wrapper

       Имрӯз (14.09.2021), бо ташаббуси Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори Раёсати АМИТ, семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Тамоюлҳои вазъи сиёсию геополитикӣ дар кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик» (Дар мисоли Афғонистон) баргузор гардид.
    Дар кори семинари илмӣ собиқ сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ, доктор Азиз Аҳмад Бориз иштирок ва суханронӣ намуд.
     Ҳамзамон, дар ин семинари илмӣ-амалӣ Ёрмаҳмад Ниёзӣ, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, Қосимшо Искандаров, саркотиби илмии АМИТ, Абдуллоҳи Раҳнамо, таҳлилгари масоили сиёсӣ, Субҳиддин Зиёев, номзади илмҳои филология, мудири Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ва дигар коршиносону кормандони илмии АМИТ иштирок ва суханронӣ намуданд.
       Дар ахири семинар, тариқи суолу ҷавоб байни иштирокчиёни баҳсу мунозираи густурда сурат гирифт.
Последнее изменение Чоршанбе, 15 Сентябр 2021
 
http://www.zoofirma.ru/