ, таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ва таъмини ваҳдати миллӣ, нигоҳи таърихӣ ва фалсафӣ ба ташаккули лидери умумимиллӣ, самаранокии татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дар шароити соҳибистиқлолӣ, иқтисодиёти Тоҷикистон ва дастоварду рушди устувори он дар давоми сӣ сол, маориф ва рушди он ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат, самтҳои афзалиятноки рушди илм ва технология дар замони Истиқлолият, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун воситаҳои асосии таҳкими иқтисоди миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва ҳифзу арҷгузорӣ ба ёдгориҳои таърихиву бостонӣ дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсати бисёрқутбаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои созандаи он дар арсаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалӣ таъкид ба он намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми сӣ соли Истиқлолият новобаста аз мушкилоти дохилию беруна, даргириҳои сиёсию ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, баҳамбархӯрии ҳадафҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат ва ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ дар минтақа, тавонист бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вартаи парокандагию порашавӣ раҳо ёфта, ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ноил гардад ва харобаҳои ҷанги шаҳрвандиро баратараф намуда, рӯ ба рушди устувор ниҳад. Аз ҷумла,  дар Симпозиуми байналмилалӣ қайд гардид, ки:
-Истиқлолият ба пажӯҳиши таърихи пурҳаводиси тоҷикон, рӯ овардан ба ғояҳо ва арзишҳои миллӣ, оину суннатҳои аҷдодӣ роҳи фароху муҳити созгорро муҳайё намуд. Таҳлили дастовардҳои илми таърихшиносии тоҷик дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ, чоп шудани таҳқиқот ва рисолаҳои бунёдӣ, ба дасти хонанда расидани осори фаровони хаттии гузашта, таҳқиқ ва чопи манобеи гуногун, таҷлили саннаҳои муҳимми таърихӣ, омӯзиши вусъатноки ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба корномаю хидматҳои чеҳраҳои мондагори таърихи миллатаз рушди илми таърихшиносии ватанӣшаҳодат медиҳанд; 
- дар поягузорӣ ва устувор гардидани Истиқлолият ва давлатдории миллӣ, инчунин ба даст овардани Ваҳдати миллӣ нақши қонунгузории кишвар басо муассир аст. Махсусан, қабули Конститутсияи нав, такмили заминаҳои ҳуқуқии Истиқлолияти давлатӣ, ташаккул ва таҳкими асосҳои ҳуқуқии бунёди давлати дунявӣ, эъмор ва рушди низоми комилан нави ҳуқуқӣ  имконият доданд, ки ҶумҳурииТоҷикистонҳамчундавлатисоҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягонаваиҷтимоӣба камол расад. 
- таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон бо  сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини суботи ҷомеаю ваҳдати миллӣ, ки имрӯз ҳамчун таҷрибаи беназиру беҳамто дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст, асоситарин дастоварди замони соҳибистиқлолӣ аст, ки имрӯз ба яке аз арзишҳои муҳимми иҷтимоии ҷомеатабдил ёфтааст. Ваҳдати миллии тоҷикон ва ягонагии ҷомеаи кишвар ба осонӣ ба даст наомадааст. Иҷрои ин вазифа, ки дар он рӯзгор на танҳо мубраму рӯзмарра, балки тақдирсоз буд, заҳмати зиёдро аз Роҳбари давлат ва тамоми сокинони кишвар тақозо менамуд;
- таҳқиқи равандҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии замони соҳибистиқлолӣ нишон медиҳанд, ки воқеан ҳам ба арсаи сиёсати бузург ворид гаштани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат яке аз омилҳои асосии муттаҳидкунанда ва созандаи давлатдории нави миллӣ мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми идоракунии ҷомеаро дар шароити вазнини таърихӣ ба дӯш гирифта, тавонистандмаҷрои онро комилан тағйир дода, муваффақ ба эъмори давлати ҳуқуқниҳоди муосир  ва ҷомеаи мутаффиқу ягона гарданд. Эътирофи ҷомеа аз қудрати сарварию роҳбарии Президенти мамлакат ҳамчун шахсияти фавқулода, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар зинаи иҷтимоӣ боз ба як дараҷаи олӣ - аз сатҳи Президенти ҷумҳурӣ ва сарвари як давлати соҳибистиқлол то ба дараҷаи Пешвои миллат боло барад. Ташаккули ниҳоди Пешвои миллат ҳамчун ниҳоди иҷтимоию сиёсӣ дар шароити тағйирпазирии босуръати ҷаҳони атроф ҳувияту ягонагии ҷомеаро ҳифз намуд, рӯҳияи эътимодро дар ҷомеа ба вуҷуд овард ва таҳким бахшид. Адолату ҳақиқатпарастӣ, инсондӯстӣ ва мардумӣ будани Пешвои миллат фосилаи иҷтимоиро байни ӯ ва ҷомеа аз байн бардошт;
- ба даст овардани истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даврони хеле тезутунди равандҳои ҷаҳонишавӣ рост омад ва ин зарурияти ҳарчи бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намуданро ба дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти иҷтимоии ҷумҳурӣ ба миён гузошт. Дар раванди ҷаҳонишавии муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвару мамлакатҳо ва халқияту миллатҳои гуногун, ки баъзан арзишҳо ва унсурҳои миллии мардумони алоҳидаро ба нестӣ мекашад, ҷомеаи тоҷик аз бисёр ҷиҳат зарфиятсозии низоми иҷтимоии кишварро тавре роҳандозӣ намуд, ки аз нигоҳи расидагии саривақтӣ ба талаботҳои одамон, мувофиқ буд;
- дар замони соҳибистиқлолӣ иқтисодиёти ҷумҳурӣ роҳи босуръатеро тай намуда, аз таназзулу барқаросозии харобаҳои ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба сӯи рушди устувор овард. Пеш аз ҳама, дастовардҳо ва натиҷаҳои муҳимтарини иқтисодӣ дар заминаи ҳалли ҳадафҳои асосии стратегии иқтисодии кишвар- баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ ба даст омаданд. Пешниҳод ва амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ба рушди иқтисодиёт такони нав ва ҷиддӣ бахшид;
- маориф дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок ва меҳварӣ пас аз таҳаввулоти ҷиддӣ ва модерникунонӣ ба марҳалаи нави рушди худ баромадааст. Пеш аз ҳама,  дар натиҷаи сол ба сол афзудани маблағгузории соҳа, сохтмони муассисаҳои нав ва ҳозиразамони таълимӣ сифати таълиму тадрис ва тарбия рӯ ба беҳбудӣ овард. Теъдоди мактабҳои миёна ва олии касбӣ дар ҷумҳурӣ ба маротиб афзуд, шумораи хонандагон ва донишҷӯён чи дар дохили кишвар ва чи берун зи марзи он босуръат рӯ ба афзоиш дорад. Истифодаи технологияи нави муосир ва ва усулу методологияи нави ҳозиразамон дар низоми маорифи ҷумҳурӣ ба пайвастшавии самт ба низоми ҷаҳонии таълиму тадрис овард;
- илм дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамчун яке аз аркони асосии рушди ҷомеа мақоми хоса ва калидиро соҳиб гардид. Дастовардҳои муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, махсусан пажуҳишҳои бунёдии муассисаву марказҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самтҳои гуногун аз мақоми меҳварӣ доштани илм дар замони соҳибистиқлолӣ шаҳодат медиҳанд. Натиҷаҳои назаррасӣ ба даст овардаи олимони АМИТ барои ҳалли масъалаҳои бунёдӣ ва амалии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба як давлати муосир ва рушдёфта табдил ёфтани Тоҷикистон ҳаматарафа мусоидат менамоянд;
- рушди сайёҳӣ ва эҳёю ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои  мавҷудаи  туристӣ ва сайёҳии ҷумҳурӣ яке аз роҳҳои асосии таҳкими иқтисодиёти кишвар мебошад. Истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, ба вижа табиати зебову манзараҳои табии ҷалбкунанда, теъдоди зиёди ёдгориҳои таърихиву бостонӣ имконият медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои ҷолиби сайёҳии дунё мубаддал гардад;
- Истиқлолият ба эҳёи фарҳанги пурғановати миллӣ, арҷгузорӣ ба осории таърихиву бостонии Тоҷикистон имконият ва шароити наву муфидро муҳайё намуд. Дар шароити ҷаҳонишавии босуръат, таҳдиди унсурҳои гуногуни фарҳанги бегона, азнав эҳё намудани оину суннатҳои фарҳангии аҷдодӣ, муаррифии онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи осори таърихивую бостонӣ василаи асосии таҳким ва рушди худшиносии миллӣ, ваҳдату ягонагии ҷомеаи кишвар мебошад;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ сиёсати хориҷии бисёрқутбаро пеш гирифта, бо ташаббусҳои созанда ва сиёсати созандаю муваффақ дар арсаи байналмилалӣ мақом ва мавқеи хосаи худро пайдо намуд. Ба вижа, ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба бехатарии минтақа, ҳалли сулҳомези қазияи Афғонистон, оид ба масъалаҳои об, иқлим ва экология дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдории ҳаматарафа пайдо намуданд.
 Симпозиуми байналмилалии илмӣ муваффақиятҳо ва дастовардҳои беназири Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сӣ соли Истиқлолият таъкид намуда, пешниҳод менамояд:
- таҷрибаи ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати дунявӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқбунёд ҳамчун таҷрибаи нодири таърихӣ мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор дода шавад;
- мактаби давлатдории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун таҷрибаи комилан нави сарварӣ ва президенти мардумӣ барои намуна ба ҷаҳониён муаррифӣ  карда шавад;
- ҳар панҷ сол дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар як симпозиуми алоҳидаи байналмилалии илмӣ бо ҷалби коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ба хотири муаррифии таҷрибаи созандагию бунёдкорӣ мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шавад.
 
Тасмим аст, ки идомаи симпозиум фардо (7.09.2021) доир гардад.
 
 
 
 
 
 
 
Последнее изменение Сешанбе, 07 Сентябр 2021
 
http://www.zoofirma.ru/